4 Мӯсо 21:1-35

  • Подшоҳи Арод мағлуб мешавад (1–3)

  • Мори мисин (4–9)

  • Исроилиён аз Мӯоб мегузаранд (10–20)

  • Сиҳӯн, подшоҳи амӯрӣ, мағлуб мешавад (21–30)

  • Ӯҷ, подшоҳи амӯрӣ, мағлуб мешавад (31–35)

21  Вақте подшоҳи Арод,+ ки канъонӣ буду дар Негеб зиндагӣ мекард, шунид, ки исроилиён бо роҳи Аторим омадаанд, ба онҳо ҳамла кард ва баъзеи онҳоро ба асирӣ бурд.  Он вақт Исроил ба Яҳува назр карда* гуфт: «Агар ин халқро ба дасти ман диҳӣ, ман ҳатман шаҳрҳои онҳоро ба нестӣ месупорам».  Яҳува овози Исроилро шунид ва канъониёнро ба дасти онҳо супурд ва исроилиён шаҳрҳои онҳо ва сокинонашонро ба нестӣ супурданд. Барои ҳамин онҳо он ҷоро Ҳормо*+ номиданд.  Онҳо аз кӯҳи Ҳӯр+ бо роҳи баҳри Сурх сафари худро давом доданд, то ки замини Адӯмро+ давр зада гузаранд. Халқ аз сафар монда шуданд  ва ба Худову Мӯсо зид баромада мегуфтанд:+ «Барои чӣ моро аз замини Миср берун овардӣ, то ки дар биёбон бимирем? Дар ин ҷо на хӯрок ҳасту на об+ ва мо аз ин нони нафратовар дилбазан шудаем».+  Он гоҳ Яҳува морҳои заҳрдорро ба миёни халқ фиристод ва онҳо мардумро заҳр задан гирифтанду бисёре аз исроилиён мурданд.+  Мардум назди Мӯсо омада, гуфт: «Мо бар зидди Яҳува ва бар зидди ту сухан гуфта гуноҳ кардем.+ Дар ҳаққи мо аз Яҳува илтимос кун, ки моро аз морҳо халос кунад». Мӯсо барои мардум аз Худо илтимос кард.+  Сипас Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Барои худ чизе ба монанди мори заҳрдоре бисоз ва онро ба асое бичаспон. Он гоҳ ҳар киро мор бигазад, метавонад ба он нигоҳ кунад ва зинда монад».  Мӯсо дарҳол мори мисине сохта,+ онро ба асое часпонд+ ва ҳар гоҳе шахсеро мор мегазид, вай ба мори мисин назар мекард ва зинда мемонд.+ 10  Пас аз ин исроилиён ба роҳ баромаданд ва дар Ӯбӯт хайма заданд.+ 11  Сипас аз Ӯбӯт кӯч карда, дар Ийе-Аборим,+ биёбоне, ки рӯ ба рӯйи Мӯоб, аз тарафи шарқ, ҷойгир аст, хайма заданд. 12  Онҳо аз он ҷо кӯч карда, назди водии Зорад+ хайма заданд. 13  Аз он ҷо онҳо ба Арнӯн+ омада, хайма заданд, ки он дар биёбоне ҷойгир буд, ки аз сарҳади амӯриён сар мешавад (Арнӯн сарҳади Мӯоб буда, байни Мӯобу амӯриён ҷойгир аст). 14  Аз ин рӯ дар Ҷангномаи Яҳува дар бораи «Воҳиб, ки дар Суфа аст, ва водиҳои Арнӯн 15  ва ҳамчунин пастхамии водиҳои Арнӯн, ки то ба Ор рафта мерасад ва бо сарҳади Мӯоб мепайвандад», гуфта шудааст. 16  Аз он ҷо онҳо ба Баир* омаданд. Ин ҳамон чоҳест, ки Яҳува дар борааш ба Мӯсо гуфта буд: «Халқро ҷамъ кун, то ман ба онҳо об диҳам». 17  Он вақт Исроил чунин суруд хонд: «Лабрез шав, эй чоҳ! Дар ҷавоби он бисароед! 18  Чоҳе, ки мирон кандаанд ва калоншавандагон кофтаанд,Бо асои ҳоким ва бо чӯбдастҳои худ онро кандаанд». Пас аз ин онҳо аз он биёбон ба Маттоно равона шуданд. 