Ишаъё 37:1-38
37 Ҳамин ки шоҳ Ҳизқиё инро шунид, либосашро чок зад ва палос* пӯшида, ба хонаи Яҳува даромад.+
2 Ӯ Элёқими нозири қаср, Шебнои котиб ва пирони коҳинонро, ки палос дар бар карда буданд, ба назди Ишаъёи+ пайғамбари писари Омӯс фиристод.
3 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Ҳизқиё чунин мегӯяд: “Имрӯз рӯзи мусибат, таҳқир ва шармандагист, зеро кӯдакон ба даҳани бачадон расидаанду мадори зоидан нест.+
4 Шояд ки, Худоят Яҳува суханони рабшоқе́ро, ки хоҷааш шоҳи Ошур барои паст задани Худои зинда фиристодааст,+ бишнавад ва ӯро барои суханоне, ки Худоят Яҳува шунидааст, ҷазо диҳад. Пас, дар ҳаққи бақияе, ки зинда мондааст,+ дуо гӯй”».+
5 Ходимони шоҳ Ҳизқиё ба назди Ишаъё омаданд+
6 ва Ишаъё ба онҳо гуфт: «Ба хоҷаатон бигӯед: “Яҳува чунин мегӯяд: “Аз суханони шунидаат, аз суханони куфромезе, ки ходимони шоҳи Ошур+ дар ҳаққам гуфтанд, натарс.+
7 Ман ба дили ӯ фикре меандозам ва ӯ хабареро шунида ба заминаш бармегардад.+ Ман тавре мекунам, ки ӯ дар замини худ аз дами шамшер ҳалок шавад”».+
8 Вақте рабшоқе́ шунид, ки подшоҳи Ошур аз Локиш ақиб гаштааст, ба назди ӯ баргашт ва дид, ки ӯ бо Либно меҷангад.+
9 Подшоҳи Ошур хабар ёфт, ки Тирҳоқои шоҳи Ҳабашистон бар зидди ӯ баромадааст. Вақте ӯ аз ин хабар ёфт, боз ба назди Ҳизқиё хабаррасононро фиристода,+ гуфт:
10 «Ба Ҳизқиёи шоҳи Яҳудо чунин бигӯед: “Бигзор Худое, ки ба ӯ таваккал мекунӣ, туро фиреб дода нагӯяд: “Ерусалим ба дасти подшоҳи Ошур супурда намешавад”.+
11 Ту шунидаӣ, ки подшоҳони Ошур бо ҳамаи заминҳо чӣ кор карданд ва чӣ тавр онҳоро ба нестӣ супурданд.+ Наход гумон кунӣ, ки ту халос мешавӣ?
12 Магар худоёни халқҳое, ки бобоёнам нобуд сохтанд, онҳоро халос карданд?+ Куҷост Ҷӯзон, Ҳоррон,+ Расаф ва мардуми Адан, ки дар Талассор буданд?
13 Куҷост шоҳи Ҳамоту шоҳи Арфод ва куҷоянд шоҳони шаҳрҳои Сефарвоим,+ Ҳенаъ ва Ивво?”»
14 Ҳизқиё мактубҳоро аз дасти хабаррасонон гирифта, хонд ва ба хонаи Яҳува рафта, онҳоро ба ҳузури Яҳува паҳн кард.+
15 Ҳизқиё ба Яҳува дуо хонда+ гуфт:
16 «Эй Яҳува, Худои лашкарҳо,+ эй Худои Исроил, Худое, ки бар* каррубиён бар тахт нишастаӣ, танҳо ту Худои тамоми подшоҳиҳои рӯйи замин ҳастӣ. Ту осмону заминро офаридаӣ.
17 Эй Яҳува, гӯшатро хам карда, бишнав!+ Эй Яҳува, чашмонатро кушода, бубин!+ Суханонеро, ки Санҳериб барои паст задани Худои зинда фиристодааст, бишнав.+
18 Эй Яҳува, рост аст ки, подшоҳони Ошур тамоми заминҳо, аз ҷумла замини худро, нобуд сохтанд+
19 ва худоёни онҳоро ба оташ партофтанд,+ зеро онҳо Худо неву амали дасти инсон,+ чӯбу санг, буданд ва барои ҳамин онҳоро нобуд карда тавонистанд.
