Ишаъё 54:1-17
54 «Шодона фарёд зан, эй зани бефарзанде, ки назоидаӣ.+
Хурсанд шав ва аз шодӣ нидо кун,+ эй зане, ки дарди зоиш накашидаӣ,+Зеро писарони* зани партофтаАз писарони зани шавҳардор* бисёртаранд,+— мегӯяд Яҳува.—
2 Ҷойи хаймаатро васеътар кун,+Пардаҳои маскани бузургатро паҳн намо.
Бемалол танобҳои хаймаатро дароз кунВа мехҳояшро устувор намо,+
3 Чунки ту ба тарафи рост ва чап паҳн мешавӣ.
Насли ту халқҳоро соҳибӣ мекунадВа дар шаҳрҳои беодам сокин мешавад.+
4 Натарс,+ зеро ту шарманда намешавӣ,+Хиҷил нашав, зеро дилмонда намегардӣ.
Ту шармандагии ҷавонии худро аз ёд мебарорӣВа нанги бевагии худро дигар ба хотир намеорӣ,
5 Зеро Офарандаи бузурги ту+ бароят мисли шавҳар* аст,+Номи ӯ Яҳува, Худои лашкарҳост.
Худои Поки Исроил Товондеҳи туст.+
Ӯ Худои тамоми замин номида хоҳад шуд.+
6 Яҳува туро, ки мисли зани партофтаву ғамзада будӣ,+Туро мисли зане, ки дар ҷавонӣ шавҳар карда, сипас рад шудааст, даъват намуд,— мегӯяд Худои ту.—
7 Ман туро ба муддати кӯтоҳе тарк кардам,Вале бо раҳмдилии бузурге бармегардонам.+
8 Дар сели хашми худ рӯямро лаҳзае аз ту пинҳон намудам,+Вале бо меҳру вафои абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард,+— мегӯяд Яҳува, ки Товондеҳи туст.+—
9 Ин мисли корест, ки дар рӯзҳои Нӯҳ карда будам:+
Ман қасам хӯрдам, ки обҳои замони Нӯҳ дигар заминро намепӯшонанд,+Ба ин монанд, ҳоло қасам мехӯрам, ки дигар аз ту ба хашм намеоям ва туро сарзаниш намекунам.+
10 Кӯҳҳо дур шаванд ва теппаҳо ба ларза оянд ҳам,Меҳру вафои ман аз ту дур намешавад+Ва аҳди сулҳу осоиштагиям пойдор мемонад,+— мегӯяд Яҳува, ки ба ту раҳм мекунад.+—
11 Эй зани азобдидае,+ ки аз тӯфонҳо афгор шудаиву тасаллӣ наёфтаӣ,+Ман сангҳои туро бо маҳлули бақувват мустаҳкам месозамВа таҳкурсии туро аз ёқути кабуд мегузорам.+
12 Ман кунгураҳои девори туро аз лаъл,Дарвозаҳои туро аз сангҳои шуълаварВа ҳамаи сарҳадҳои туро аз сангҳои қиматбаҳо месозам.
13 Ҳамаи писарони* ту аз Яҳува таълим хоҳанд гирифт+Ва осоиштагии онҳо ҳадду канор нахоҳад дошт.+
14 Ту дар росткорӣ устувор мешавӣ+Ва аз зулму ситам дур мегардӣ,+Аз чизе наметарсӣ ва ба даҳшат намеоӣ,Зеро он ба ту наздик намешавад.+
15 Агар касе ба ту ҳамла кунад,Ин бо амри ман нахоҳад буд.
Ҳар касе ба ту ҳамла орад, фурӯ меғалтад.+
16 Оҳангарро, ки ангишти фурӯзонро дам медиҳадВа ҳосили меҳнаташ аслиҳа аст, ман офаридаам.
Харобкорро низ, ки нобуд месозад, ман офаридаам.+
17 Ягон аслиҳае, ки бар зидди ту бисозанд, барор намеёбад+Ва ту ҳар забонеро, ки дар мурофиа бар зидди ту гап занад, кӯтоҳ мекунӣ.
Ин аст мероси бандагони Яҳува,Ман худам онҳоро сафед мекунам»,— мегӯяд Яҳува.+