Матто 21:1-46
21 Ҳангоме ки онҳо ба Ерусалим наздик мешуданд, ба Байт-Фоҷӣ, ки бар кӯҳи Зайтун ҷойгир аст, расиданд ва Исо ду шогирдашро фиристода,+
2 гуфт: «Ба ин қишлоқ, ки дар рӯ ба рӯйи шумост, дароед. Ҳамин ки ба он ҷо даромадед, хари бастаеро бо куррааш* мебинед. Бандро кушода, онҳоро назди ман биёред.
3 Агар касе ба шумо чизе гӯяд, чунин ҷавоб диҳед: “Онҳо ба Ҳазрат даркоранд”, ва ӯ ҳамон замон ба шумо иҷозат медиҳад, ки онҳоро бо худ баред».
4 Ҳамаи ин рӯй дод, то суханоне, ки ба воситаи пайғамбар гуфта шуданд, иҷро гарданд:
5 «Ба духтари Сион бигӯед: “Ана, подшоҳи ту, ки нармдил*+ аст, бар харе, бар куррае*, ки бачаи ҳайвони боркаш аст, савор шуда+ наздат меояд”».+
6 Шогирдон рафта, ҳамон тавре карданд, ки Исо ба онҳо фармуда буд.+
7 Онҳо харро бо куррааш оварданду ҷомаҳояшонро ба болои онҳо партофтанд ва Исо ба курра савор шуд.+
8 Одамони бисёре ҷомаҳои худро дар сари роҳи Исо пойандоз мекарданд,+ дигарон бошанд, шохаҳои дарахтонро бурида, пеши пойи ӯ мегузоштанд.
9 Беш аз ин, одамоне, ки пешопеши ӯ мерафтанд, ва онҳое, ки аз пасаш меомаданд, фарёд зада мегуфтанд: «Худоё, илтиҷо мекунем, Писари Довудро дар паноҳат нигаҳ дор!+ Барака ёбад касе, ки ба номи Яҳува меояд!+ Эй Худо, ки дар осмонӣ, илтиҷо мекунем, ӯро дар паноҳат нигаҳ дор!»+
10 Вақте ки ӯ ба Ерусалим омад, тамоми мардуми шаҳр ба ҳаяҷон омада пурсиданд: «Ин кист?»
11 Одамоне, ки ҳамроҳи ӯ буданд, мегуфтанд: «Ин Исои пайғамбар аст+ аз Носираи Ҷалил».
12 Исо ба ибодатгоҳ даромада, ҳамаи онҳоеро, ки харидуфурӯш мекарданд, пеш кард ва мизҳои саррофону* курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард.+
13 Ӯ ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст: “Хонаи ман хонаи дуо номида мешавад”,+ шумо бошед, онро ба макони ғоратгарон табдил додаед».+
14 Дар ибодатгоҳ ба назди Исо кӯрону лангон омаданд ва ӯ онҳоро шифо дод.
15 Вақте коҳинони калон ва шариатдонон диданд, ки ӯ муъҷизаҳо ба амал меорад ва писарчаҳо дар ибодатгоҳ фарёд зада мегӯянд: «Худоё, илтиҷо мекунем, Писари Довудро дар паноҳат нигаҳ дор!»,+ хашмгин шуданд+
16 ва ба ӯ гуфтанд: «Оё мешунавӣ, ки инҳо чӣ мегӯянд?» Исо гуфт: «Мешунавам. Магар нахондаед, ки навишта шудааст: “Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон ҳамду саноро ба вуҷуд овардаӣ”?»+
17 Сипас ӯ аз он ҷо баромада, ба шаҳри Байт-Ҳинӣ рафт ва шабро дар он ҷо гузаронд.+
18 Саҳарии барвақт, вақте ки ӯ ба Ерусалим бармегашт, гушна монд.+
19 Дар сари роҳ ӯ дарахти анҷирро дида, назди он рафт, аммо дар он ғайр аз барг чизе наёфт+ ва ба дарахт гуфт: «Илоҳо асло мева надиҳӣ».+ Ҳамон лаҳза дарахти анҷир хушк шуд.
20 Шогирдон инро дида ҳайрон шуданд ва гуфтанд: «Чӣ тавр ин дарахти анҷир дар як лаҳза хушк шуд?»+
21 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар имон дошта бошед ва шакку шубҳа накунед, на танҳо он чиро, ки ман бо анҷир кардам, мекунед, балки, ба ин кӯҳ “худро бардошта, ба баҳр парто” гӯед, ҳамин тавр мешавад.+
22 Ҳар чиро, ки бо имон дар дуо хоҳиш кунед, ҳатман меёбед».+
23 Ҳангоме ки Исо дар ибодатгоҳ таълим медод, коҳинони калон ва пирони халқ назди ӯ омада, пурсиданд: «Ту ба кардани ин корҳо чӣ ҳақ дорӣ? Кӣ ба ту чунин ҳуқуқ додааст?»+
24 Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо як чиз мепурсам, агар ба саволи ман ҷавоб диҳед, ман ҳам мегӯям, ки ба ман кӣ ҳаққу ҳуқуқ додааст.
