Доварон 19:1-30

  • Бинёминиёни Ҷибъо таҷовуз мекунанд (1–30)

19  Дар он рӯзҳо, вақте дар Исроил подшоҳе набуд,+ левизодае, ки дар ҷойи дурдасти кӯҳистони Эфроим+ мезист, аз Байт-Лаҳми+ Яҳудо барои худ зани суррияе* гирифт.  Аммо суррияи ин левизода ба вай хиёнат кард ва аз пеши ӯ ба хонаи падари худ, ба Байт-Лаҳми Яҳудо, рафт ва дар он ҷо чор моҳ монд.  Сипас шавҳараш хизматгор ва ду харро бо худ гирифта, аз паси вай рафт, то дилашро ёфта, ӯро баргардонад. Он зан шавҳарашро ба хонаи падараш овард ва падараш ӯро дида хеле хурсанд шуд.  Хусураш, яъне падари он зани ҷавон, ӯро ба гап даровард, ки се рӯз дар он ҷо монад. Онҳо хӯрданду нӯшиданд ва шабро дар он ҷо гузаронданд.  Дар рӯзи чорум, вақте онҳо саҳари барвақт хестанд, то ба роҳ бароянд, падари он зан ба домодаш гуфт: «Аввал як лаб нон хӯрда қувват гир ва баъд раҳакӣ шавед».  Онҳо ҳар ду нишаста, хӯрданду нӯшиданд. Пас аз ин падари он зан ба домодаш гуфт: «Илтимос, шаб дар ҳамин ҷо ист ва вақтатро хуш кун».  Вақте он мард бархест, то биравад, хусураш аз ӯ бисёр хоҳиш кард, ки биистад, ва ӯ боз як шаб дар он ҷо монд.  Дар рӯзи панҷум он мард саҳари барвақт бархест, ки ба роҳ барояд, аммо падари он зан гуфт: «Илтимос, ягон чиз хӯрда қувват гир». Онҳо ҳар ду хӯрок хӯрда шиштанд ки, гашти рӯз шуд.  Вақте он мард бо суррия ва хизматгораш бархест, ки ба роҳ барояд, хусураш, падари он зан, ба ӯ гуфт: «Қариб бегоҳ шудааст, илтимос, шаб ҳамин ҷо истед. Рӯз ба поён расида истодааст, шабро дар ин ҷо гузарон ва вақтатро хуш кун. Пагоҳ саҳар бархеста, ба роҳ мебароиву ба хонаат меравӣ». 10  Аммо он мард дигар истодан нахост ва бархоста, ду хари зинзада, суррия ва хизматгорашро гирифту ба роҳ баромад ва то Ябус, яъне Ерусалим,+ расид. 11  Вақте ба Ябус наздик омаданд, аллакай бегоҳ шуда буд. Аз ин рӯ хизматгор ба хӯҷаинаш гуфт: «Биё ба шаҳри ябусиён даромада, шабро дар он ҷо рӯз кунем». 12  Аммо хӯҷаинаш ба вай гуфт: «Ба шаҳри бегонае, ки дар он ғайриисроилиён зиндагӣ мекунанд, намедароем, балки гузашта, ба Ҷибъо+ меравем». 13  Баъд вай ба хизматгораш гуфт: «Биё ғайрат карда то Ҷибъо ё Ромо+ бирасем ва шабро дар он ҷо рӯз кунем». 14  Онҳо роҳро давом доданд ва ҳангоми нишастани офтоб ба Ҷибъо, ки дар Бинёмин аст, наздик омаданд. 15  Онҳо аз роҳ бозистоданд ва ба шаҳри Ҷибъо даромаданд, то шабро дар он ҷо гузаронанд. Онҳо ба шаҳр дохил шуда, дар майдони он нишастанд, аммо касе онҳоро ба хонаи худ таклиф накард, то шаб дар он ҷо истанд.