Юнус 4:1-11

  • Юнус дарғазаб мешавад ва барои худ марг талаб мекунад (1–3)

  • Яҳува ба Юнус раҳмдилиро таълим медиҳад (4–11)

    • «Оё дуруст аст, ки ту дарғазаб шавӣ?» (4)

    • Яҳува бо мисоли чӯбкаду Юнусро таълим медиҳад (6–10)

4  Лекин ин ба Юнус сахт маъқул нашуд ва хашму ғазаби ӯ аланга зад.  Ӯ ба Яҳува дуо карда гуфт: «Яҳува, Худоё, магар вақте дар диёрам будам, аз ҳамин хавотир набудам? Барои ҳамин ман аввал ба Таршиш+ гурехтанӣ будам, зеро медонистам, ки ту Худои дилсӯзу меҳрубон, пурсабр* ва пур аз меҳру вафоӣ.+ Ман медонистам, ки ба сари касе фалокат овардан бароят дардовар аст.  Ҳоло бошад, эй Яҳува, ҷони маро бигир, чунки мурданам аз зистанам беҳтар аст».+  Яҳува гуфт: «Оё дуруст аст, ки ту дарғазаб шавӣ?»  Юнус аз шаҳр баромад ва дар тарафи шарқии он нишаст. Дар он ҷо ӯ барои худ хаскаппае сохта, дар сояаш нишаст, то бубинад, ки бо шаҳр чӣ рӯй медиҳад.+  Он гоҳ Яҳува Худо чӯбкадуе* рӯёнид, то бар сари Юнус соя кунад ва ғаму андуҳи ӯро сабук созад. Юнус аз чӯбкаду хеле хурсанд шуд.  Лекин рӯзи дигар, ҳангоми дамидани субҳ, Худо ба кирме фармуд ва кирм чӯбкадуро хӯрду он хушк шуд.  Вақте офтоб баромад, Худо боди тафсони шарқиро вазонид ва Юнусро офтоб зад ва ӯ беҳол шуд. Ӯ барои худ марг талабида гуфт: «Мурданам аз зистанам беҳтар аст».+  Худо ба Юнус гуфт: «Оё дуруст кардӣ, ки барои чӯбкаду асабонӣ шудӣ?»+ Вай гуфт: «Бале, дуруст кардам. Ман то ба дараҷаи марг дарғазаб шудаам». 10  Он гоҳ Яҳува гуфт: «Дили ту ба чӯбкаду, ки дар як шаб рӯиду дар як шаб хушк шуд, сӯхт, ҳол он ки барояш ҳеҷ меҳнате накардаӣ ва онро нарӯёнидаӣ. 11  Пас, чаро дили ман ба ин шаҳри бузург — Нинве+ насӯзад? Охир, дар он шаҳр, ғайр аз ҳайвоноти бисёр, зиёда аз 120 000 одаме ҳаст, ки неку бадро фарқ карда наметавонад*».+

Поварақҳо

Ё «дар хашм оҳиста».
Ё, эҳтимол, «канадонае».
Ё «дасти росту чапи худро фарқ карда наметавонад».