Ишаъё 13:1-22
13 Паём бар зидди Бобил,+ ки Ишаъёи+ писари Омӯс дар руъё дид:
2 «Дар кӯҳи бедарахте парчам занед.+
Сӯйи онҳо фарёд занед, бо даст ишора кунед,То омада, аз дарвозаҳои соҳибмансабон дохил шаванд.
3 Ман ба касони таъйинкардаам*+ фармон додам.
Ҷанговарони худро, ки бо фахр хурсандӣ мекунанд,Ҷамъ овардам, то хашмамро фурӯ резам.
4 Гӯш диҳед: овози одамон дар кӯҳистонМисли ғавғои мардуми сершумор аст!
Гӯш диҳед: ғалоғулаи мамлакатҳо,Ҳаёҳуи халқҳое, ки ҷамъ омадаанд, ба гӯш мерасад!+
Яҳува, Худои лашкарҳо, барои ҷанг лашкар ҷамъ меорад.+
5 Яҳува ва аслиҳаи ғазаби ӯАз замини дурдаст,+Аз канори осмон, омада истодааст,То тамоми заминро хароб кунад.+
6 Нола кунед, зеро рӯзи Яҳува наздик аст!
Он рӯзест, ки Худои Тавоно* нобудӣ меорад.+
7 Аз ин рӯ ҳамаи дастҳо суст мешавандВа дили ҳар инсон аз тарс бемаҷол мегардад.+
8 Одамон ба воҳима меафтанд,+Мисли зане, ки мезояд,Гирифтори дард шуда ҷон мекананд.
Ранги рӯяшон аз азоб сурх мешавадВа бо ваҳм ба якдигар менигаранд.
9 Ана, рӯзи Яҳува омада истодааст,Рӯзи бераҳм ва пур аз хашму ғазаб,То заминро ба харобазори даҳшатангез табдил диҳад+Ва гунаҳкорони онро нобуд созад.
10 Ситорагони осмон ва галаситорагон*+ рӯшноӣ нахоҳанд дод.
Офтоб ҳангоми баромадан тира хоҳад будВа моҳтоб нахоҳад дурахшид.
11 Ман заминро барои бадияшВа бадкоронро барои гуноҳҳояшон ҷазо медиҳам.+
Ба ғурури худсарон хотима мебахшамВа ҳавобаландии ситамгаронро паст мекунам.+
12 Ман инсони мирандаро аз тиллои тозаВа одамро аз зари Ӯфир+ камёбтар мекунам.+
13 Аз ин рӯ ман осмонро ба ларза меорамВа дар рӯзи ғазаб аз хашми Яҳува, Худои лашкарҳо,Замин аз ҷояш меҷунбад.+
14 Мисли ғизоле, ки аз паяш ҳастанд, ва рамае, ки чӯпон надорад,Ҳар яке назди халқи худ хоҳад баргаштВа сӯйи замини худ хоҳад гурехт.+
15 Ҳар касе ёфт шавад, бо найза кушта мешавадВа ҳар касе қапида шавад, аз дами шамшер мемирад.+
16 Кӯдакони онҳоро дар пеши назарашон зада майда-майда месозанд,+Хонаҳояшонро ғорат мекунандВа занонашонро таҷовуз менамоянд.
17 Ман бар зидди онҳо Модайро бармехезонам,+Ки назараш нуқраро намегирадВа ба тилло ҳавас надорад.
18 Камони онҳо ҷавононро пора мекунад.+
Онҳо ба тифл раҳм намекунандВа ба кӯдакон дилашон намесӯзад.
19 Он гоҳ Бобил, ки шукӯҳи* мамлакатҳо+Ва зебоиву фахри калдониён аст,+Ба Садӯму Амӯро, ки Худо онҳоро нобуд сохт, монанд мешавад.+
20 Дар вай ҳаргиз касе сокин намегардад,Наслҳо мегузаранд, аммо вай одамнишин намешавад.+
Ягон араб дар он ҷо хайма намезанадВа чӯпонон рамаҳояшонро дар он ҷо дам намедиҳанд.
21 Он ҷо даррандагони биёбон ҷо мегиранд,Хонаҳои онҳо пур аз бумҳо мешавад.
Дар он шутурмурғон сокин мешаванд+Ва бузҳои ёбоӣ* ҷастухез мекунанд.
22 Ҳайвонҳо дар бурҷҳояшВа шағолон дар қасрҳои дабдабанокаш уллос хоҳанд зад.
Вақти ӯ наздик аст ва рӯзҳои ӯ дер намепояд».+
Поварақҳо
^ Дар матни асл «ба муқаддасони худ».
^ Ё «Абарқудрат».
^ Дар матни асл «Кесилҳои онҳо», ки, эҳтимол, ба бурҷи Ҷаббор (бурҷи Сайёд) ва бурҷҳои атрофи он ишора мекунад.
^ Ё «зебу зинати».
^ Ё, эҳтимол, «девҳои бузшакл».