2 Қӯринтиён 8:1-24
8 Ҳоло, эй бародарон, мехоҳем дар бораи лутфу марҳамате, ки Худо ба ҷамоатҳои Мақдуния+ кардааст, бидонед.
2 Онҳо бо вуҷуди камбағалии сахташон, ҳатто вақте дар озмоишҳо бисёр азоб мекашиданд, хеле шод буданд ва бо саховатмандии худ нишон доданд, ки бой ҳастанд.
3 Онҳо ҳар чӣ аз дасташон омад, карданд+ ва ман шоҳидам, ки ҳатто беш аз он чӣ метавонистанд, карданд.+
4 Онҳо худашон аз мо гаштаю баргашта илтимос намуданд, ки хайрияашонро қабул кунем, зеро дастгирӣ кардани покон+ барояшон шараф аст.
5 Коре, ки онҳо карданд, беш аз чашмдошти мо буд, зеро пеш аз ҳама худро мувофиқи хости Худо ба Ҳазрат ва ба мо пешкаш карданд.
6 Бинобар ин аз Титус хоҳиш кардем,+ ки кореро, ки дар байни шумо сар карда буд, ба анҷом расонад, яъне хайрияҳоятонро то охир ҷамъ орад.
7 Пас, шумо, ки аз ҳар чиз — аз имон, аз калом, аз дониш, аз ҳар гуна ҷидду ҷаҳд ва аз муҳаббате, ки ба шумо дорем, пур ҳастед, дар хайрия кардан низ дасткушод бошед.+
8 Ин фармон нест, ман фақат мехоҳам шуморо аз ҷидду ҷаҳди дигарон хабардор созам ва самимияти муҳаббати шуморо бисанҷам.
9 Шумо лутфу марҳамати Ҳазратамон Исои Масеҳро медонед, ки, ҳарчанд ӯ сарватманд буд, баҳри шумо камбағал шуд,+ то ба воситаи камбағалии ӯ сарватманд гардед.
10 Фикри ман дар ин бора чунин аст:+ ин кор ба фоидаи худи шумост, зеро як сол пеш шумо ин корро на танҳо сар кардед, балки ба анҷом расондан низ мехостед.
11 Пас, кореро, ки сар карда будед, алоқадри қуввати худ бо ҷидду ҷаҳди аввала ба анҷом расонед.
12 Ҳадия хусусан вақте ба Худо маъқул аст, ки аз таҳти дил дода шавад, чунки Худо интизор нест, ки кас беш аз қуввати худ бидиҳад,+ балки фақат аз рӯйи тавонаш.
13 Албатта, ман намехоҳам, ки ба дигарон осон бошаду ба шумо душвор,
14 балки мехоҳам, ки баробарӣ бошад, яъне зиёдатие, ки шумо доред, камии онҳоро пур кунаду зиёдатии онҳо камии шуморо ва ҳамин тавр баробарӣ шавад.
15 Чи тавре ки навишта шудааст: «Касе бисёр ҷамъ карда буд, аз ҳад зиёд надошт ва касе кам ҷамъ карда буд, аз ҳад кам надошт».+
16 Худоро шукр, ки Титус низ мисли мо аз таҳти дил ғами шуморо мехӯрад,+
17 зеро ӯ хоҳиши моро иҷро кард ва, азбаски ҷидду ҷаҳди зиёд дорад, худаш мехоҳад назди шумо равад.
18 Мо ҳамроҳи Титус бародареро равона мекунем, ки тамоми ҷамоатҳо ӯро барои корҳое, ки баҳри хушхабар мекунад, таърифу таҳсин менамоянд.
19 Ғайр аз ин, ҷамоатҳо ин бародарро таъйин намудаанд, то ҳамсафари мо бошаду мо ин хайрияҳоро бирасонем. Бо ин кор мо Ҳазратро ҷалол медиҳем ва исбот мекунем, ки ба ёрӣ додан тайёрем.
20 Ин тавр карда мо эҳтиёт мешавем, ки, вақте хайрияҳои саховатмандонаатонро мерасонем, касе дар мо айбе наёбад,+
21 зеро мо «кӯшиш мекунем, ки на танҳо дар назди Яҳува, балки назди одамон низ дар ҳар маврид ҳалолкор бошем».+
22 Ҳамроҳи онҳо боз як бародарамонро мефиристем, ки ӯро борҳои зиёд санҷида, дилпур шудем, ки аз бисёр ҷиҳат боғайрат аст, ва ҳоло ки ба шумо боварии зиёд дорад, ғайраташ боз ҳам бештар гаштааст.
23 Агар аз Титус дилатон пур набошад, бидонед, ки ӯ ҳамроҳу ҳамкори ман буда, ба манфиати шумо хизмат мекунад. Дар бораи бародарони ҳамроҳаш бошад, гуфтаниям, ки онҳо расулони ҷамоатҳоянд ва Масеҳро ҷалол медиҳанд.
24 Пас, муҳаббати худро дар амал ба онҳо исбот кунед+ ва ба ҷамоатҳо нишон диҳед, ки бо шумо беҳуда фахр накардаем.