1 Воқеанома 7:1-40
7 Писарони Иссокор чор нафар — Тӯлоъ, Фуоҳ, Ёшуб ва Шимрӯн,+ буданд.
2 Писарони Тӯлоъ Уззӣ, Рафоё, Ериил, Яҳмай, Ибсом ва Шамуил — сарварони хонаводаҳо, буданд. Дар авлоди Тӯлоъ ҷанговарони пурзӯр буданд ва шумораи онҳо дар рӯзҳои Довуд 22 600 нафар буд.
3 Писарони Уззӣ инҳо буданд: Израҳё ва писарони Израҳё — Микоил, Убадё, Юил ва Ишиё, ҳамаи ин панҷ нафар сарвар буданд.
4 Онҳо ки зану писари бисёр доштанд, дар лашкарашон мувофиқи авлод ва хонаводаҳояшон барои ҷанг 36 000 сарбоз буд.
5 Бародарони онҳо аз ҳамаи хонаводаҳои Иссокор ҷанговарони пурзӯр буданд ва шумораи онҳо аз рӯйи насабнома 87 000 нафар буд.+
6 Писарони Бинёмин+ се нафар — Балаъ,+ Бакар+ ва Едиаил,+ буданд.
7 Писарони Балаъ Эсбӯн, Уззӣ, Узиил, Еримӯт ва Ирӣ — панҷ нафар, буданд, ки сарвари хонавода ва ҷанговари пурзӯр буданд, шумораи онҳо аз рӯйи насабномаашон 22 034 нафар буд.+
8 Писарони Бакар Замиро, Юош, Элиезер, Элюинай, Омрӣ, Иремӯт, Абиё, Анотӯт ва Оломат буданд, ҳамаи онҳо писарони Бакар буданд.
9 Шумораи ҷанговарони пурзӯри онҳо аз рӯйи насабнома мувофиқи авлод ва сарварони хонаводаҳояшон 20 200 нафар буд.
10 Писарони Едиаил+ инҳо буданд: Билҳон ва писарони Билҳон — Яуш, Бинёмин, Эҳуд, Канъона, Зейтон, Таршиш ва Аҳишоҳар.
11 Ҳамаи онҳо писарони Едиаил буданд ва мувофиқи сарварони хонаводаҳояшон 17 200 ҷанговари пурзӯре буданд, ки барои ҳамроҳи лашкар ба ҷанг баромадан тайёр буданд.
12 Шуфим ва Ҳуфим писарони Ир+ буданд. Ҳушим насли Аҳер буд.
13 Писарони Нафтолӣ+ Яҳасиил, Ҷунӣ, Есар ва Шаллум — писарони Билҳо,+ буданд.
14 Писарони Менашше:+ Асриил, ки ӯро суррияи арамиаш зода буд. (Ин суррия Мокири+ падари Ҷилъодро зода буд.
15 Мокир барои Ҳуфим ва Шуфим зан ёфт ва номи хоҳараш Маъко буд.) Номи писари дуюмаш Салафҳод+ буд, лекин Салафҳод фақат духтар дошт.+
16 Маъкои зани Мокир писар зоид ва номи ӯро Фораш монданд. Номи бародари ӯ Шораш буд ва писарони ӯ Улом ва Роқам буданд.
17 Писари* Улом Бадон буд. Инҳо буданд писарони Ҷилъоди писари Мокири писари Менашше.
18 Хоҳари ӯ Ҳамӯлокат буд. Ӯ Иш-Ҳӯд, Абиозер ва Маҳлоро зоид.
19 Писарони Шамидоъ Аҳён, Шакем, Лиқҳӣ ва Аниом буданд.
20 Писарони Эфроим+ инҳо буданд: Шутолаҳ,+ писараш Борад, писараш Таҳат, писараш Элъодо, писараш Таҳат,
21 писараш Зобод, писараш Шутолаҳ, ҳамчунин Эсар ва Элъод. Мардуми Ҷат,+ ки дар ин замин таваллуд шуда буданд, онҳоро куштанд, чунки барои гирифтани чорвои онҳо омада буданд.
22 Падарашон Эфроим рӯзҳои бисёр мотам гирифт ва бародаронаш барои тасаллӣ додани ӯ меомаданд.
23 Баъдтар ӯ бо занаш ҳамхоб шуд ва ӯ ҳомила шуда, писаре зоид. Ӯ номи писарашро Барио* монд, чунки, вақте ки занаш ӯро таваллуд кард, дар хонадонаш мусибат рӯй дода буд.
24 Духтари ӯ Шоара буд, ки Байт-Ҳорӯни Поёну+ Боло+ ва Узин-Шоараро бино кард.
25 Писарони ӯ инҳо буданд: писараш Рофаҳ ва ҳамчунин Рошаф, писараш Толаҳ, писараш Таҳан,
26 писараш Лаъдон, писараш Аммиҳуд, писараш Элишомаъ,
27 писараш Нун ва писараш Юшаъ*.+
28 Мулки онҳо ва маҳалҳои зисташон инҳо буд: Байт-Ил+ ва шаҳракҳои тобеи* он, дар шарқ — Наарон, дар ғарб — Ҷозар ва шаҳракҳои тобеи он, Шакем ва шаҳракҳои тобеи он то Айё* ва шаҳракҳои тобеи он,
29 дар бари писарони Менашше — Байт-Шеон+ ва шаҳракҳои тобеи он, Таънок+ ва шаҳракҳои тобеи он, Маҷиддӯ+ ва шаҳракҳои тобеи он ва Дӯр+ ва шаҳракҳои тобеи он. Дар ин ҷойҳо насли Юсуфи писари Исроил мезист.
30 Писарони Ошер Имно, Ишво, Ишвӣ ва Барио+ буданд ва хоҳари онҳо Сораҳ буд.+
31 Писарони Барио Ҳабар ва Малкиили падари Бирзоит буданд.
32 Ҳабар Яфлит, Шӯмер, Ҳӯтом ва хоҳарашон Шуо́ро ба дунё овард.
33 Писарони Яфлит Фосак, Бимҳол ва Ашвот буданд. Инҳо писарони Яфлит буданд.
34 Писарони Сомар* Аҳӣ, Роҳҷо, Ҳуббо ва Арам буданд.
35 Писарони бародараш Ҳилам* Сӯфаҳ, Имноъ, Шилаш ва Амал буданд.
36 Писарони Сӯфаҳ Суаҳ, Ҳарнофар, Шуол, Бирӣ, Имро,
37 Босар, Ҳӯд, Шаммо, Шилшо, Итрон ва Баиро буданд.
38 Писарони Етер Ефунне, Фисфо ва Аро буданд.
39 Писарони Улло Ораҳ, Ҳанниил ва Рисё буданд.
40 Ҳамаи онҳо писарони Ошер, сарварони хонаводаҳои худ, ҷанговарони пурзӯри яккачин, сарварони сардорон буданд. Шумораи онҳо барои ҷанг аз рӯйи насабнома+ 26 000 нафар буд.+
Поварақҳо
^ Дар матни асл «Писарони».
^ Маънояш «бо мусибат».
^ Ё «Еҳушаъ». Маънояш «Яҳува наҷот аст».
^ Ё «атрофи».
^ Ё, эҳтимол, «Ғазза», аммо на Ғаззаи фалиштиён.
^ Дар ояти 32 Шӯмер номида шудааст.
^ Эҳтимол, «Ҳӯтом»-е, ки дар ояти 32 омадааст.