Ишаъё 49:1-26
49 Ба ман гӯш диҳед, эй ҷазираҳо,Ва диққат намоед, эй халқҳои дурдаст!+
Яҳува маро пеш аз зода шуданам даъват кардааст,+Замоне ки дар шиками модар будам, номи маро ба забон овардааст.
2 Ӯ даҳони маро мисли шамшери тез сохтааст,Маро дар сояи дасти худ паноҳ додааст.+
Маро тири суфтае кардааст,Дар тирдони худ пинҳон намудааст.
3 Ӯ ба ман гуфт: «Ту бандаи ман ҳастӣ, эй Исроил,+Ба воситаи ту худро ҷалол хоҳам дод».+
4 Вале ман гуфтам: «Беҳуда заҳмат кашидам,Қуввати худро бефоидаву барабас сарф кардам.
Аммо довари ман Яҳува аст*Ва музди ман аз ҷониби Худои ман аст».+
5 Акнун Яҳува, ки маро дар шиками модар бандаи худ сохтааст,Ба ман фармуд, ки Яъқубро сӯяш бозоварам,Ва Исроил назди ӯ ҷамъ шавад.+
Ман дар назари Яҳува ҷалол хоҳам ёфтВа Худои ман қуввати ман хоҳад буд.
6 Ӯ гуфт: «Ту на танҳо барои барқарор намудани қабилаҳои ЯъқубВа бозовардани бақияи Исроил бандаи ман ҳастӣ,Ман туро нури халқҳо низ кардаам,+То наҷоти ман то гӯшаю канори замин бирасад».+
7 Яҳува, Товондеҳи Исроил, Худои Поки ӯ,+ ба нафратзадаи мардум, ки назарашон ӯро намегирад,+ ба ходими ҳокимон, чунин мегӯяд:
«Ба хотири Яҳува, ки вафодор аст,+Худои Поки Исроил, ки туро интихоб кардааст,+Подшоҳон мебинанду бармехезандВа мирон таъзим мекунанд».
8 Яҳува чунин мегӯяд:
«Дар замони илтифот ба ту ҷавоб додам+Ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад кардам.+
Ман туро ҳимоя мекардам, то туро чун аҳд барои халқҳо бидиҳаму+Ту заминро барқарор намоӣ,Мардумро ба мулкҳои беодамашон баргардонӣ,+
9 Ба бандиён бигӯӣ: “Берун оед!”+ —Ва ба касоне, ки дар торикиянд:+ “Намоён шавед!”
Онҳо лаб-лаби роҳҳо алаф хоҳанд хӯрдВа қад-қади тамоми пайраҳаҳо* чаро хоҳанд кард.
10 Онҳо гушнаву ташна намемонанд,+Аз гармову тафси офтоб намесӯзанд,+Зеро Дилсӯзашон онҳоро роҳнамоӣ хоҳад кард+Ва назди чашмаҳои об хоҳад бурд.+
11 Ман ҳамаи кӯҳҳоямро ба роҳҳо табдил медиҳамВа шоҳроҳҳои ман баланд мешаванд.+
12 Онҳо аз дур меоянд+ —Баъзе аз шимолу ғарбВа баъзе аз замини Синим».+
13 Аз шодӣ фарёд зан, эй осмон, ва хурсандӣ бикун, эй замин!+
Бигзор кӯҳҳо аз шодӣ нидо кунанд,+Зеро Яҳува халқашро тасаллӣ додааст+Ва ба азобдидагонаш дилсӯзӣ кардааст.+
14 Вале Сион мегуфт:
«Яҳува маро партофтааст,+ Яҳува маро фаромӯш кардааст».+
15 Магар зан фарзанди ширмаки худро фаромӯш мекунад?
Магар ба писаре, ки дар шикамаш буд, дилаш намесӯзад?
Ҳатто ӯ фаромӯш кунад, ман туро фаромӯш намекунам.+
16 Ман туро бар кафи дастонам нақш намудаам.
Деворҳои ту доимо пеши назари мананд.
17 Писаронат шитобон бармегарданд.
Онҳое, ки туро пора карданду хароб сохтанд, аз ту дур мешаванд.
18 Чашмонатро бардошта, ба гирду атроф назар кун.
Ҳамаи онҳо ҷамъ меоянд.+
Онҳо назди ту омада истодаанд.
«Ба ҳаётам қасам ки,— мегӯяд Яҳува,—Ту худро бо ҳамаи онҳо оро медиҳӣВа онҳоро монанди арӯс чун зинате ба бар мекунӣ.
19 Маконат валангору беодам ва заминат харобазор буд,+Вале ҳоло он барои сокинонаш тангӣ хоҳад кард+Ва онҳое, ки туро фурӯ мебурданд,+ дур хоҳанд гашт.+
20 Писароне, ки баъд аз бефарзанд монданат таваллуд шуданд, ба ту хоҳанд гуфт:
“Ин ҷо барои мо танг аст.
Барои мо ҷойи зист бидеҳ”.+
21 Ту дар дили худ хоҳӣ гуфт:
“Кӣ инҳоро бароям ба дунё овард?
Охир, ман зани нозою бефарзандВа асиру бандӣ ҳастам.
Кӣ инҳоро калон кардааст?+
Ман танҳо монда будам,+Пас, инҳо аз куҷо пайдо шуданд?”»+
22 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
«Ман барои халқҳо дасти худро боло мекунамВа барои мардумон парчамамро мегузорам.+
Онҳо писарони туро бар дастонашон* меорандВа духтаронатро бар китфашон мебардоранд.+
23 Подшоҳон парасторони ту+Ва шоҳдухтарон дояҳои ту хоҳанд шуд.
Онҳо рӯ ба замин афтода, ба ту таъзим мекунанд+Ва хоки пойи туро мелесанд.+
Он гоҳ ту хоҳӣ донист, ки ман Яҳува ҳастам,Умедворони ман шармсор нахоҳанд шуд».+
24 Оё касонеро, ки ба дасти марди пурзӯр афтодаанд, кашида гирифта мешавад?
Оё асирон аз дасти ситамгар халос шуда метавонанд?
25 Аммо Яҳува чунин мегӯяд:
«Ҳатто асирони марди пурзӯр кашида гирифта мешаванд+Ва касоне, ки ба дасти ситамгар афтодаанд, халосӣ меёбанд.+
Ман ба душманони ту душманӣ хоҳам кард+Ва писарони туро наҷот хоҳам дод.
26 Ман чунон кунам, ки азобдиҳандагони ту гӯшти бадани худро хӯрандВа аз хуни худ чун аз шароби ширин маст шаванд.
Он гоҳ ҳамаи одамон хоҳанд донист, ки ман Яҳува,+Наҷотбахши+ туву Товондеҳи ту,+Худои Тавонои Яъқуб ҳастам».+
Поварақҳо
^ Ё «Аммо Яҳува маро одилона доварӣ мекунад».
^ Ё, эҳтимол, «бар теппаҳои холӣ».
^ Дар матни асл «дар бағалашон».