2 Воқеанома 23:1-21

  • Еҳуёдоъ Еҳуошро подшоҳ мекунад (1–11)

  • Марги Аталё (12–15)

  • Кӯшишҳои Еҳуёдоъ барои ибодати пок (16–21)

23  Дар соли ҳафтум Еҳуёдоъ далерӣ карда бо мирисадҳо+ — Азарёи писари Ерӯҳом, Исмоили писари Еҳуҳонон, Азарёи писари Убайд, Маасиёҳуи писари Адоё ва Элишофоти писари Зикрӣ, аҳд баст.  Онҳо дар саросари Яҳудо гашта, левизодагонро+ аз ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо ва сарварони хонаводаҳои Исроилро ҷамъ оварданд. Вақте ки онҳо ба Ерусалим омаданд,  тамоми ҷамоат дар хонаи Худо бо подшоҳ аҳд баст.+ Пас аз ин Еҳуёдоъ ба онҳо гуфт: «Акнун писари шоҳ ҳукмронӣ хоҳад кард, ҳамон тавре ки Яҳува дар бораи писарони Довуд ваъда дода буд.+  Пас, чунин бикунед: сеяки коҳинону левизодагоне, ки рӯзи шанбе навбатдорӣ мекунанд,+ дарвозабон+ шавад,  сеяки дигари онҳо назди қасри подшоҳ+ ва боз сеяке назди дарвозаи Таҳкурсӣ биистад, тамоми мардум бошад, дар саҳнҳои хонаи Яҳува+ хоҳад буд.  Ғайр аз коҳинон ва левизодагоне, ки хизмат мекунанд,+ ба касе иҷозат надиҳед, ки ба хонаи Яҳува дарояд. Коҳинону левизодагон ки поку муқаддасанд, метавонанд дароянд, тамоми мардум бошад, вазифаи худро пеши Яҳува дар берун ба ҷо орад.  Левизодагон бояд ба даст аслиҳа гирифта, подшоҳро гирд кунанд. Ҳар касеро, ки ба хона даромаданӣ шавад, бикушед ва ба ҳар ҷое подшоҳ биравад*, ҳамроҳаш бошед».  Левизодагон ва аҳли Яҳудо ҳар он чиро, ки Еҳуёдои коҳин ба онҳо фармуд, ба ҷо оварданд. Ҳар сардор одамонашро, ки рӯзи шанбе навбатдор буданд, инчунин онҳоеро, ки навбаташон рӯзи шанбе набуд,+ зеро Еҳуёдои коҳин гурӯҳҳоро+ ҷавоб надода буд, ҳамроҳи худ гирифт.  Еҳуёдои коҳин найзаҳо, сипарҳои хурд ва сипарҳои гирдаи шоҳ Довудро,+ ки дар хонаи Худо буд,+ ба мирисадҳо+ дод. 10  Пас аз ин ӯ ҳамаи одамонро, ҳар якеро аслиҳа* дар даст, аз тарафи рости хона то тарафи чапи он, назди қурбонгоҳ ва назди хона, гирдогирди подшоҳ гузошт. 11  Онҳо шоҳзодаро+ бароварда, бар сараш тоҷ ва шаҳодатро*+ гузоштанду ӯро подшоҳ карданд ва Еҳуёдову писаронаш ӯро тадҳин намуданд*. Сипас онҳо гуфтанд: «Зинда бод подшоҳ!»+ 12  Аталё садои даводави одамон ва дар васфи подшоҳ нидо кардани онҳоро шунида дарҳол назди мардум ба хонаи Яҳува омад.+ 13  Ӯ дид, ки подшоҳ пеши сутуни худ, дар назди даромадгоҳ, истодааст. Мирону+ карнайнавозон бо подшоҳ буданд ва тамоми мардуми мамлакат хурсандӣ мекарду+ карнай менавохт ва сарояндагон созҳо дар даст васфу ситоиш гуфтанро роҳбарӣ мекарданд. Он гоҳ Аталё либосашро чок карда, дод зад: «Хиёнат! Хиёнат!» 14  Еҳуёдои коҳин бошад, мирисадонро, ки бар сари лашкар гузошта шуда буданд, бароварда, гуфт: «Ӯро аз сафҳо бароред ва ҳар касеро, ки аз пайи ӯ равад, бо дами шамшер бикушед!», зеро коҳин гуфта буд, ки ӯро дар хонаи Яҳува накушанд. 15  Онҳо Аталёро дастгир карда, бароварданд ва, вақте ба даромадгоҳи дарвозаи қасри подшоҳ, ки дарвозаи Асп ном дошт, расиданд, дарҳол ӯро куштанд. 16  Баъд аз ин Еҳуёдоъ бо тамоми халқ ва подшоҳ аҳд баст, ки халқи Яҳува бимонанд.+ 17  Тамоми халқ ба ибодатхонаи Баал рафта, онро вайрон намуд,+ қурбонгоҳҳову бутҳояшро майда-майда кард+ ва Маттони коҳини Баалро+ дар пеши қурбонгоҳҳо кушт. 18  Сипас Еҳуёдоъ назорати хонаи Яҳуваро ба коҳинону левизодагон супурд. Довуд онҳоро ба гурӯҳҳо тақсим карда буд, то хонаи Яҳуваро нигоҳубин кунанд, мувофиқи он чӣ дар Тавроти* Мӯсо навишта шудааст,+ ба Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ оранд+ ва ин корро, чуноне ки Довуд дастур дода буд, бо шодиву суруд ба ҷо оранд. 19  Ӯ инчунин дар назди дарвозаҳои хонаи Яҳува дарбононро гузошт,+ то касе, ки аз ягон ҷиҳат нопок аст, ба он ҷо надарояд. 20  Ӯ мирисадҳо,+ калоншавандагон, ҳокимон ва тамоми халқи мамлакатро гирифта, шоҳро аз хонаи Яҳува баровард. Сипас онҳо аз дарвозаи боло гузашта, ба қасри подшоҳ омаданд ва ӯро бар тахти+ подшоҳӣ шинонданд.+ 21  Тамоми халқи мамлакат аз ин шоду хурсанд шуд ва шаҳр ором гирифт, зеро Аталё бо шамшер ба қатл расонда шуд.

Поварақҳо

Дар матни асл «ҳангоми баромадану даромаданаш».
Ё «найза».
Тадҳин — ниг. ба луғат.
Эҳтимол, дастхатеро, ки дар он Шариати Худо навишта шуда буд.
Ё «Шариати».