Панднома 28:1-28
28 Бадкорон мегурезанд, дар ҳоле ки касе онҳоро сур намекунад,Вале росткорон мисли шер далеранд.+
2 Вақте дар мамлакат шӯришҳо* бошад, мирон иваз шудан мегиранд,+Вале бо ёрии шахси боҳушу* доно тахти ҳоким пойдор мемонад.+
3 Камбағале, ки бечорагонро фиреб мекунад,+Мисли боронест, ки тамоми ҳосилро шуста мебарад.
4 Онҳое, ки дастурро пушти по мезананд, бадкорро таъриф мекунанд,Аммо касоне, ки дастурро риоя мекунанд, аз онҳо дарғазабанд.+
5 Бадкирдорон наметавонанд инсофро дарк кунанд,Вале ҷӯяндагони Яҳува ба ҳама чиз сарфаҳм мераванд.+
6 Камбағали покрафторБеҳ аз пулдори каҷрафтор.+
7 Писари бофаҳм дастурро риоя мекунад,Вале ҳамнишини шикампарастон падарашро бадном месозад.+
8 Ҳар кӣ пулашро ба фоида диҳад+ ва бо судхӯрӣ онро зиёд гардонад,Онро барои касе ғун мекунад, ки ба камбағал некӣ мекунад.+
9 Ҳар кӣ аз шунидани дастур сар мепечад,Ҳатто дуояш нафратовар аст.+
10 Касе, ки боинсофонро ба роҳи бад мебарад, ба чоҳи кандаи худаш меафтад,+Вале беайбон мероси нек мегиранд.+
11 Пулдор дар назари худ хирадманд аст,+Вале камбағали рамузфаҳм* ботини ӯро мебинад.+
12 Чӣ хуш аст, вақте росткорон зафарманд мешаванд!
Вале, вақте бадкорон ба сари қудрат меоянд, мардум пинҳон мешавад.+
13 Касе, ки ҷиноятҳояшро пинҳон кунад, комёб намешавад,+Вале ҳар кӣ ба гуноҳҳояш иқрор шаваду онҳоро тарк намояд, сазовори раҳм мегардад.+
14 Хушбахт аст касе, ки доимо аз гуноҳ тарсон аст,Аммо ҳар кӣ якравӣ кунад*, ба бало гирифтор мешавад.+
15 Ҳокими ситамгару бечораозорМисли шери ғуррон ва хирсест, ки ба туъмааш ҳамла мекунад.+
16 Пешвои кӯтоҳандеш аз қудраташ суиистифода мекунад,+Вале ҳар кӣ аз моли ҳаром нафрат дорад, умрашро дароз мекунад.+
17 Одаме, ки хуни кас бар гарданаш бошад, то дами марг дар гурез аст+ —Бигзор ӯро касе дастгирӣ накунад.
18 Ҳар кӣ роҳу рафтораш пок аст, наҷот меёбад,+Вале касе, ки дар роҳи каҷ аст, ногаҳон шикаст мехӯрад.+
19 Ҳар кӣ заминашро кишт кунад, аз нон сер мешавад,Лекин касе, ки бо беҳудакорӣ машғул аст, аз қашшоқӣ сер мешавад.+
20 Одами боваринок баракати зиёд меёбад,+Аммо ҳар кӣ барои бой шудан шитоб кунад, бегуноҳ намемонад.+
21 Рӯйбинӣ кардан хуб нест,+Вале одам барои як бурда нон метавонад ба чунин хато даст занад.
22 Баднафс* ташнаи пулу мол аст,Вале намедонад, ки ба сараш қашшоқӣ меояд.
23 Ҳар кӣ нафареро ислоҳ кунад,+Оқибат аз хушомадгӯ бештар писанд меояд.+
24 Касе падару модарашро ғорат карда, мегӯяд:«Ин гуноҳ нест»,+Ҷӯраи вайронкорон аст.+
25 Чашмгурусна* ҷанҷол мехезонад,Аммо ҳар кӣ ба Яҳува такя кунад, хонаобод мегардад.+
26 Касе ба дили худ такя кунад, аблаҳ аст,+Лекин ҳар кӣ аз рӯйи хирад рафтор намояд, раҳоӣ меёбад.+
27 Ҳар кӣ ба камбағал бидиҳад, муҳтоҷӣ намекашад,+Аммо он кӣ бепарвоӣ кунад, ба сараш лаънатҳои бисёре меояд.
28 Бадкорон ба сари қудрат биёянд, мардум пинҳон мешавад,Вақте онҳо мемиранд, росткорон афзун мегарданд.+
Поварақҳо
^ Ё «қонуншиканӣ».
^ Ё «хушфаҳму; рамузфаҳму».
^ Ё «боҳуш».
^ Дар матни асл «дилашро сахт гардонад».
^ Ё «Чашмгурусна; Ҳасадхӯр».
^ Ё, эҳтимол, «Худсар».