2 Воқеанома 17:1-19

  • Еҳушофоти шоҳи Яҳудо (1–6)

  • Таълим додани мардум (7–9)

  • Қудрати Еҳушофот (10–19)

17  Ба ҷойи Осо писараш Еҳушофот+ подшоҳ шуд, ки мавқеи худро бар Исроил мустаҳкам кард.  Ӯ дар тамоми шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо сарбозонро гузошт, ҳамчунин дар замини Яҳудою он шаҳрҳои Эфроим, ки падараш Осо забт карда буд,+ посгоҳҳо сохт.  Яҳува бо Еҳушофот буд, зеро ӯ бо роҳҳои пешина, роҳҳои бобояш Довуд,+ мерафт ва Баалҳоро ҷӯё набуд,  балки Худои падарашро ҷӯё буд+ ва аз пайи корҳои Исроил неву аз пайи амрҳои Худо мерафт.+  Яҳува подшоҳиро дар дасти ӯ торафт устувор мекард+ ва аҳли Яҳудо ба Еҳушофот туҳфа меовард ва ӯ соҳиби сарвату ҷалоли зиёде гашт.+  Ӯ қавидил гашта, бо роҳҳои фармудаи Яҳува равона шуд ва ҳатто баландиҳову Ашераҳоро*+ дар Яҳудо барҳам дод.+  Дар соли сеюми ҳукмрониаш ӯ мирони худ Бен-Ҳайил, Убадё, Закарё, Натанъил ва Микойҳуро даъват намуд, то онҳо ба шаҳрҳои Яҳудо рафта, мардумро таълим диҳанд.  Бо онҳо левизодагон: Шамаъёҳу, Натанё, Забадё, Асоил, Шемиромӯт, Еҳунотон, Адӯниё, Тубиё ва Тӯв-Адӯниё, ҳамчунин коҳинон+ Элишомаъ ва Еҳуром буданд.  Онҳо китоби Шариати Яҳуваро бо худ гирифта, дар Яҳудо таълим доданро сар карданд+ ва дар тамоми шаҳрҳои Яҳудо гашта, мардумро таълим доданд. 10  Тарси Яҳува тамоми подшоҳиҳои гирду атрофи Яҳудоро фаро гирифт ва онҳо бар зидди Еҳушофот наҷангиданд. 11  Фалиштиён ба Еҳушофот ҳадия ва пули хироҷ медоданд. Арабҳо аз рамаҳои худ ба ӯ 7700 қӯчқор ва 7700 нарбуз меоварданд. 12  Еҳушофот торафт пурзӯр мешуд+ ва дар Яҳудо истеҳкомҳо ва шаҳрҳо барои захира кардан+ месохт.+ 13  Ӯ дар шаҳрҳои Яҳудо корҳои зиёде кард ва дар Ерусалим ҷанговарони пурзӯри далер дошт. 14  Онҳоро аз рӯйи хонаводаҳояшон тақсим карда буданд: аз мириҳазорони Яҳудо Аднои сардор буд, ки 300 000 ҷанговари пурзӯр дошт.+ 15  Зердасти ӯ Еҳуҳонони сардор буд, ки 280 000 ҷанговар дошт. 16  Амасёи писари Зикрӣ низ зердасти ӯ буд, ки хизмати Яҳуваро ихтиёр карда буд ва 200 000 ҷанговари пурзӯр дошт. 17  Аз Бинёмин+ Элиёдо ном ҷанговари пурзӯре буд, ки ҳамроҳаш 200 000 марди камонвару сипардор буд.+ 18  Зердасти ӯ Юзобод буд, ки 180 000 марди барои ҷанг мусаллаҳ дошт. 19  Инҳо, ғайр аз касоне, ки подшоҳ дар саросари Яҳудо, дар шаҳрҳои ҳисордор, гузошта буд, ба подшоҳ хизмат мекарданд.+

Поварақҳо

Ашера — ниг. ба луғат.