1 Воқеанома 24:1-31

  • Довуд коҳинонро ба 24 гурӯҳ тақсим мекунад (1–19)

  • Левизодагони дигар (20–31)

24  Авлоди Ҳорун ба гурӯҳҳо тақсим карда шуд. Писарони Ҳорун Нодоб, Абиҳу,+ Элъозор ва Итомор+ буданд.  Вале Нодобу Абиҳу пеш аз падарашон мурданд+ ва писаре надоштанд, Элъозору+ Итомор бошанд, коҳин буданд.  Довуд ҳамроҳи Содӯқ,+ ки аз авлоди Элъозор буд, ва Аҳималик, ки аз авлоди Итомор буд, фарзандони Ҳорунро мувофиқи вазифаҳояшон ба гурӯҳҳо тақсим кард.  Азбаски дар авлоди Элъозор назар ба авлоди Итомор сарварон бисёртар буданд, вақте онҳоро тақсим карданд, аз авлоди Элъозор 16 сарвари хонавода ва аз авлоди Итомор 8 сарвари хонавода буд.  Сипас қуръа+ партофта, онҳоро, ҳар ду авлодро, тақсим карданд, зеро ҳам писарони Элъозор ва ҳам писарони Итомор бар ҷойи муқаддас ва дар хизмати Худо сарвар буданд.  Як хонавода аз Элъозор интихоб карда мешуду як хонавода — аз Итомор ва Шамаъёҳуи писари Натанъил, ки котиби левизодагон буд, дар пеши шоҳ, мирон, Содӯқи+ коҳин, Аҳималики+ писари Абётор+ ва сарварони хонаводаҳои коҳинону левизодагон номҳои онҳоро навишт.  Қуръаи якум ба Еҳуёриб афтид, қуръаи дуюм — ба Ядоё,  сеюм — ба Ҳорим, чорум — ба Саӯрим,  панҷум — ба Малкиё, шашум — ба Миёмин, 10  ҳафтум — ба Ҳаққӯс, ҳаштум — ба Абиё,+ 11  нуҳум — ба Ешуа, даҳум — ба Шаканё, 12  11-ум — ба Элёшиб, 12-ум — ба Ёқим, 13  13-ум — ба Ҳуффо, 14-ум — ба Ешабъоб, 14  15-ум — ба Билҷо, 16-ум — ба Иммир, 15  17-ум — ба Ҳизир, 18-ум — ба Ҳафиссис, 16  19-ум — ба Фатаҳё, 20-ум — ба Ҳизқиёл, 17  21-ум — ба Ёкин, 22-юм — ба Ҷомул, 18  23-юм — ба Далоё ва 24-ум — ба Маазёҳу. 19  Онҳо аз рӯйи ин тартиб ба хонаи Яҳува омада, хизмати худро мувофиқи дастуре, ки Яҳува, Худои Исроил, ба бобояшон Ҳорун дода буд, ба ҷо меоварданд.+ 20  Левизодагони боқимонда инҳо буданд: аз писарони Имрон+ — Шубоил,+ аз писарони Шубоил —Еҳдиёҳу, 21  аз Раҳабёҳу:+ аз писарони Раҳабёҳу — Ишиёи сарвар, 22  аз исҳориён — Шалӯмит,+ аз писарони Шалӯмит — Яҳат, 23  аз писарони Ҳебрӯн — Ериёҳуи+ сарвар, дуюм — Амарё, сеюм — Яҳазиил ва чорум — Еқамъом, 24  аз писарони Узиил — Мико, аз писарони Мико — Шомир, 25  бародари Мико Ишиё буд, аз писарони Ишиё — Закарё. 26  Аз писарони Марорӣ+ Маҳлӣ ва Мушӣ буданд ва аз писарони Яъзиёҳу — Банӯ. 27  Писарони Марорӣ: аз Яъзиёҳу — Банӯ, Шӯҳам, Заккур ва Ибрӣ, 28  аз Маҳлӣ — Элъозор, ки ягон писар надошт,+ 29  аз Қиш: аз писарони Қиш — Ераҳмеил 30  ва аз писарони Мушӣ Маҳлӣ, Эдар ва Еримӯт буданд. Инҳо буданд писарони Левӣ мувофиқи хонаводаҳояшон. 31  Онҳо низ мисли бародаронаш — писарони Ҳорун, дар пеши шоҳ Довуд, Содӯқ, Аҳималик ва сарварони хонаводаҳои коҳинону левизодагон қуръа+ партофтанд. Хонаводаи бародари калонӣ дар баробари хонаводаи додараш буд.

Поварақҳо