25 Таъмиди* Яҳё аз ҷониби кӣ буд: Худо* ё одамон?» Онҳо байни худ андеша ронда, гуфтанд: «Агар “Худо” гӯем, ӯ мегӯяд: “Пас, барои чӣ шумо ба вай имон наовардед?”+
26 Аммо, агар “одамон” гӯем, аз мардум метарсем, охир, ҳамаи онҳо бовар доранд, ки Яҳё пайғамбар буд».
27 Аз ин рӯ онҳо ба Исо ҷавоб доданд: «Намедонем». Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки ба кардани ин корҳо кӣ ба ман ҳуқуқ додааст.
28 Шумо дар бораи ин мисол чӣ фикр доред? Марде ду писар дошт. Рӯзе ӯ пеши писари калонӣ омада, гуфт: “Писарам, имрӯз ба токзор рафта, кор кун”.
29 Ӯ ҷавоб дод: ”Намеравам”, аммо баъд пушаймон шуду рафт.
30 Падар рафта, аз писари дуюмаш ҳам ҳамон чизро хоҳиш кард ва ӯ “майлаш, падар” гуфт, аммо нарафт.
31 Кадоме аз он ду писар хости падарро иҷро кард?» Онҳо гуфтанд: «Писари калонӣ». Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҷамъоварони андоз ва фоҳишаҳо ба Подшоҳии Худо пеш аз шумо медароянд,
32 чунки Яҳё омада, ба шумо роҳи ростро нишон дод, аммо шумо ба ӯ бовар накардед, ҷамъоварони андозу фоҳишаҳо бошанд, бовар карданд.+ Вале шумо ҳатто инро дида пушаймон нашудед ва ба ӯ бовар накардед.
33 Мисоли дигареро гӯш кунед. Марди заминдоре дар замини худ токҳои ангур шинонда,+ дар гирди он девор бардошт, чархушт канд ва бурҷе* сохт.+ Баъд токзорро ба токпарварон иҷора дода, ба сафар рафт.+
34 Вақте ки ҳосил пухта расид, соҳиби токзор ғуломонашро назди токпарварон фиристод, то ҳаққи худро бигирад.
35 Аммо онҳо ғуломони ӯро дошта, якеро заданд, дигареро куштанд ва баъзеи дигарро сангсор карданд.+
36 Боз соҳиби токзор ғуломони дигареро фиристод, ки аз пештара бисёртар буданд, аммо токпарварон бо онҳо низ чунин рафтор карданд.+
37 Оқибат, ӯ “писарамро ҳатман ҳурмат мекунанд” гуфта, писарашро фиристод.
38 Токпарварон писарро дида ба якдигар гуфтанд: “Ин меросхӯр аст.+ Биёед ӯро кушему меросашро соҳиб шавем”.
39 Онҳо ӯро дастгир карда, аз токзор кашола карда бароварданду куштанд.+
40 Пас, соҳиби токзор омада, бо токпарварон чӣ кор мекунад?»
41 Коҳинони калон ва пирон ба Исо гуфтанд: «Ӯ онҳоро барои бадкорияшон несту нобуд мекунад, токзорро бошад, ба токпарвароне иҷора медиҳад, ки ҳаққи ӯро аз ҳосили токзор дар мавсимаш диҳанд».
42 Исо ба онҳо гуфт: «Магар боре ҳам дар Навиштаҳо нахондаед: “Санге, ки бинокорон рад карданд, санги сари гӯшаи бино шуд.+ Ин аз ҷониби Яҳува аст ва дар назари мо аҷиб аст”?+
43 Бинобар ин ба шумо мегӯям, ки Подшоҳии Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода мешавад, ки самар меорад.
44 Ҳар касе ба болои ин санг афтад, майда-майда мешавад+ ва, агар он санг ба болои касе афтад, ӯро маҷақ мекунад».+
45 Вақте коҳинони калон ва фарисиён ин мисолҳоро шуниданд, фаҳмиданд, ки ӯ дар бораи онҳо гап зада истодааст.+
46 Бинобар ин онҳо хостанд ӯро дастгир кунанд, аммо аз мардум тарсиданд, зеро онҳо ӯро пайғамбар меҳисобиданд.+
Поварақҳо
^ Ё «хӯтикаш».
^ Ё «мулоимтабиат».
^ Ё «хӯтике».
^ Саррофон — касоне, ки пул иваз мекунанд.
^ Дар матни асл «осмон».
^ Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.