Ишаъё 1:1-31
1 Руъёе, ки Ишаъёи*+ писари Омӯс дар рӯзҳои Узиё,+ Ютом,+ Оҳоз+ ва Ҳизқиё+ — шоҳони Яҳудо, дар бораи Яҳудову Ерусалим дидааст:+
2 Бишнав, эй осмон, ва гӯш деҳ, эй замин,+Зеро Яҳува чунин гуфтааст:
«Писароне, ки парваридам ва калон кардам,+Бар зидди ман исён бардоштанд.+
3 Буққа хӯҷаинашроВа хар охури соҳибашро медонад,Аммо Исроил маро* намешиносад,+Халқи ман аз рӯйи фаҳм амал намекунад».
4 Вой бар ҳоли халқи хатокор,+Вой бар ҳоли ин мардуме, ки зери бори гуноҳ мондааст,Ин насли бадкорон, ин фарзандони каҷрафтор!
Онҳо Яҳуваро тарк карданд,+Ба Худои Поки Исроил беҳурматӣ намудандВа ба вай пушт гардонданд.
5 Агар исёнкориро давом диҳед, боз ба куҷоятон бизанам?+
Ҳама ҷойи сар дардмандВа ҳама ҷойи дил бемор аст.+
6 Аз кафи по то фарқи сар ҷойи сиҳате нест:
Ҳама ҷо пур аз ҷароҳат, пайи лат ва захми хуншорест, киОнҳоро на пок кардаанд, на бастаанд ва на равған молидаанд.+
7 Замини шумо харобазор гаштааст.
Шаҳрҳоятонро бо оташ сӯзондаанд.
Бегонагон замини шуморо дар пеши назаратон фурӯ мебаранд.+
Он мисли вайронаест, ки пас аз торумори бегонагон мондааст.+
8 Духтари Сион мисли чайлае дар токзор,Мисли хаскаппае дар бодирингзор партофта шудааст,Мисли шаҳре дар муҳосира аст.+
9 Агар Яҳува, Худои лашкарҳо, барои мо якчанд касро зинда намемонд,Мисли Садӯм мегаштемВа ба Амӯро монанд мешудем.+
10 Сухани Яҳуваро бишнавед, эй ҳокимони ситамгари Садӯм!+
Ба шариати* Худои мо диққат диҳед, эй мардуми Амӯро!+
11 «Аз қурбониҳои зиёди шумо ба ман чӣ фоида аст?+ — мегӯяд Яҳува.—
Аз қурбониҳои сӯхтании қӯчқорҳо+ ва чарбуи чорвои парворӣ сер шудаам,+Хуни+ буққаҳои ҷавон*,+ барраҳо ва бузҳо+ ба ман хуш намеояд.
12 Кӣ аз шумо талаб кардааст, ки наздам ҳозир шавед+Ва саҳнҳои маро поймол кунед?+
13 Дигар ҳадияҳои беҳудаи ғалла наоред.
Бухури шумо бароям нафратовар аст.+
Шумо навмоҳҳову+ шанбеҳоро+ риоя менамоед ва анҷуманҳо баргузор мекунед.+
Шумо ҳам ҷамъомадҳои махсус мегузаронеду ҳам ҷодугарӣ+ мекунед, вале ман тоқати инро надорам.
14 Ман навмоҳҳо ва идҳои шуморо чашми дидан надорам.
Онҳо бароям бори гарон шудаанд,Аз бардоштани онҳо хаста гаштаам.
15 Вақте дастонатонро дароз мекунед,Чашмонамро мепӯшам, ки набинам.+
Ҳарчанд бисёр дуо мегӯед,+Гӯш намедиҳам.+
Дастони шумо пур аз хун аст.+
16 Шустушӯ кунед, худро пок гардонед,+Бадкориҳоятонро аз назарам дур созед,Аз бадкирдорӣ даст кашед.+
17 Некӣ карданро ёд гиред, аз пайи адлу инсоф бошед,+Ситамгарро ислоҳ кунед,Ба доди ятиму бевазан бирасед.+
18 Биёед масъаларо ҳал кунем,— мегӯяд Яҳува.+—
Ҳарчанд гуноҳҳоятон мисли арғувонанд,Чун барф сафед мешаванд,+Ҳарчанд мисли либоси қирмизӣ сурханд,Чун пашм сафед мегарданд.
19 Агар бо омодагӣ гӯш диҳед,Аз нозу неъмати замин хоҳед хӯрд.+
20 Вале, агар гӯш надиҳеду муқобилат кунед,Шамшер шуморо фурӯ мебарад,+Чунки худи Яҳува инро гуфтааст».
21 Шаҳри+ вафодор фоҳиша гаштааст!+
Вай пур аз адлу инсоф буд,+Дар вай росткорӣ сокин буд,+Вале акнун — одамкушон.+
22 Нуқраи ту ба ғаш* табдил ёфтааст,+Оби ҷават* бо об омехта шудааст.
23 Мирони ту якрав ва шарики дуздонанд.+
Ҳар яки онҳо пораро дӯст медорад ва туҳфа мехоҳад.+
Онҳо ба ятим адлу инсоф намекунандВа ба даъвои бевазан гӯш намедиҳанд.+
24 Аз ин рӯ Худованд Яҳува, Худои лашкарҳо,Худои Тавонои Исроил, чунин мегӯяд:
«Инак, ман аз бадхоҳонам халос мешавамВа аз душманонам интиқом мегирам.+
25 Ман дастамро бар зидди ту мегардонам,Ғаши туро бо ишқор тоза мекунамВа тамоми нопокиятро дур месозам.+
26 Ман мисли пештара ба ту доваронроВа чун дар рӯзҳои аввал маслиҳатгаронро медиҳам.+
Он гоҳ ту “Шаҳри росткорӣ”, “Шаҳри вафодор” ном мегирӣ.+
27 Сион бо адолатВа халқи ӯ, ки бармегардад, бо росткорӣ раҳо* мешавад.+
28 Исёнгарон ва гунаҳкорон дар як вақт шикаст мехӯранд+Ва касоне, ки Яҳуваро тарк мекунанд, нест мешаванд.+
29 Онҳо аз дарахтони бузурге, ки шумо орзу кардед, шарм хоҳанд дошт+Ва шумо аз сабаби боғҳои интихобкардаатон* беобрӯ мегардед.+
30 Шумо ба дарахти калоне, ки баргҳояш хазон шудааст,Ва ба боғи беобе монанд мегардед.+
31 Марди пурзӯр мисли нахи зағирпоя мешавадВа амалаш мисли шарора,Ҳар ду аланга мегирандВа касе оташи онҳоро хомӯш намекунад».
Поварақҳо
^ Маънояш «наҷоти Яҳува».
^ Ё «хӯҷаинашро».
^ Ё «дастури».
^ Ё «ҷувонаҳо; навбасҳо; тӯрпиҳо».
^ Ғаш — олудагӣ дар филизҳои гаронбаҳо.
^ Ё «оби гандумат».
^ Ё «бозхарида».
^ Аз афташ, ин дарахтон ва боғҳо бо бутпарастӣ алоқаманд буданд.