1 Тимотиюс 2:1-15

  • Дуо барои ҳар гуна одамон (1–7)

    • Як Худо, як миёнарав (5)

    • Товони мувофиқ барои ҳама (6)

  • Дастурот ба мардону занон (8–15)

    • Либоси хоксорона (9, 10)

2  Аввалан, аз ҳама хоҳиш мекунам, ки барои ҳар гуна одамон зориву илтиҷо кунед, дуо гӯед ва шукргузорӣ намоед,  аз ҷумла дар ҳаққи подшоҳон ва ҳама мансабдорон,+ то минбаъд низ ҳаёти орому осуда ба сар барем ва бо худотарсиву ҷиддияти тамом рафтор кунем.+  Ин дар назари Наҷотбахшамон Худо+ хуб ва писандида аст,  зеро ӯ мехоҳад, ки ҳама гуна одамон наҷот ёбанд+ ва дар бораи ростӣ дониши хуб* гиранд.  Як Худо ҳаст+ ва як миёнарав+ байни Худову одамон,+ ки Исои Масеҳ аст.+ Ин мард  худро ба ҷойи ҳар гуна одамон чун товони* мувофиқ дод+ ва дар ин бора бояд дар вақти муайян шаҳодат диҳанд.  Барои ҳамин ман воиз ва расул таъйин гаштаам+ — гапам рост аст, на дурӯғ. Ман муаллими халқҳо таъйин шудаам,+ то ба онҳо дар бораи имон ва ростӣ таълим диҳам.+  Пас, мехоҳам, ки мардон аз хашму ғазаб+ ва баҳсу мунозира+ дурӣ ҷуста, дар ҳар ҷо вафодорона дасти дуо бардоранд.+  Ба ин монанд, занон низ худро бо либоси шоиста, бо хоксориву солимфикрӣ оро диҳанд, на бо ҳар хел мӯйбофӣ ва на бо тилло, марворид ё либосҳои қиматбаҳо,+ 10  балки бо корҳои нек, чуноне ки ба занони худотарс зебанда аст.+ 11  Бигзор зан хомӯшона ва бо фармонбардории пурра таълим гирад.+ 12  Ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ё бар мард ҳукмфармо бошад, балки хомӯш истад,+ 13  зеро аввал Одам офарида шуд ва баъд аз ӯ Ҳавво.+ 14  Ҳамчунин Одам фирефта нашудааст, балки зан сахт фиреб хӯрда,+ гунаҳкор гаштааст. 15  Аммо бо зодани фарзанд зан аз роҳи каҷ дар амон хоҳад буд,+ ба шарте ки боимон, пурмеҳр, покдоман ва солимфикр бимонад.+

Поварақҳо

Ё «дониши дақиқ».
Ё «фидияи». Ниг. ба луғат, ба калимаи «товон».