20 Аммо ту, эй Худоямон Яҳува, моро аз дасти ӯ наҷот деҳ, то ҳамаи подшоҳиҳои рӯйи замин бидонанд, ки танҳо ту, эй Яҳува, Худо ҳастӣ».+
21 Он гоҳ Ишаъёи писари Омӯс ба Ҳизқиё хабар фиристода гуфт: «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Азбаски ту дар бораи Санҳериби шоҳи Ошур ба ман дуо гуфтӣ,+
22 Яҳува дар бораи ӯ чунин мегӯяд:
“Духтари бокираи Сион аз ту нафрат дорад, вай ба ҳоли ту механдад.
Духтари Ерусалим ба ҳоли ту сар меҷунбонад.
23 Ту киро паст задӣ+ ва дар ҳаққи кӣ куфр гуфтӣ?
Овози худро ба кӣ баланд кардӣ+Ва чашмони ҳавобаландатро ба кӣ бардоштӣ?
Ба Худои Поки Исроил!+
24 Ту ба воситаи ходимонат Яҳуваро паст зада гуфтӣ:+
“Бо аробаҳои сершумори худБа кӯҳҳои баланд ва гӯшаҳои дурдасттарини Лубнон мебароям.+
Ман сидраҳои қоматбаланд ва арчаҳои беҳтарини онро мебурам,Ба ниҳонгоҳҳои баландтарин ва ба ҷангалҳои касногузари он роҳ меёбам.
25 Ман чоҳҳо канда, об менӯшам.
Бо кафи поям рӯдҳои* Мисрро хушк мекунам”.
26 Оё нашнидаӣ, ки ман инро аз замонҳои қадим қарор додам?
Аз қадимулайём пешбинӣ намудам+Ва акнун инро ба амал меорам.+
Ту шаҳрҳои ҳисордорро ба харобазор табдил медиҳӣ.+
27 Сокинони онҳо нотавон хоҳанд буд,Ҳаросон ва шарманда хоҳанд шуд.
Онҳо мисли алафи саҳро ва сабза хоҳанд буд,Мисли алафи рӯйи бом, ки аз боди шарқӣ хушк мешавад.
28 Вале ман шинухези туву даробарои ту+Ва ба ман хашм карданатро нағз медонам,+
29 Зеро хашме, ки бар ман дорӣ,+ ва наъраи ту ба гӯшам расидааст.+
Аз ин рӯ ман ба бинии ту чангак ва ба даҳонат ҷилав мезанам+Ва туро бо роҳе, ки омадӣ, бармегардонам”.
30 Ин барои ту* аломат хоҳад буд: имсол шумо ғаллаи худрӯй мехӯред, соли дигар он чиро, ки аз он бирӯяд, аммо соли сеюм кишт мекунеду медаравед ва токҳо мешинонеду меваи онро мехӯред.+
31 Касоне, ки аз хонадони Яҳудо наҷот меёбанд, касоне, ки боқӣ мемонанд,+ реша медавонанд ва самар меоранд,
32 зеро бақия аз Ерусалим мебарояд ва наҷотёфтагон аз кӯҳи Сион.+ Ғайрати Яҳува, Худои лашкарҳо, инро ба ҷо хоҳад овард.+
33 Бинобар ин Яҳува дар бораи подшоҳи Ошур чунин мегӯяд:+
“Ӯ ба ин шаҳр намедарояд,+Ба он тир намеандозад,Бо сипар бар зидди он намебароядВа бар зидди он хокрез* намебардорад.+
34 Бо кадом роҳе, ки омадааст, бо ҳамон бармегардад.
Ӯ ба ин шаҳр намедарояд,— мегӯяд Яҳува.—
35 Ман ин шаҳрро муҳофизат мекунам+Ва ба хотири худ+ ва бандаам Довуд+ онро наҷот медиҳам”».
36 Пас аз ин фариштаи Яҳува баромада, дар урдугоҳи ошуриён 185 000 нафарро зарба зад. Мардум саҳари барвақт хеста, диданд, ки ҳамаи онҳо мурдаанд.+
37 Санҳериби шоҳи Ошур ақиб гашт ва ба Нинве+ баргашта, дар он ҷо монд.+
38 Вақте ӯ дар хонаи худояш Нисрӯк саҷда мебурд, писаронаш Адрамалик ва Шаросир ӯро бо шамшер куштанд+ ва ба Арарат+ гурехтанд. Ба ҷойи ӯ писараш Эсар-Ҳаддӯн+ подшоҳ шуд.