Ишаъё 22:1-25

  • Паём дар бораи водии Рӯъё (1–14)

  • Элёқим ҷойи Шебноро мегирад (15–25)

22  Паём дар бораи водии Рӯъё*:+ Бо ту чӣ шуд ки, мардумат ба бомҳо баромадааст?   Ту шаҳри пурҷӯшу хурӯш ва хушҳол будӣ. Мурдагони ту аз дами шамшер намурдаанд Ва дар ҷанг нобуд нашудаанд.+   Ҳамаи ҳокимони золимат якҷоя гурехтаанд.+ Онҳо бе камон асир гардидаанд. Ҳар кӣ ёфт шуд, асир гашт,+Ҳарчанд ба ҷойи дур гурехта буд.   Аз ин рӯ гуфтам: «Ба ман нигоҳ накунедВа маро дилбардорӣ нанамоед. Монед, ки бар нобудии духтарам — халқам, зор-зор бигирям,+   Зеро бар водии РӯъёАз ҷониби Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо,Рӯзи парешонӣ, шикаст ва воҳима омадааст.+ Ҳисорро вайрон мекунанд+Ва фарёди онҳо дар кӯҳ садо медиҳад.   Элом+ тирдонро мегирадВа бо аробасаворону аспҳо* меояд,Қир+ рӯпӯши сипарашро мебардорад*.   Водиҳои беҳтарини туПур аз аробаҳои ҷангӣ мешавандВа аспҳо* дар назди дарвозаат саф мекашанд,   Пардаи ҳимояи Яҳудоро дур мекунанд. Дар он рӯз ту ба аслиҳаи хонаи Ҷангал+ рӯ меорӣ.  Шумо рахнаҳои зиёди Шаҳри Довудро мебинед+ ва дар ҳавзи+ поён об захира мекунед. 10  Хонаҳои Ерусалимро ба ҳисоб меоред ва хонаҳоро чаппа намуда, деворро мустаҳкам мекунед. 11  Барои оби ҳавзи куҳна байни ду девор обанборе месозед, аммо ба Худои бузурге, ки инро ба амал меорад, рӯ намеоред ва Худоро, ки инро аз қадим муайян намудааст, намебинед. 12  Дар он рӯз Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо,Шуморо даъват мекунад, ки гиря кунеду мотам гиред,+Сар тарошеду палос* пӯшед. 13  Вале шумо базму шодӣ мекунед,Гов мекушед ва гӯсфандро сар мебуред,Гӯшт мехӯреду шароб менӯшед+ ва мегӯед: “Биёед бихӯрему бинӯшем, ки пагоҳ мемурем”».+ 14  Яҳува, Худои лашкарҳо, ба ман гуфт: «“То даме ки намиред, ин гуноҳи шумо рӯпӯш намешавад”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо». 15  Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Ба назди ин сардор, ба назди Шебнои+ вазири дарбор, рафта, бигӯ: 16  “Кӣ ба ту ҳақ додааст ва дар ин ҷо кӣ дорӣ ки, барои худ дар ин макон қабр кандаӣ?” Вай барои худ дар баландӣ қабр меканад ва дар кӯҳ оромгоҳ месозад. 17  “Инак, эй инсон, Яҳува туро бошиддат ба замин мепартояд ва қапида, фишор медиҳад. 18  Ӯ туро сахт мепечонад ва мисли тӯбе ба саҳрои васеъ ҳаво медиҳад. Ту дар он ҷо мемурӣ ва аробаҳои бодабдабаат он ҷо монда сабаби шармандагии хонадони хӯҷаинат мешаванд. 19  Ман туро аз мартабаат меронам ва аз вазифаат мегирам. 20  Дар он рӯз ман бандаам Элёқими+ писари Ҳилқиёҳуро даъват мекунам 21  ва куртаи туро ба ӯ мепӯшонам, миёнбанди туро ба миёни ӯ маҳкам мебандам+ ва қудрати туро ба дасти ӯ месупорам. Ӯ барои сокинони Ерусалиму хонадони Яҳудо падар мешавад 22  ва ман калиди хонадони Довудро+ бар дӯши ӯ мегузорам. Чизеро, ки ӯ кушояд, касе маҳкам нахоҳад кард ва чизеро, ки ӯ маҳкам кунад, касе нахоҳад кушод. 23  Ман ӯро чун мех ба ҷойи мустаҳкаме мезанам ва ӯ барои хонадони падараш тахти ҷалол мешавад. 24  Тамоми ҷалоли хонадони падараш, тамоми авлодаш, ҳамаи зарфҳои хурд, косаҳо ва ҳамчунин тамоми кӯзаҳои калонро, бар ӯ меовезанд. 25  Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,— мехе, ки ба ҷойи мустаҳкам зада шуда буд, аз ҷояш гирифта мешавад,+ он бурида мешавад ва меафтад, ва боре, ки бар он овезон буд, афтода мешиканад, зеро худи Яҳува чунин гуфтааст”».

Поварақҳо

Эҳтимол, Ерусалим дар назар аст.
Ё «аспсаворон».
Ё «Қир сипарашро тайёр мекунад».
Ё «аспсаворон».
Палос — ниг. ба луғат.