Забур 55:1-23
Ба сардори ромишгарон. Бар созҳои торӣ. Маскил*. Таронаи Довуд.
55 Худоё, дуоямро бишнав+Ва аз зориям рӯ натоб.+
2 Ба ман гӯш андоз ва ҷавоб деҳ.+
Аз ғаму ташвиш ноорому ғамзада шудаам,+
3 Аз сухани душманВа фишори бадкор ба ин ҳол афтодаам,Зеро онҳо бар сарам бало меорандВа аз хашму ғазаб бо ман душманӣ мекунанд.+
4 Диламро ғам зер кардааст+Ва ваҳми марг маро фаро гирифтааст.+
5 Тарсу ҳарос дар вуҷудам ҷо шудаастВа ларза маро пахш кардааст.
6 Пайваста мегӯям: «Кош мисли кабӯтар бол медоштамВа парида ба ҷойи ором мерафтам!
7 Ба ҷойи дур парвоз мекардам+
Ва дар биёбон сокин мешудам,+ (Село)
8 Шитоб мекардам,То аз боди шадид, аз тӯфон, паноҳ ёбам».
9 Эй Яҳува, онҳоро парешон кун ва ниятҳояшонро вайрон соз,+Зеро дар ин шаҳр ситаму ҷидолҳоро дидаам.
10 Рӯзу шаб онҳо гирди шаҳр бар деворҳои он мегарданд.
Даруни шаҳр пур аз найрангу бадбахтиҳост.+
11 Харобӣ дар миёни он аст,Зулму фиреб аз майдонаш дур намешавад.+
12 Маро на душман бадгӯйӣ мекунад,+Вагарна тоқат мекардам,На бадхоҳ ба ман зид баромадааст,Вагарна аз ӯ пинҳон мешудам.
13 Вале, ин туӣ, эй марди ҳамсону ҳамранги ман,+Ошноям, ки туро хуб мешиносам.+
14 Мо дӯстони ҳамроз будемВа ба хонаи Худо бо ҷамоати бузург якҷоя мерафтем.
15 Бигзор онҳо нобуд шаванд!+
Бигзор зинда ба зинда ба гӯр раванд,Зеро дар миёни онҳо ва андаруни онҳо бадӣ сокин аст.
16 Аммо ман сӯйи Худо фарёд хоҳам кардВа Яҳува маро наҷот хоҳад дод.+
17 Бегоҳу саҳару нисфирӯзӣ ғамгинаму нолиш мекунам+Ва ӯ овози маро мешунавад.+
18 Ӯ маро раҳо мекунад ва аз онҳое, ки бо ман меҷанганд, амонӣ мебахшад,Зеро бисёр касон бар зидди мананд.+
19 Худо шунида, ба онҳо ҷавоб медиҳад,+Худое, ки аз замони куҳан бар тахт нишастааст,+ (Село)Зеро онҳо дигар шудан намехоҳанд,Онҳо, ки аз Худо наметарсанд.+
20 Ӯ* ба рафиқони худ ҳамла намуд,+Ӯ аҳдшиканӣ кард.+
21 Суханонаш аз маска нармтар,+Вале дилаш пур аз кина аст.
Суханонаш аз равған мулоимтар,Вале мисли шамшери бараҳнаянд.+
22 Бори дилатро ба Яҳува парто+Ва ӯ туро дастгирӣ мекунад.+
Ӯ ҳаргиз намегузорад, ки росткор биафтад.+
23 Вале онҳоро, эй Худо, ту ба чоҳи бетаге хоҳӣ партофт.+
Он хунрезону фиребгарон нисфи умрашонро ҳам нахоҳанд дид.+
Ман бошам, ба ту такя хоҳам намуд.