2 Подшоҳон 24:1-25
24 Вақте ки касе Довудро бар зидди исроилиён иғво андохта гуфт: «Бирав ва Исроилу Яҳудоро саршуморӣ кун»,+ ғазаби Яҳува боз бар Исроил аланга зад.+
2 Подшоҳ аз Юоби+ сарлашкар, ки ҳамроҳаш буд, хоҳиш кард: «Дар тамоми қабилаҳои Исроил, аз Дон то Баир-Шобаъ,+ гашта, халқро саршуморӣ кун, то шумораи халқро бидонам».
3 Лекин Юоб ба подшоҳ гуфт: «Бигзор Худоят Яҳува шумораи мардумро 100 баробар зиёд кунад ва чашмони хоҷаам подшоҳ инро бубинад, вале барои чӣ хоҷаам подшоҳ мехоҳад ба ин кор даст занад?»
4 Аммо подшоҳ ба сухани Юоб ва сарони лашкар гӯш надод. Аз ин рӯ Юоб бо сарони лашкар аз пеши подшоҳ рафт, то халқи Исроилро саршуморӣ кунад.+
5 Онҳо аз Урдун гузашта, дар Арӯэр+ ва аз тарафи рости* шаҳре, ки дар миёни водӣ аст, урду заданд ва баъд сӯйи замини ҷодиён ва ба Яъзир+ равона шуданд.
6 Сипас онҳо ба Ҷилъод+ ва замини Таҳтим-Ҳодшӣ раҳсипор шуданд, аз он ҷо ба Дон-Яан омаданд ва давр зада, сӯйи Сидӯн+ рафтанд.
7 Баъд онҳо ба қалъаи Сӯр+ ва ҳамаи шаҳрҳои ҳиввиёну+ канъониён равона шуданд ва оқибат ба Негеби+ Яҳудо, ба Баир-Шобаъ,+ омаданд.
8 Онҳо дар саросари кишвар гашта, бо гузашти нуҳ моҳу бист рӯз ба Ерусалим омаданд.
9 Юоб ба подшоҳ шумораи мардумеро, ки ба ҳисоб овард, хабар дод. Шумораи ҷанговарони шамшерзани Исроил 800 000 ва мардони Яҳудо 500 000 буд.+
10 Вале виҷдони* Довуд ӯро азоб дод,+ ки халқро саршуморӣ кард. Довуд ба Яҳува гуфт: «Ман бо ин корам гуноҳи азиме кардам.+ Эй Яҳува, илтимос, аз гуноҳи бандаат гузар,+ зеро ман беақлона рафтор кардам».+
11 Вақте ки Довуд саҳарӣ бархест, Яҳува ба пайғамбар Ҷод,+ ки пешбини Довуд буд, паём фиристода, гуфт:
12 «Бирав ва ба Довуд чунин бигӯ: “Ин аст сухани Яҳува: “Ман ба ту се чизро пешниҳод мекунам. Якеро интихоб намо ва онро бар сарат меорам”».+
13 Ҷод назди Довуд омада, гуфт: «Оё ба сарзаминат ҳафт соли қаҳтӣ ояд?+ Ё душманонат аз пасат сур кунанд ва се моҳ аз онҳо дар гурез бошӣ?+ Ё се рӯз дар заминат вабо бошад?+ Нағз фикр кун ва бигӯ, ки ба Фиристандаи худ чӣ ҷавобе барам».
14 Довуд ба Ҷод гуфт: «Азобам зӯр аст. Беҳтар аст, ки ба дасти Яҳува афтем,+ зеро раҳми ӯ бузург аст,+ вале ба дасти одамизод наафтам».+
15 Он гоҳ Яҳува ба Исроил аз он саҳар то вақти муқарраршуда вабо+ фиристод ва аз Дон то Баир-Шобаъ+ 70 000 нафар мурд.+
16 Вақте фаришта дасти худро сӯйи Ерусалим дароз кард, то онро нобуд созад, Яҳува аз он офат пушаймон шуд*+ ва ба фариштае, ки мардумро ҳалок мекард, гуфт: «Бас аст! Дастатро боздор». Он вақт фариштаи Яҳува дар назди хирмангоҳи Аравнои+ ябусӣ+ буд.
17 Вақте Довуд фариштаеро, ки мардумро нобуд мекард, дид, ба Яҳува гуфт: «Гуноҳкор манам ва хато аз ман сар зад, вале гуноҳи ин гӯсфандон+ чист? Бигзор дасти ту бар зидди ман ва хонадони падари ман бошад».+
18 Дар он рӯз Ҷод назди Довуд омада, гуфт: «Бархез ва барои Яҳува дар хирмангоҳи Аравнои ябусӣ+ қурбонгоҳе бисоз».
19 Довуд мувофиқи сухани Ҷод, чуноне ки Яҳува фармуд, равона шуд.
20 Вақте чашми Аравно ба подшоҳ ва ходимонаш, ки сӯяш меомаданд, афтид, дарҳол баромада, ба подшоҳ то ба замин таъзим кард.
21 Аравно пурсид: «Чӣ шуд, ки хоҷаам подшоҳ ба назди бандааш омад?» Довуд ҷавоб дод: «Мехоҳам хирмангоҳатро харида, барои Яҳува қурбонгоҳ созам, то ин балое, ки бар сари халқ омадааст, бас шавад».+
22 Вале Аравно ба Довуд гуфт: «Бигзор хоҷаам подшоҳ онро бигирад ва ҳар чизеро, ки дар назараш хуб бошад, пешкаш кунад. Ана говон барои қурбонии сӯхтанӣ ва чапари ғаллакӯбию абзори говҳо барои ҳезум.
23 Шоҳам, ҳамаи инро Аравно ба подшоҳ медиҳад». Аравно боз чунин гуфт: «Бигзор Худоят Яҳува ба ту лутфу марҳамат кунад».
24 Аммо подшоҳ ба Аравно гуфт: «Не, ман онро аз ту мехарам. Ман ба Худоям Яҳува қурбониҳои сӯхтании муфтро пешкаш намекунам». Ҳамин тавр Довуд хирмангоҳ ва говҳоро ба 50 сиқл* нуқра харид.+
25 Довуд дар он ҷо барои Яҳува қурбонгоҳ+ сохт ва қурбониҳои сӯхтанию қурбониҳои осоиштагӣ овард. Баъд аз ин Яҳува илтиҷои онҳоро барои сарзамин шунид+ ва балое, ки ба сари Исроил омада буд, бас шуд.
Поварақҳо
^ Ё «ҷанубии».
^ Дар матни асл «дили».
^ Ё «ғамгин шуд».
^ Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.