Ҳаҷҷай 2:1-23

  • Ибодатгоҳи дуюм аз ҷалол пур мешавад (1–9)

    • «Тамоми халқҳоро ба ларза меорам» (7)

    • Ганҷҳои халқҳо меоянд (7)

  • Бино кардани ибодатгоҳ баракатҳо меорад (10–19)

    • Гӯшти муқаддас чизҳои дигарро муқаддас намекунад (10–14)

  • Паём ба Зарубобил (20–23)

    • Ман туро мисли ангуштарини муҳрдор мегардонам (23)

2  Дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи 21-уми моҳ, Яҳува ба воситаи пайғамбар Ҳаҷҷай+ паём фиристода гуфт:  «Лутфан, аз Зарубобили+ писари Шаалтиил — ҳокими Яҳудо,+ Юшаи+ саркоҳин — писари Юсодоқ,+ ва бақияи халқ бипурс:  “Кӣ аз миёни шумо боқӣ мондааст, ки ҷалоли аввалаи ин хонаро дида бошад?+ Ҳоло он дар назари шумо чӣ гуна аст? Магар он назар ба пештарааш ночиз наметобад?”+  “Вале ту, эй Зарубобил, устувор бош,— мегӯяд Яҳува,— устувор бош, эй Юшаи саркоҳин, писари Юсодоқ”. “Устувор бошед, эй мардуми ин сарзамин,+— мегӯяд Яҳува,— ва кор кунед. Зеро ман бо шумоям,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—  Ваъдаеро, ки ҳангоми аз Миср берун омаданатон ба шумо дода будам, дар хотир доред.+ Рӯҳи ман то ҳол дар миёни шумост*,+ натарсед”.+  Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Андаке пас ман боз як бори дигар осмону замин ва баҳру хушкиро ба ларза меорам.+  Ман тамоми халқҳоро ба ларза меорам ва ганҷҳои ҳамаи халқҳо ба ин хона меоянд+ ва ман онро аз ҷалол пур мекунам,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—  Нуқра аз они ман аст ва тилло аз они ман аст,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—  Ҷалоли баъдинаи ин хона аз аввалааш бузургтар мешавад,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.— Дар ин ҷо ман осоиштагиро барпо мекунам”,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо». 10  Дар рӯзи 24-уми моҳи нуҳум, дар соли дуюми подшоҳ Дориюш, Яҳува ба пайғамбар Ҳаҷҷай+ паём фиристода гуфт: 11  «Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Лутфан, аз коҳинон* дар бораи шариат бипурс:+ 12  “Агар касе гӯшти муқаддасро дар доманаш бигирад ва либосаш ба нон, шӯрбо, шароб, равған ё ягон хел хӯрок расад, оё он муқаддас мегардад?”» «Не!» — ҷавоб доданд коҳинон. 13  Сипас Ҳаҷҷай пурсид: «Агар касе, ки ба ҷасаде расида нопок шудааст, ба ин чизҳо расад, оё онҳо нопок мешаванд?»+ Коҳинон дар ҷавоб гуфтанд: «Ҳа, мешаванд». 14  Он гоҳ Ҳаҷҷай гуфт: «Чунин аст ин мардум ва чунин аст ин халқ дар назари ман,— мегӯяд Яҳува,— ва чунин аст тамоми амали дастонашон: ҳар он чӣ онҳо дар он ҷо пешкаш мекунанд, нопок аст. 15  Аз ин рӯз пас ба ин аҳамият диҳед*: пеш аз он ки дар ибодатгоҳи Яҳува санге бар санге гузошта шуд,+ 16  аҳвол чӣ гуна буд? Вақте шахс назди хирмани худ омада, 20 андоза ғалларо интизор мешуд, фақат 10 андоза меёфт ё, вақте назди чархушт омада, 50 андоза шароб гирифтанӣ мешуд, фақат 20 андоза меёфт.+ 17  Ман тамоми амали дастонатонро бо гармсел, мағор*+ ва жола зарба задам, аммо ягонтои шумо сӯйи ман барнагаштед,— мегӯяд Яҳува.— 18  Лутфан, аз ҳамин рӯз, яъне аз рӯзи 24-уми моҳи нуҳум, аз рӯзе ки таҳкурсии ибодатгоҳи Яҳува гузошта шуд,+ ба ин аҳамият диҳед*: 19  Оё дар анбори шумо то ҳол тухмие ҳаст?+ Дарахти ангур, анҷир, анор ва зайтун низ то ҳол самар наовардаанд, ҳамин тавр не? Вале аз ин рӯз сар карда ман ба шумо баракатамро мефиристам».+ 20  Рӯзи 24-уми ҳамон моҳ Яҳува бори дуюм ба Ҳаҷҷай паём фиристода+ гуфт: 21  «Ба Зарубобил, ҳокими Яҳудо, чунин бигӯ: “Ман осмону заминро ба ларза меорам.+ 22  Ман тахти подшоҳонро сарнагун ва қуввати мамлакатҳои халқҳоро нобуд месозам,+ ароба ва саворони онро чаппа мекунам ва аспон бо саворонашон ҳар яке аз шамшери бародараш фурӯ меғалтад.+ 23  Дар он рӯз,— мефармояд Яҳува, Худои лашкарҳо,— ман туро, эй бандаам Зарубобил,+ писари Шаалтиил,+— мефармояд Яҳува,— мисли ангуштарини муҳрдор мегардонам, зеро ту интихобшудаи ман ҳастӣ”,— мефармояд Яҳува, Худои лашкарҳо».

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «Рӯҳи ман он вақт дар миёни шумо буд».
Коҳин — ниг. ба луғат.
Ё «дилҳоятонро нигаронед».
Ё «пӯпанак».
Ё «дилҳоятонро нигаронед».