Румиён 16:1-27
16 Ба шумо хоҳарамон Фубиро, ки дар ҷамоати Канхария+ хизмат мекунад, муаррифӣ менамоям,
2 то шумо ӯро чун пайрави Ҳазратамон ва, тавре ки ба покон муносиб аст, қабул кунед. Ҳамчунин чӣ камбудие дошта бошад, буд кунед,+ зеро худи ӯ низ бисёриҳоро, аз он ҷумла маро, дастгирӣ кардааст.
3 Аз номи ман ба Приска* ва Акило,+ ки дар хизмати Исои Масеҳ ҳамкорони мананд, салом расонед.
4 Онҳо ҷонашонро барои ман дар хатар гузошта буданд+ ва аз онҳо на танҳо ман, балки тамоми бародарони ғайрияҳудӣ миннатдоранд.
5 Ҳамчунин саломи маро ба аҳли ҷамоати хонаи онҳо расонед.+ Ба Апинетуси азизам, ки яке аз аввалинҳо шуда дар Осиё ба Масеҳ имон овард, салом гӯед.
6 Ба Марям, ки барои шумо бисёр меҳнат кардааст, салом расонед.
7 Ба хешовандонам+ Андрониқӯс ва Юниёс, ки ҳамроҳи ман дар маҳбас буданд, салом гӯед. Онҳо дар байни расулон обрӯи баланд доранд ва пеш аз ман пайрави Масеҳ гаштаанд.
8 Ба бародари азизам Амплиус, ки ҳамчунин пайрави Ҳазрат аст, салом гӯед.
9 Ба Урбонус, ки дар хизмати Масеҳ ҳамкори мост, ва ба Истохиси азизам салом расонед.
10 Ба Апеллес — хизматгори содиқи Масеҳ, салом гӯед. Ба аҳли хонаводаи Аристобулус салом расонед.
11 Ба хешам Ҳиродиюн салом гӯед. Ба аҳли хонаводаи Наркисус, ки пайравони Ҳазратанд, салом расонед.
12 Ба хоҳаронамон Труфино ва Трифосо, ки дар кори Ҳазратамон бисёр меҳнат мекунанд, салом гӯед. Ба хоҳари азизамон Парсис, ки дар кори Ҳазратамон бисёр меҳнат кардааст, салом расонед.
13 Ба Руфус, хизматгори интихобшудаи Ҳазратамон, ва ба модари ӯ, ки барои ман ҳам мисли модар аст, салом расонед.
14 Ба Асункритус, Флигӯн, Ҳермес, Патрубос, Ҳермос ва бародароне, ки бо онҳоянд, салом гӯед.
15 Ба Филологусу Юлиё, ба Нирвасу хоҳараш, ба Улумпос ва ҳамаи поконе, ки бо онҳоянд, салом расонед.
16 Якдигарро бо бӯсаи бародарона пешвоз гиред. Тамоми ҷамоатҳои Масеҳ ба шумо салом мерасонанд.
17 Эй бародарон, аз онҳое, ки бар хилофи таълимоти гирифтаатон дар байни шумо тухми ҷудоӣ мекоранду дигаронро пешпо медиҳанд, эҳтиёт шавед ва аз онҳо канорагирӣ кунед.+
18 Чунин одамон ғуломи Ҳазратамон Масеҳ нестанд, балки бандаи нафси худанд ва бо ширинзабонию хушомадгӯйӣ содаҳоро фиреб медиҳанд.
19 Итоаткории шумо ба ҳама маълум гаштааст ва ман барои шумо хурсандам. Лекин хоҳони онам, ки дар корҳои нек бохирад бошеду дар корҳои бад — нодон.+
20 Худои сулҳу осоиштагӣ бошад, ба қарибӣ Шайтонро зери пойҳои шумо партофта несту нобуд мекунад.+ Лутфу марҳамати Ҳазратамон Исо бо шумо бод!
21 Ҳамкорам Тимотиюс ва ҳамчунин хешовандонам+ Лукиюс, Ёсӯн ва Сӯсипатрус ба шумо салом мерасонанд.
22 Ман — Тартиюс, ки ин номаро навиштам, чун пайрави Ҳазрат ба шумо салом мефиристам.
23 Ғоюс,+ ки ман ва тамоми ҷамоатро меҳмондорӣ мекунад, ба шумо салом мегӯяд. Арастус, хазинадори* шаҳр, ва бародараш Квартус ба шумо салом мерасонанд.
24 *——
25 Худо ба воситаи хабар дар бораи Исои Масеҳ ва хушхабаре, ки ба шумо эълон мекунам, қодир аст шуморо устувор гардонад. Ин хушхабар мувофиқи сирри муқаддасест,+ ки муддати дурудароз пинҳон буду ҳоло ошкор шудааст.
26 Ин сир ошкор шуд ва тамоми халқҳо ба воситаи пешгӯйиҳои Навиштаҳо аз он хабардор гаштанд. Ин ба амри Худои абадист, зеро ӯ мехоҳад, ки одамон имон оварда итоаткор шаванд.
27 Худоро, ки хирадманди яктост,+ ба воситаи Исои Масеҳ то абад ҷалол бод! Омин.
Поварақҳо
^ Номи дигари Прискило.
^ Ё «назоратгари».
^ Ин оят дар дастхатҳои қадимӣ вонамехӯрад ва, аз афташ, қисми Навиштаҳои илҳомбахшида нест.