1 Воқеанома 13:1-14

  • Сандуқи аҳдро аз Қирят-Яърим меоранд (1–14)

    • Уззо кушта мешавад (9, 10)

13  Довуд бо мириҳазорон, мирисадон ва ҳамаи сардорон+ маслиҳат карда,  ба тамоми ҷамоати Исроил гуфт: «Агар ба назаратон писанд ояд ва Худоямон Яҳува розӣ бошад, биёед дигар бародаронамонро, ки дар ҳамаи заминҳои Исроиланд, ва инчунин коҳинону левизодагонро, ки дар шаҳрҳои+ чарогоҳдори худ мебошанд, хабар кунем ва онҳо омада, ба мо ҳамроҳ шаванд.  Биёед сандуқи+ Худоямонро биёрем». Гап дар сари он ки дар рӯзҳои Шоул+ нисбати сандуқи Худо бепарвоӣ мекарданд.  Тамоми ҷамоат бо ин розӣ шуд, чунки ин дар назари ҳама дуруст буд.  Довуд тамоми Исроилро, аз дарёи* Миср то Лебӯ-Ҳамот*,+ ҷамъ овард, то сандуқи Худоро аз Қирят-Яърим биёранд.+  Довуд ва тамоми Исроил ба Баало,+ ба Қирят-Яърим, ки дар Яҳудо аст, омаданд, то сандуқи Яҳува Худоро, ки бар* каррубиён+ бар тахт менишинад, ва пеши он сандуқ номи ӯро мехонанд, биёранд.  Лекин онҳо сандуқи Худоро ба аробаи нав гузоштанд+ ва онро аз хонаи Абинодоб бароварданд. Аробаро Уззо ва Аҳю меронданд.+  Довуд ва тамоми Исроил дар пеши Худо чангу дигар созҳои торӣ, даф,+ санҷ+ ва карнай+ навохта, суруд мехонданд ва бо ҷӯшу хурӯш базму шодӣ мекарданд.  Аммо, вақте ки онҳо ба хирмангоҳи Кидӯн расиданд, Уззо дасти худро дароз карда сандуқро дошт, зеро қариб буд, ки говон онро чаппа кунанд. 10  Он гоҳ оташи ғазаби Яҳува бар Уззо аланга гирифт ва ӯ вайро зарба зад, зеро Уззо дасташро ба сандуқ дароз кард,+ ва вай дар он ҷо дар пеши Худо мурд.+ 11  Вале Довуд ба хашм омад*, ки ғазаби Яҳува бар Уззо аланга гирифт. Аз ин рӯ он ҷой то имрӯз Форас-Уззо* номида мешавад. 12  Дар он рӯз Довуд аз Худо тарсида гуфт: «Пас, чӣ тавр сандуқи Худоро ба назди худ орам?»+ 13  Довуд сандуқро ба назди худ, ба Шаҳри Довуд, наовард, балки онро ба хонаи Убайд-Адӯми ҷаттӣ фиристод. 14  Сандуқи Худо дар хонаи Убайд-Адӯм се моҳ истод ва Яҳува хонадони Убайд-Адӯм ва тамоми дороияшро баракат дод.+

Поварақҳо

Ё «аз Шиҳори».
Ё «даромадгоҳи Ҳамот».
Ё, эҳтимол, «дар миёни».
Ё «ғамгин шуд».
Маънояш «алангаи ғазаб бар Уззо».