+ 16  Ниҳоят он бегоҳ мӯйсафеде аз саҳро, аз кори худ, бармегашт. Ӯ аз кӯҳистони Эфроим+ буда, якчанд вақт боз дар Ҷибъо зиндагӣ мекард, сокинони шаҳр бошанд, бинёминӣ+ буданд. 17  Вақте пирамард чашмонашро бардошта, дар майдони шаҳр мусофирро дид, гуфт: «Ту аз куҷо омадӣ ва ба куҷо равонаӣ?» 18  Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Мо аз Байт-Лаҳми Яҳудо ба ҷойи дурдасти кӯҳистони Эфроим, ки ман аз он ҷо ҳастам, равонаем. Ман ба Байт-Лаҳми Яҳудо+ рафта будам ва акнун ба хонаи Яҳува раҳакӣ ҳастам*, аммо ҳоло касе нест, ки маро ба хонаи худ бибарад. 19  Мо барои харонамон коҳу беда+ ва барои худам, суррияам ва хизматгорам нону+ шароб дорем ва аз чизе камӣ надорем». 20  Аммо он пирамард гуфт: «Осоиштагӣ бо ту бод. Ман ба ту ғамхорӣ мекунам, фақат ки шабро дар майдон нагузарон». 21  Пирамард ӯро ба хонааш овард ва ба харонаш хӯрок дод. Баъд онҳо пойҳояшонро шустанд ва хӯрданду нӯшиданд. 22  Вақте онҳо дилхушӣ мекарданд, баъзе мардони нобакори шаҳр хонаро гирд карданд ва дарро сахт кӯфта, ба пирамарде, ки соҳиби хона буд, мегуфтанд: «Мардеро, ки ба хонаи ту омадааст, берун барор, то бо ӯ ҳамхоб шавем».+ 23  Он гоҳ соҳиби хона баромада, ба онҳо гуфт: «Не, бародаронам, илтимос, бадкорӣ накунед. Ин одам дар хонаи ман меҳмон аст. Ба чунин кори пасту бешармона даст назанед. 24  Ана духтари бокираи ман ва суррияи ин мард. Ман онҳоро берун меорам ва, агар аз роҳи худ гаштанӣ набошед, онҳоро таҷовуз кунед ва ҳар чӣ хоҳед, бо онҳо бикунед.+ Бо ин мард бошад, ин шармандагиро накунед». 25  Аммо он мардон ба гапи ӯ гӯш додан нахостанд ва он мард суррияи+ худро гирифта, ба назди онҳо берун кард. Онҳо ӯро шаби дароз, то саҳар, таҷовуз карда, азоб доданд. Сипас ҳангоми дамидани субҳ ӯро сар доданд. 26  Саҳарии барвақт он зан омада, дар дами дари хонае, ки хӯҷаинаш дар он буд, афтид ва то рӯз шудан дар он ҷо хобид. 27  Вақте хӯҷаинаш саҳар бархост ва дарҳои хонаро кушода, берун омад, то роҳашро давом диҳад, он занро, суррияи худро, дид, ки дар даҳани дари хона, дастонаш бар остонаи он, хобида буд. 28  Ӯ ба зан гуфт: «Бархез, меравем». Вале ҷавобе набуд. Он гоҳ ӯ он занро ба хар бор карда, ба хонаи худ равона шуд. 29  Ба хона расида, ӯ корди молкуширо гирифт ва ҷасади суррияи худро ба 12 қисм пора кард ва ҳар қисмро ба ҳар як мулки Исроил фиристод. 30  Ҳамаи онҳое, ки инро диданд, гуфтанд: «Аз он вақте, ки исроилиён аз замини Миср берун омаданд, то ба имрӯз чунин кор карда ва дида нашудааст. Дар ин бора фикр кунед, маслиҳат намоед+ ва бигӯед, ки чӣ кор кунем».

Поварақҳо

Суррия — ниг. ба луғат.
Ё, эҳтимол, «ва дар хонаи Яҳува хизмат мекунам».