Панднома 27:1-27

  • Сарзаниши дӯст фоидабахш аст (5, 6)

  • Эй писарам, дили маро шод гардон (11)

  • Оҳан оҳанро тез мекунад (17)

  • Аз аҳволи рамаат хабардор бош (23)

  • Боигарӣ абадӣ нест (24)

27  Бо фардо фахр накун,Зеро намедонӣ, ки пагоҳ чӣ мешавад.+   Бигзор туро каси дигар таъриф кунад, на даҳони худат,Бегонае, на лабони ту.+   Санг гарон аст ва рег вазнин,Лекин асабонияте, ки аҳмақ меорад, аз ҳар ду гаронтар аст.+   Ғазаб бераҳм аст ва хашм мисли селоб,Вале кист, ки ба рашк тоб орад?+   Сарзаниши рӯирост беҳ аз муҳаббати пинҳонӣ.+   Захме, ки дӯст мерасонад, аз вафодорист,+Лекин бӯсаҳои душман фаровонанд*.   Сер асали занбӯрхонаро пушти по мезанад,Вале барои гушна талх ҳам ширин аст.   Касе, ки диёрашро тарк мекунад,Мисли парандаест, ки лонаашро тарк мекунад.   Равған ва бухур дилро шод мегардонанд,Мисли дӯсте, ки самимона маслиҳат медиҳад.+ 10  Дӯсти худ ва дӯсти падаратро тарк накун,Дар рӯзи мусибатат ба хонаи бародари худ надаро,Зеро ҳамсояи наздик беҳ аз бародари дур.+ 11  Эй писарам, бохирад бош ва дили маро шод гардон,+То ба бадгӯйи худ тавонам ҷавоб диҳам.+ 12  Зирак хатарро мебинаду пинҳон мешавад,+Вале сода рост сӯйи он мераваду шатта мехӯрад. 13  Агар шахс кафили* ғарибе шавад, либоси ӯро бигир,Агар зомини зани бегона шавад, гаравашро бигир.+ 14  Саҳари барвақт дод зада бо ёрат салому алейк накун*,Мабодо ин дар назараш дуои бад тобад. 15  Зани ҷангара* мисли бомест, ки дар рӯзи боронӣ беист мечакад,+ 16  Ҳар кӣ ҷилави ӯро бикашад, метавонад ҷилави бодро низ бикашадВа равғанро дар дасти росташ нигоҳ дорад. 17  Оҳан оҳанро тез мекунад,Одам одамро сайқал медиҳад.+ 18  Ҳар кӣ дарахти анҷирро нигоҳубин кунад, аз меваи он мехӯрад+Ва касе, ки хоҷаашро нигаҳбонӣ кунад, иззат меёбад.+ 19  Рӯйи одам дар об акс меёбадуДили одам дар дили дигаре. 20  Гӯр ва макони нобудӣ ҳаргиз сер намешаванд,+Чашми инсон низ сериро намедонад. 21  Бӯта* барои нуқра асту кӯра барои тилло,+Одам бошад, бо таъриф санҷида мешавад. 22  Аҳмақро бо уғурдаста бикӯбивуМисли ғалла дар уғурча* майда-майда кунӣ ҳам,Аҳмақияш аз ӯ ҷудо намешавад. 23  Аз аҳволи рамаат хабардор бош,Гӯсфандонатро нағз парасторӣ намо,+ 24  Зеро боигарӣ абадӣ нест,+Тоҷ ҳам доимо намемонад. 25  Вақте сабза нопадид шавад, майса неш занадВа алафи кӯҳсорро ҷамъ оранд, 26  Гӯсфандҳо барои либосатВа нарбузҳо барои заминхарият мешаванд 27  Ва туву хонадонату канизонатАз шири бузҳо сер мешавед.

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «рӯякиянд; маҷбуриянд».
Кафил — он кӣ иҷрои кор ё пардохти чизеро ба ҷойи каси дигар ба зимма мегирад; зомин.
Дар матни асл «ёратро баракат нахон».
Ё «шикоятгар».
Бӯта — зарфе барои гудохтани баъзе филизҳо (металлҳо).
Уғурча — зарфи хурде барои кӯфтану орд кардани ғалладона ё чизи дигар; оғурак, ҳован, охурак.