Ишаъё 25:1-12

  • Баракатҳои халқи Худо (1–12)

    • Яҳува базм меорояд (6)

    • Марг нест мешавад (8)

25  Эй Яҳува, ту Худои ман ҳастӣ. Туро болобардор мекунам, номи туро ситоиш менамоям,Зеро аз рӯйи вафову+ ростқавлӣКорҳои аҷоиб кардаӣ,+Корҳоеро, ки аз қадим карданӣ будӣ.+   Ту шаҳрро ба сангтӯдае,Шаҳри ҳисордорро ба харобазоре табдил додаӣ. Қалъаи бегона дигар шаҳр нест,Он ҳаргиз аз нав бино намешавад.   Аз ин рӯ мардуми пурзӯр туро ҷалол хоҳад дод,Шаҳри халқҳои ситамгар аз ту тарсон хоҳад шуд.+   Ту қалъае барои бечора,Қалъае барои камбағал дар азобҳояш,+Паноҳгоҳе аз борони селВа сояе аз гармо шудаӣ.+ Нафаси золимон мисли борони селест, ки бар девор фурӯ мерезад,   Мисли гармоест дар замини хушк,Вале ту талотуми бегонагонро фурӯ менишонӣ. Чуноне ки гармо аз сояи абр паст мешавад,Ончунон суруди золимон хомӯш мешавад.   Яҳува, Худои лашкарҳо, бар ин кӯҳ+ барои ҳамаи халқҳоАз хӯрокиҳои серравған,+Аз шароби куҳна*,Аз хӯрданиҳои равғанини пур аз мағзи устухон,Аз шароби куҳнаи полуда базме меорояд.   Ӯ аз ин кӯҳ пардаеро, ки ҳамаи қавмҳоро печонидааст,Ва рӯпӯшеро, ки ҳамаи халқҳоро пӯшонидааст, дур месозад.   Ӯ маргро абадан нест мекунад*,+Парвардигор Яҳува ашки бари рӯйи ҳамаи одамонро тоза мекунад,+Шармандагии халқашро дар саросари замин пок месозад,Зеро худи Яҳува чунин гуфтааст.   Дар он рӯз онҳо мегӯянд: «Ана, Худои мо!+ Мо ба ӯ умед бастем+Ва ӯ моро наҷот медиҳад.+ Ин аст Яҳува! Мо ба ӯ умед бастаем. Биёед аз наҷоте, ки ӯ мебахшад, шодию хурсандӣ кунем»,+ 10  Зеро дасти Яҳува бар ин кӯҳ қарор мегирад+Ва Мӯоб дар ҷояш поймол мешавад,+Чуноне ки коҳро ба саргин андохта, поймол мекунанд. 11  Ӯ дастонашро дароз карда Мӯобро шапалоқ мезанад,Чуноне ки шиновар бо дастонаш обро зада шино мекунад,Ва ҳавобаландии+ онроБо чобукии дастонаш паст мекунад. 12  Ӯ шаҳри мустаҳкамро бо ҳисорҳои баландат валангор мекунад,Онро зарба зада, ба замин, ба хок, яксон месозад.

Поварақҳо

Ё «шароби дурдадор».
Ё «фурӯ мебарад».