Убадё 1:1-21

  • Адӯми ҳавобаланд сарпаст мегардад (1–9)

  • Зулми Адӯм бар Яъқуб (10–14)

  • Рӯзи Яҳува бар зидди ҳамаи халқҳост (15, 16)

  • Хонадони Яъқуб барқарор мешавад (17–21)

    • Яъқуб Адӯмро сӯхта, хокистар мекунад (18)

    • Подшоҳӣ аз они Яҳува мешавад (21)

 Рӯъёи Убадё*: Парвардигор Яҳува дар бораи Адӯм чунин мегӯяд:+ «Мо паёми Яҳуваро шунидем,Хабаррасоне назди халқҳо фиристода шудааст, ки мегӯяд: “Бархезед, биёед ба ҷанги ӯ тайёр шавем”.+   Ман туро дар миёни халқҳо ночизВа беҳад нафратзада кардаам.+   Ҳавобаландии дилат туро фирефта кардааст,+Ту, ки дар шикофҳои кӯҳ зиндагӣ мекунӣВа дар баландӣ умр ба сар мебарӣ, дар дилат мегӯӣ: “Магар касе маро ба замин фароварда метавонад?”   Ҳатто агар мисли уқобон дар баландӣ хона кунӣ*Ва дар миёни ситорагон лона гузорӣ,Ман туро аз он ҷо ба замин мепартоям,— мегӯяд Яҳува.—   Агар дуздон ба наздат меомаданд, агар ғоратгарон шабона медаромаданд,Магар фақат чизи дилхоҳашонро намедуздиданд? Ё, агар ҷамъоварони ангур наздат меомаданд,Магар баъди худ андак ангур боқӣ намемонданд? Вале душманонат туро пурра несту нобуд мекунанд.+   То чӣ андоза Эсов кофтуков карда шуд! Ҳамаи ганҷҳои пинҳони ӯро ёфта, гирифтанд!   Онҳо туро то сарҳад бадар ронданд,Ҳамаҳдонат туро фиреб доданд. Мардуме, ки дӯстат буданд, бар ту ғолиб омадандВа ҳамтабақонат пеши ту дом гузоштанд,Вале ту инро нафаҳмидӣ.   Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува,—Ман хирадмандони Адӯм+ ва соҳибфаҳмони кӯҳистони Эсовро нобуд месозам.   Ҷанговарони ту, эй Темон,+ ба ҳарос меоянд,+Зеро ҳар як сокини кӯҳистони Эсов кушта мешавад.+ 10  Азбаски ба бародарат Яъқуб зулм кардӣ,+Шармандаю расво мешавӣ+Ва ба сурати абадӣ нобуд мегардӣ.+ 11  Дар рӯзе ки дар як тараф истода нигоҳ мекардӣ,Дар рӯзе ки бегонагон лашкари ӯро асир карданд+Ва аз дарвозаи ӯ даромада, барои Ерусалим қуръа партофтанд,+Ту низ мисли онҳо рафтор кардӣ. 12  Ту набояд он рӯз аз бадбахтии бародарат шодӣ мекардӣ,+Дар рӯзи нобудии халқи Яҳудо хурсанд мешудӣ+Ва дар рӯзи мусибаташон даҳанкалонӣ мекардӣ. 13  Ту набояд дар рӯзи фалокати халқам аз дарвозаи ӯ медаромадӣ,+Набояд дар рӯзи фалокаташ аз бадбахтии ӯ шодӣ менамудӣВа ба сарвати ӯ даст дароз мекардӣ.+ 14  Ту набояд дар чорраҳаҳо истода, гурезагонашро мекуштӣ+Ва раҳоёфтагонашро дар рӯзи сахташон ба дасти душман месупоридӣ.+ 15  Рӯзе, ки Яҳува бар зидди ҳамаи халқҳо мебарояд, наздик аст.+ Он чӣ бо дигарон кардӣ, бо ту мекунанд+Ва он чӣ ба дигарон раво дидӣ, ба сари худат меояд. 16  Чуноне ки шумо бар кӯҳи муқаддаси ман нӯшидед,Ончунон ҳамаи халқҳо беист аз косаи ғазаби ман хоҳанд нӯшид,+Онҳо ғазаби маро то охир менӯшандВа ному нишонашон намемонад. 17  Аммо бар кӯҳи Сион наҷотёфтагон хоҳанд буд+Ва он муқаддас хоҳад гашт,+Хонадони Яъқуб боз молу мулки худро соҳиб хоҳад шуд.+ 18  Хонадони Яъқуб оташ,Хонадони Юсуф алангаВа хонадони Эсов коҳ хоҳад буд. Онҳо хонадони Эсовро сӯхта, хокистар мекунанд+Ва аз он касе зинда намемонад,Зеро худи Яҳува инро гуфтааст. 19  Онҳо Негеб ва кӯҳистони Эсов,+Шефило ва замини фалиштиён,+Замини Эфроим ва Сомарияро соҳиб мешаванд+Ва Ҷилъод аз они Бинёмин мегардад. 20  Замини канъониён то Сорефот+ аз они асирони ин истеҳком*,+Аз они халқи Исроил, хоҳад буд. Асирони Ерусалим, ки дар Сефорад буданд, шаҳрҳои Негебро соҳиб мешаванд.+ 21  Халосгарон ба кӯҳи Сион мебароянд,То кӯҳистони Эсовро доварӣ кунанд,+Ва подшоҳӣ аз они Яҳува мешавад».+

Поварақҳо

Маънояш «бандаи Яҳува».
Ё, эҳтимол, «парвоз кунӣ».
Ё «хокрез». Ниг. ба луғат, ба калимаи «хокрез».