Ишаъё 61:1-11

  • Касе, ки барои расонидани хушхабар тадҳин шудааст (1–11)

    • «Соли ризои Яҳува» (2)

    • «Дарахтони бузурги росткорӣ» (3)

    • Бегонагон дастёр мешаванд (5)

    • «Коҳинони Яҳува» (6)

61  Рӯҳи Парвардигор Яҳува бар ман аст,+Зеро Яҳува маро тадҳин кардааст*, ки хушхабарро ба нармдилон* расонам.+ Ӯ маро фиристодааст, ки захмҳои шикастадилонро бибандам,Озодиро ба асиронВа биноиро ба бандиён эълон кунам,+   Соли ризои ЯҳуваВа рӯзи интиқоми Худои моро хабар диҳам,+Ҳамаи мотамзадагонро дилбардорӣ кунам,+   Ба онҳое, ки барои Сион мотам гирифтаанд, ғамхорӣ намоям,Ба ҷойи хокистар ба онҳо кулоҳ,Ба ҷойи мотам равғани шодӣВа ба ҷойи ноумедӣ либоси ҷалол диҳам. Онҳо дарахтони бузурги росткорӣ номида мешаванд,Ки Яҳува барои ҷалоли худ шинондааст.+   Онҳо вайронаҳои қадимаро обод мекунанд,Харобаҳои бостониро бино менамоянд+Ва шаҳрҳои валангорро,+Ки насл ба насл беодам буданд, аз нав месозанд.+   «Бегонагон омада, рамаҳои шуморо мечаронандВа ғарибон+ деҳқонону токпарварони шумо мешаванд,+   Шумо бошед, коҳинони Яҳува,+Хизматгорони Худои мо, номида мешавед. Шумо боигарии халқҳоро мехӯред+Ва сарвати* онҳоро соҳиб шуда фахр мекунед.   Халқи ман ба ҷойи шармандагӣ ҳиссаи дучанд мегирад,Онҳо ба ҷойи сархамӣ аз насибаи худ шодӣ мекунанд,Дар замини худ ҳиссаи дучанд гирифта,+То абад хушҳолӣ менамоянд.+   Ман — Яҳува, адлу инсофро дӯст медорам,+Ғорату беинсофиро бошад, чашми дидан надорам.+ Ман аз рӯйи инсоф музди онҳоро медиҳамВа бо онҳо аҳди ҷовидона мебандам.+   Насли онҳо байни халқҳо+Ва фарзандони онҳо миёни мардумон ном мебароранд. Ҳар кӣ онҳоро бубинад, хоҳад фаҳмид, киОнҳо насле ҳастанд, ки Яҳува баракат додааст».+ 10  Ман аз Яҳува шодии бисёр меёбам,Тамоми вуҷудам* аз Худоям хушҳолӣ хоҳад кард,+Зеро ӯ ба ман либоси наҷот+Ва ҷомаи росткорӣ пӯшондааст,Ман чун домоде ҳастам, ки мисли коҳин салла мепӯшад,+Ва мисли арӯсе, ки худро бо зару зевар оро медиҳад. 11  Чуноне ки замин тухмии коштаро мерӯёнадВа боғ ниҳоли шинондаро месабзонад,Ончунон Парвардигор Яҳува пеши назари тамоми халқҳоРосткориву+ ситоишро хоҳад сабзонид.+

Поварақҳо

Тадҳин — ниг. ба луғат.
Ё «мулоимтабиатон».
Ё «ҷалоли».
Ё «Ҷонам».