Пешгуфтор
Китоби Муқаддас мактуби Худост ба ҳамаи мо. Мо бояд онро омӯхта, дар бораи Муаллифаш бештар фаҳмем (Юҳанно 17:3; 2 Тимотиюс 3:16). Дар саҳифаҳои ин китоб Яҳува Худо нияташро ошкор намуда, дар бораи ояндаи одамизод ва замин хабар медиҳад (1 Мӯсо 3:15; Ошкорсозӣ 21:3, 4).
Ин китоб мислу монанд надорад. Суханони он метавонанд ба дили хонанда таъсир расонда ҳаёташро дигаргун созанд. Онро хонда, кас дар бораи муҳаббат ва дилсӯзиву меҳрубонии Яҳува андеша меронад. Он ба кас умед бахшида, ӯро ба сахтиҳои зиндагӣ тобовар месозад. Ҳамчунин он нишон медиҳад, ки то чӣ андоза ин ҷаҳони пур аз бадӣ аз он ҷаҳоне, ки Худо ният карда буд, фарқ мекунад (Забур 119:105; Ибриён 4:12; 1 Юҳанно 2:15–17).
Китоби Муқаддас ба забонҳои қадимаи ибрӣ, арамӣ ва юнонӣ навишта шуда буд. Ҳоло бошад, он қисман ё пурра ба қариб 3000 забон тарҷума шудааст. Он беш аз ҳама китобҳои дигар, ки арзи вуҷуд доштанду доранд, тарҷумаву паҳн шудааст. Ин моро ба ҳайрат намеорад, зеро дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд: «Ин хушхабари Подшоҳии Худо [ки хабари асосии Китоби Муқаддас аст] дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо онро шунида тавонанд. Пас аз ин анҷом фаро мерасад» (Матто 24:14).
Донистани паёми Каломи Худо хеле муҳим аст, аз ин рӯ мақсади ин тарҷума на фақат он буд, ки матн аниқ, балки фаҳмову осонхон низ бошад. Дар Замимаи ин китоб мақолаҳои «Қоидаву усули тарҷумаи Китоби Муқаддас», «Хусусиятҳои ин тарҷума» ва «Чӣ тавр Китоби Муқаддас то замони мо расид?» ҳастанд. Дар он ҷо гап дар бораи он меравад, ки барои беҳтар кардани матн чӣ гуна кӯшишҳо карда шуданд.
Орзуи дӯстдорону парастандагони Яҳува Худо ин аст, ки тарҷумаи аниқу фаҳмои Каломи ӯро бихонанд (1 Тимотиюс 2:4). Барои ҳамин мо мехоҳем, ки «Тарҷумаи Дунёи Нав»-и Китоби Муқаддас ба шумораи ҳар чӣ бештари забонҳо тарҷума шавад, ва шодем, ки ин тарҷума ба забони тоҷикӣ низ омодаву дастрас гашт. Мо умедвор ва дуогӯйи он ҳастем, ки шумо, хонандаи азиз, ки мехоҳед Худоро биҷӯеду биёбед, аз хониши ин китоб баҳра мебаред (Корнома 17:27).
Кумитаи «Тарҷумаи Дунёи Нав»