1 Воқеанома 5:1-26

  • Насли Реубен (1–10)

  • Насли Ҷод (11–17)

  • Шикасти ҳоҷариён (18–22)

  • Нисфи қабилаи Менашше (23–26)

5  Инҳоянд писарони Реубени+ писари калонии Исроил. Ӯ нахустзода буд, лекин, азбаски бистари падарашро нопок кард,+ ҳуқуқи нахустзодагӣ ба писарони Юсуфи+ писари Исроил дода шуд, аз ин рӯ вай дар насабнома чун нахустзода наомадааст.  Ҳарчанд Яҳудо+ аз бародаронаш бартарӣ дошт ва пешво аз ӯ ба миён омад,+ ҳуқуқи нахустзодагӣ аз Юсуф буд.  Писарони Реубени писари калонии Исроил Ҳанӯх, Фаллу, Ҳесрӯн ва Кармӣ буданд.+  Писарони Юил Шамаъёҳу, писараш Ҷуҷ, писараш Шимъӣ,  писараш Мико, писараш Раоё, писараш Баал,  писараш Баэро́ буданд ва Баэроро Тиҷлат-Филосари*+ шоҳи Ошур ба асирӣ бурд. Ӯ сардори реубениён буд.  Бародарони ӯ, ки мувофиқи хонаводаҳояшон, аз рӯйи авлодашон, дар насабнома навишта шудаанд, инҳо буданд: Яиили сардор, Закарё 8  ва Балаи писари Озози писари Шамаи писари Юил, ки дар Арӯэр+ ва то Набӯ ва Баал-Маӯн+ мезист.  Аз тарафи шарқ ӯ то саршавии биёбони назди дарёи Фурот+ сокин буд, чунки гову моли онҳо дар замини Ҷилъод+ сершумор шуда буд. 10  Дар рӯзҳои Шоул онҳо бо ҳоҷариён ҷангида онҳоро шикаст доданд ва дар саросари минтақаи шарқии Ҷилъод дар хаймаҳояшон сокин шуданд. 11  Насли Ҷод дар бари онҳо, дар Бошон то Салко,+ мезист. 12  Дар Бошон Юил сардор ва Шофом муовин буд, дар он ҷо ҳамчунин Яънай ва Шофот буданд. 13  Бародарони онҳо аз рӯйи хонаводаҳояшон Микоил, Машуллом, Сабо, Юрай, Яъкон, Зияъ ва Эбар — ҳафт нафар, буданд. 14  Онҳо писарони Абиҳоили писари Ҳурии писари Ёрӯаҳи писари Ҷилъоди писари Микоили писари Ешишайи писари Яҳдӯи писари Бӯз буданд. 15  Аҳии писари Абдиили писари Ҷунӣ сарвари хонаводаи онҳо буд. 16  Онҳо дар Ҷилъод,+ Бошон+ ва шаҳракҳои тобеашон* ва дар тамоми чарогоҳҳои Шорӯн, то ҷое ки онҳо паҳн шуда буданд, мезистанд. 17  Ҳамаи онҳо дар рӯзҳои Ютоми+ шоҳи Яҳудо ва Ёробъоми*+ шоҳи Исроил дар насабнома навишта шуда буданд. 18  Реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашше дар лашкари худ 44 760 сарбози пурзӯру ҷангозмуда доштанд, ки сипару шамшер ва камондор буданд*. 19  Онҳо бо ҳоҷариён,+ Ятур, Нофиш+ ва Нӯдоб ҷангида буданд. 20  Вақте ки онҳо меҷангиданд, Худо ба онҳо ёрӣ дод ва ҳоҷариёну ҳамаи ҳамроҳонашонро ба дасташон супурд, чунки онҳо дар задухӯрд аз Худо мадад пурсиданд ва ӯ онҳоро шунид, зеро ба ӯ таваккал карданд.+ 21  Онҳо молашонро — 50 000 шутур, 250 000 гӯсфанд ва 2000 харро, ғанимат гирифтанд ва 100 000 нафарро асир карданд. 22  Он вақт бисёриҳо кушта шуданд, зеро бар зидди онҳо Худо меҷангид.+ Онҳо то замони асирӣ дар замини он мардум зистанд.+ 23  Насли нисфи қабилаи Менашше+ дар сарзамини аз Бошон то Баал-Ҳермӯн, Сенир ва кӯҳи Ҳермӯн+ мезист ва онҳо сершумор буданд. 24  Инҳоянд сарварони хонаводаҳои онҳо: Эфар, Ишъӣ, Алиил, Азриил, Ирмиё, Ҳудавё ва Яҳдиил, ки ҷанговарони пурзӯр, мардони номдор ва сарварони хонаводаҳои худ буданд. 25  Вале онҳо ба Худои бобоёни худ бевафоӣ карданд ва хиёнаткорона худоёни халқҳои он заминро, ки Худо аз пешашон нест карда буд, парастиш намуданд*.+ 26  Аз ин сабаб Худои Исроил Фули* шоҳи Ошур, яъне Тиҷлат-Филосари+ шоҳи Ошурро, бар зидди онҳо бархезонид+ ва ӯ реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашшеро асир карда, ба Ҳалаҳ, Ҳобӯр, Ҳоро ва минтақаи дарёи Ҷӯзон+ овард ва онҳо то имрӯз дар он ҷоянд.

Поварақҳо

Ё «Тилҷат-Филносари».
Ё «атрофашон».
Яъне Ёробъоми II.
Дар матни асл «ва камонро бо пояшон зер мекарданд».
Ё «бо худоёни... зино карданд». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».
Дар матни асл «рӯҳи Фули».