19  Аз Маттоно онҳо ба Наҳалиил ва аз Наҳалиил ба Бомӯт+ равона шуданд. 20  Аз Бомӯт онҳо ба водие омаданд, ки дар қаламрави Мӯоб+ ҷойгир аст ва ба қуллаи Фисҷа,+ ки бар Ешимӯн*+ қад кашидааст, наздик аст. 21  Исроил назди Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, хабаррасононро фиристода, гуфт:+ 22  «Иҷозат деҳ, ки аз замини ту гузарем. Мо ба киштзор ва ё токзори ту намедароем ва аз чоҳҳои ту об наменӯшем. Мо бо Шоҳроҳ меравем, то даме ки аз замини ту гузашта равем».+ 23  Аммо Сиҳӯн ба Исроил иҷозат надод, ки аз заминаш гузарад. Баръакс, Сиҳӯн тамоми халқи худро ҷамъ карда, бар зидди Исроил ба биёбон баромад ва ба Ёҳас омада, бо Исроил ҷангид.+ 24  Исроил Сиҳӯнро бо шамшер зада мағлуб кард+ ва замини ӯро аз Арнӯн+ то Яббӯқ,+ ки дар наздикиҳои замини аммӯниён аст, ба даст даровард.+ Аммо аз Яъзир+ он сӯро забт накард, зеро он бо замини аммӯниён+ ҳамсарҳад аст. 25  Исроилиён тамоми ин шаҳрҳоро забт карданд ва дар ҳамаи шаҳрҳои амӯриён,+ аз он ҷумла дар Ҳешбӯн ва ҳамаи шаҳракҳои тобеаш*, сокин шуданд. 26  Ҳешбӯн шаҳри Сиҳӯни подшоҳи амӯриён буд. Вай бо подшоҳи Мӯоб ҷанг карда буд ва ҳамаи заминашро то Арнӯн аз дасти вай гирифта, аз худ карда буд. 27  Аз ин рӯ чунин мақоли масхараомезе пайдо шудааст: «Ба Ҳешбӯн биёед. Бигзор шаҳри Сиҳӯн бино ёфта, мустаҳкам гардад! 28  Оташ аз Ҳешбӯн берун омад ва аланга аз Сиҳӯн. Оташ Ор-Мӯобро сӯзонд ва ҳокимони баландиҳои Арнӯнро фурӯ бурд. 29  Вой бар ҳоли ту, эй Мӯоб! Шумо нест мешавед, эй мардуми Камуш!+ Вай писарони худро гуреза кард ва духтаронашро асири Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, гардонд. 30  Биёед ба онҳо тир андозем,Ҳешбӯн то Дибӯн+ несту нобуд мешавад. Биёед онро то Нуфаҳ харобазор созем,Оташ то Мидбо+ паҳн мешавад». 31  Исроил дар замини амӯриён сокин шуд. 32  Он вақт Мӯсо баъзе касонро ба Яъзир+ фиристод, то онро ҷосусӣ кунанд ва исроилиён шаҳракҳои тобеи* онро забт карда, амӯриёнеро, ки он ҷо зиндагӣ мекарданд, ронданд. 33  Пас аз ин онҳо тоб хӯрда, бо роҳи Бошон баромаданд. Ӯҷ,+ подшоҳи Бошон, бо тамоми халқи худ баромад, то бо онҳо назди Эдрей+ ҷанг кунад. 34  Он вақт Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Аз вай натарс,+ зеро ман ӯву тамоми халқаш ва заминашро ба дасти ту медиҳам.+ Ту бо ӯ тавре амал мекунӣ, ки бо Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн зиндагӣ мекард, карда будӣ».+ 35  Исроилиён подшоҳи Бошонро бо писаронаш ва тамоми халқаш зарба заданд, то даме ки касе аз онҳо зинда намонд,+ ва исроилиён заминашро соҳиб шуданд.+

Поварақҳо

Назр — ниг. ба луғат.
Маънояш «ба нестӣ супурдан».
Маънояш «чоҳ».
Ё, эҳтимол, «биёбон».
Ё «атрофаш».
Ё «атрофи».