1 Таслӯникиён 5:1-28
5 Лекин, эй бародарон, дар бораи замонҳову муҳлатҳо ба шумо навиштан ҳоҷат надорад.
2 Худи шумо нағз медонед, ки рӯзи Яҳува+ айнан мисли дузд дар шаб меояд.+
3 Вақте одамон «Ана акнун тинҷию амонӣ!» мегӯянд, ногаҳон нобуд мешаванд,+ мисли он ки зани ҳомиладор ногаҳон ба дарди зоиш дучор мешавад. Барои онҳо роҳи гурез нахоҳад буд.
4 Аммо шумо, эй бародарон, дар торикӣ нестед, ки омадани он рӯз бароятон ногаҳонӣ бошад, чи тавре ки дамидани субҳ барои дузд ғайричашмдошт аст,
5 зеро шумо на писарони шаб ва торикӣ,+ балки писарони рӯз ва равшаниед.+
6 Пас, биёед мисли дигарон хоб наравем,+ балки бедору+ ҳушёр бошем.+
7 Онҳое, ки мехобанд, шабона мехобанд ва онҳое, ки шароб менӯшанд, шабона маст мешаванд.+
8 Вале мо, ки писарони рӯз ҳастем, бояд ҳушёр бошем ва ҷавшани имону муҳаббатро дар бар карда, умеди наҷотро чун кулоҳи ҷангӣ* пӯшем.+
9 Охир, Худо моро на барои он даъват кардааст, ки ғазабашро бар мо фурӯ резад, балки, барои он ки ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ наҷот диҳад.+
10 Масеҳ барои мо мурд,+ то мо хоҳ бедор бошем, хоҳ хобида*, ҳамроҳи ӯ зиндагӣ кунем.+
11 Аз ин рӯ якдигарро дилбардорӣ кунеду қувват бахшед,+ чи тавре ки то ин дам мекардед.
12 Акнун аз шумо, эй бародарон, хоҳиш мекунем касонеро, ки дар байнатон бисёр меҳнат мекунанд, насиҳат медиҳанд ва дар хизмати Ҳазратамон шуморо роҳнамоӣ мекунанд, эҳтиром намоед
13 ва онҳоро барои меҳнаташон қадрдонии бисёр кунеду+ аз таҳти дил дӯст доред. Бо якдигар сулҳу осоиштагӣ дошта бошед.+
14 Инчунин, эй бародарон, аз шумо хоҳиш мекунем, ки вайронкорони тартибу низомро насиҳат кунед,+ рӯҳафтодагонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ кунед ва бо ҳама пуртоқат бошед.+
15 Эҳтиёт шавед, ки ҳеҷ кадоми шумо дар ивази бадӣ бадӣ накунад,+ балки ҳама вақт беҳбудии ҳамимонони худ ва дигаронро ҷӯё бошад.+
16 Ҳамеша шод бошед.+
17 Ҳама вақт дуо гӯед.+
18 Барои ҳама чиз шукргузор бошед.+ Чунин аст хости Худо барои шумо, пайравони Исои Масеҳ.
19 Оташи рӯҳро хомӯш насозед.+
20 Ба пешгӯйиҳо беаҳамиятӣ накунед.+
21 Ҳама чизро бисанҷед,+ ба он чӣ хуб аст, бичаспед.
22 Ба ҳеҷ гуна бадӣ даст назанед.+
23 Бигзор Худои сулҳу осоиштагӣ шуморо барои хизматаш ҷудо кунад ва бигзор рӯҳ, ҷон ва ҷисми шумо, эй бародарон, дар вақти ҳузури Ҳазратамон Исои Масеҳ аз ҳар ҷиҳат беайбу нуқсон бошад.+
24 Даъватгари шумо ба суханаш вафо карда ҳатман инро ба ҷо меорад.
25 Эй бародарон, дар ҳаққи мо доимо дуо гӯед.+
26 Ҳамаи бародаронро бо бӯсаи бародарона пешвоз гиред.
27 Ман шуморо ба номи Ҳазратамон вазифадор мекунам, ки ин номаро ба ҳамаи бародарон бихонед.+
28 Лутфу марҳамати Ҳазратамон Исои Масеҳ бо шумо бод!