Закарё 3:1-10
3 Ӯ ба ман Юшаи+ саркоҳинро нишон дод, ки дар пеши фариштаи Яҳува меистод, ва Шайтон+ аз тарафи рости ӯ буд, то ба вай муқобилат кунад.
2 Сипас фариштаи Яҳува ба Шайтон гуфт: «Яҳува туро сарзаниш кунад, эй Шайтон!+ Бигзор Яҳува, ки Ерусалимро интихоб намудааст,+ туро сарзаниш кунад! Магар ин мард чӯби нимсӯхтае нест, ки аз оташ гирифта шудааст?»
3 Юшаъ бо либоси чиркин дар пеши фаришта меистод.
4 Он фаришта ба онҳое, ки дар пешаш буданд, гуфт: «Либоси чиркини ӯро аз танаш кашед». Сипас ба вай гуфт: «Ман гуноҳро аз ту дур кардам ва акнун ту либоси беҳтарин мепӯшӣ».+
5 Ман гуфтам: «Бар сари ӯ саллаи тозае гузоред».+ Онҳо бар сараш саллаи тозае гузоштанд ва ӯро либос пӯшонданд, фариштаи Яҳува бошад, дар он ҷо меистод.
6 Пас аз ин фариштаи Яҳува ба Юшаъ гуфт:
7 «Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Агар ту бо роҳҳои ман равона шавӣ ва вазифаатро ба ҳузури ман ба ҷо орӣ, довари хонаи ман мешавӣ+ ва саҳнҳои маро нигаҳбонӣ мекунӣ. Он гоҳ ман туро ба миёни онҳое, ки ин ҷо истодаанд, роҳ медиҳам.
8 Илтимос, бишнав, эй Юшаи саркоҳин ва ҳамроҳонат, ки дар пешат нишастаанд! Шумо аломате ҳастед. Инак, ман Навда+ ном бандаамро+ ба миён меорам.
9 Бар санге, ки пеши Юшаъ гузоштаам, нигаред! Ҳафт чашм бар як санг аст ва ман бар он навиштаҷоте метарошам,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.— Ман дар як рӯз гуноҳи ин сарзаминро дур месозам.+
10 Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,— ҳар яки шумо ҳамсояи худро ба зери токи худ ва дарахти анҷири худ даъват мекунед”».+