Панднома 26:1-28

  • Инсони танбал (13–16)

  • Ба ҷанҷоли дигарон ҳамроҳ нашав (17)

  • Аз шӯхиҳои ноҷо даргурез бош (18, 19)

  • Ҳезум набошад, оташ хомӯш мегардад (20, 21)

  • Суханони туҳматгар чун луқмаҳои лазиз аст (22)

26  Чунон ки барф дар тобистону борон дар мавсими дарав ноҷост,Иззат ҳам ба аблаҳ намезебад.+   Ҳамон тавре ки паранда бесабаб намепарад ва фароштурук беҳуда парвоз намекунад,Лаънат низ бе ягон сабаб бар сари кас намеояд.   Қамчин барои асп, нӯхта барои хар+Ва калтак барои пушти аблаҳ аст.+   Ба аблаҳ аз рӯйи аҳмақияш ҷавоб надеҳ,То ба вай баробар нашавӣ.   Ба аблаҳ аз рӯйи аҳмақияш ҷавоб деҳ,То дар назари худ хирадманд натобад.+   Ҳар кӣ ба аблаҳ супорише диҳад,Мисли касест, ки пойҳои худро маиб созад ва ба худ зарар расонад.   Панд дар даҳони аблаҳМисли роҳ рафтани пойи шал аст.+   Ҳар кӣ аблаҳро иззат кунад,Гӯё сангро бар фалахмон мебандад.+   Масал дар даҳони аблаҳонМисли химчаи хордорест дар дасти маст. 10  Касе, ки аблаҳ ё раҳгузареро киро кунад,Мисли тирандозест, ки чапу рост тир мезанад*. 11  Аблаҳе, ки аблаҳияшро такрор мекунад,Мисли сагест, ки ба қайи худ бармегардад.+ 12  Одамеро дидаӣ, ки дар назари худ доно* бошад?+ Аз аблаҳ умед ҳасту аз ӯ не. 13  Танбал мегӯяд: «Шери ҷавон дар сари роҳ аст! Шер дар миёни кӯча аст!»+ 14  Дар бар часпакаш тоб мехӯрадуТанбал бар бистараш паҳлу мегардад.+ 15  Танбал дасташро дар табақ меандозад,Аммо хушаш намеояд, ки луқмаро то даҳонаш барад.+ 16  Танбал дар назари худАз ҳафт касе, ки ҷавоби боақлона медиҳанд, хирадмандтар аст. 17  Раҳгузаре, ки аз ҷанҷоли дигарон ба хашм меояд*,Мисли касест, ки аз гӯшҳои саг меқапад.+ 18  Мисли девонае, ки шарораҳои оташ, тир ва марг мепарронад, 19  Он касест, ки ёри худро фирефта кунаду бигӯяд:«Ман шӯхӣ кардам!»+ 20  Ҳезум набошад, оташ хомӯш мегардад,Туҳматгар набошад, ҷанҷол бас мешавад.+ 21  Касе, ки миёни одамон алов мемонад,Мисли ангишт барои лахча ва ҳезум барои оташ аст.+ 22  Суханони туҳматгарро мисли луқмаҳои лазиз маза карда фурӯ мебаранд,Онҳо рост ба даруни одам мераванд.+ 23  Суханони меҳрубонона аз дили сиёҳМисли зарфи сафолинест, ки ба рӯяш оби нуқра давондаанд.+ 24  Бадхоҳ нафраташро бо лабҳояш пинҳон месозад,Вале дар вуҷудаш макр мепарварад. 25  Суханони ширин гӯяд ҳам, бовараш накун,Зеро дар таги дилаш ҳафт хел сиёҳӣ ниҳон аст, 26  Ҳарчанд нафраташро бо макр пинҳон медорад,Бадияш пеши ҷамоат фош мегардад. 27  Ҳар кӣ чоҳ канад, худаш ба он меафтадВа касе санг ғелонад, он сӯйи худаш бармегардад.+ 28  Забони дурӯғгӯй ҳар киро ба шикаст орад, бад мебинадВа даҳони хушомадгӯ харобӣ меорад.+

Поварақҳо

Ё «чапу рост захмдор мекунад».
Ё «хирадманд».
Ё, эҳтимол, «ба ҷанҷоли дигарон ҳамроҳ мешавад».