4 Мӯсо 31:1-54

  • Қасос гирифтан дар Мидён (1–12)

    • Билъом кушта мешавад (8)

  • Дастур дар бораи гирифтани ғанимат вақти ҷанг (13–54)

31  Яҳува ба Мӯсо гуфт:  «Аз мидёниён+ барои исроилиён қасос бигир.+ Баъд аз ин ту ба гузаштагони худ мепайвандӣ».+  Мӯсо ба халқ чунин гуфт: «Аз миёни худ мардонро бо яроқ таъмин кунед, то ба ҷанги Мидён бираванд ва қасди Яҳуваро аз Мидён бигиранд.  Аз ҳар қабилаи Исроил 1000-нафарӣ барои ҷанг бифиристед».  Аз миёни исроилиён,+ аз ҳар қабила 1000-нафарӣ, ҳамагӣ 12 000 ҷанговари мусаллаҳ, барои ҷанг ҷудо шуданд.  Сипас Мӯсо онҳоро ба ҷанг фиристод. Ӯ аз ҳар қабила 1000 нафарро ҳамроҳи Финҳоси+ писари Элъозор, ки коҳини лашкар буду ашёи муқаддас ва карнайҳо+ барои навохтан дар даст дошт, фиристод.  Исроилиён, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, бо Мидён ҷангиданд ва ҳар мардинаи онро куштанд.  Онҳо ҳамчунин панҷ подшоҳи Мидён, яъне Эвӣ, Роқам, Сур, Ҳур ва Рабаъро куштанд. Онҳо Билъоми+ писари Баӯрро низ аз дами шамшер гузаронданд.  Занон ва кӯдакони Мидёнро бошад, исроилиён асир гирифтанд. Онҳо ҳамчунин ҳамаи чорпоён, тамоми гову мол ва тамоми дороияшонро тороҷ карданд. 10  Тамоми шаҳрҳоеро, ки мидёниён дар онҳо зиндагӣ мекарданд, исроилиён оташ заданд ва тамоми хаймагоҳҳои* онҳоро сӯзонданд. 11  Исроилиён ҳамаи асирон ва ғаниматро гирифта, 12  онҳоро назди Мӯсо, Элъозори коҳин ва тамоми мардуми Исроил, ба хаймагоҳ оварданд, ки он дар даштҳои Мӯоб,+ назди Урдун, дар рӯ ба рӯйи Ериҳӯ, ҷойгир буд. 13  Сипас Мӯсо ва Элъозори коҳин ва ҳама сардорони халқ ба пешвози онҳо берун аз хаймагоҳ баромаданд. 14  Вале Мӯсо бар сардорони лашкар, бар мириҳазорон ва мирисадҳо, ки аз ҷанг бармегаштанд, дарғазаб шуд. 15  Мӯсо ба онҳо гуфт: «Оё шумо ҳама занонро зинда гузоштед? 16  Охир, ҳамин занон буданд, ки аз рӯйи сухани Билъом амал карда, исроилиёнро ба хиёнат тела доданд.+ Аз сабаби онҳо исроилиён дар масъалаи Фаӯр+ ба Яҳува хиёнат карданд ва Яҳува бар сари мардум вабо овард.+ 17  Ҳозир бошад, ҳар писарбачаро бикушед ва ҳар занеро, ки бо мард ҳамхоб шудааст, ба қатл расонед. 18  Аммо ҷавондухтаронеро, ки бо мард ҳамхоб нашудаанд, метавонед зинда монед.+ 19  Ҳамчунин берун аз хаймагоҳ ҳафт рӯз хайма занед. Ҳар касе аз миёни шумо одам кушта бошад ва ё ба ҷасади мурда расида бошад,+ бояд худро пок созад.+ Шумо ва асиронатон бояд худро дар рӯзи сеюм ва ҳафтум пок созед. 20  Ғайр аз ин, ҳар либос, ҳар чизи чармин, ҳар чизе, ки аз пашми буз тайёр шудааст, ва ҳар чизи чӯбинро аз гуноҳ пок созед». 21  Элъозори коҳин ба ҷанговароне, ки ба ҷанг рафта буданд, гуфт: «Ин аст дастуре, ки Яҳува ба воситаи Мӯсо додааст: 22  “Танҳо тилло, нуқра, мис, оҳан, қалъагӣ ва сурбро, 23  яъне ҳар он чиро, ки аз оташ гузаронида мешавад, аз оташ гузаронед ва он пок мешавад. Ғайр аз ин, ин чизҳоро бояд бо оби поксозӣ пок намуд.+ Ҳар он чиро, ки аз оташ гузаронида намешавад, аз об гузаронед. 24  Дар рӯзи ҳафтум шумо бояд либосҳои худро бишӯед ва он гоҳ пок шуда, метавонед ба хаймагоҳ биёед”».+ 25  Яҳува ба Мӯсо гуфт: 26  «Ҳамроҳи Элъозори коҳин ва сарварони хонаводаҳо тамоми ғаниматро, яъне ҳама асирон ва чорпоёнро, ҳисоб карда, ба рӯйхат гир. 27  Сипас ҳамаи ғаниматро миёни онҳое, ки ба ҷанг рафта буданд ва боқимондаи мардум ду тақсим кун.+ 28  Аз ҷанговароне, ки ба ҷанг рафтанд, барои Яҳува андоз бигир: аз асирон аз 500 як ҳиссаашонро, аз говон, харон ва бузу гӯсфандон низ аз 500 як ҳиссаашонро бигир*. 29  Инро аз нисфи ғанимат, яъне аз ҳиссаи ҷанговарон, бигир ва ба Элъозори коҳин бидеҳ, то ҳадия барои Яҳува бошад.+ 30  Аз нисфи дигари ғанимат, яъне аз ҳиссаи мардуми Исроил, аз асирон, говон, харон, бузу гӯсфандон ва ҳар навъ чорпо аз 50 як ҳиссаашро бигир* ва ба левизодагон,+ ки хизмати хаймаи муқаддаси Яҳуваро ба ҷо меоранд,+ бидеҳ». 31  Мӯсо ва Элъозори коҳин, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуд, амал карданд. 32  Бақияи ғанимате, ки ҷанговарон тороҷ карда буданд, чунин буд: 675 000 бузу гӯсфанд, 33  72 000 гов 34  ва 61 000 хар. 35  Шумораи заноне, ки бо мард ҳамхоб нашуда буданд,+ 32 000 нафар буд. 36  Нисфи рама, яъне 337 500 бузу гӯсфанд, аз они онҳое буд, ки ба ҷанг рафта буданд. 37  Андоз барои Яҳува аз рама ба 675 бузу гӯсфанд баробар буд. 38  Ҳиссаи ҷанговарон аз говон 36 000 сар буд ва аз инҳо 72 сар барои Яҳува андоз дода шуд. 39  Шумораи харони онҳо 30 500 сар буд ва аз инҳо 61 сар барои Яҳува андоз дода шуд. 40  Шумораи асирони онҳо 16 000 нафар буд ва аз инҳо 32 нафар барои Яҳува андоз дода шуд. 41  Мӯсо андозро, ки он ҳадияи Яҳува буд, ба Элъозори коҳин дод,+ ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд. 42  Ин аст ҳиссаи исроилиён, ки Мӯсо аз ғанимати ҷанговарон ба онҳо дода буд: 43  аз бузу гӯсфанд — 337 500 сар, 44  аз говон — 36 000 сар, 45  аз харон — 30 500 сар 46  ва аз асирон — 16 000 нафар. 47  Мӯсо, ҳамон тавре ки Яҳува ба вай фармуда буд, аз ҳиссаи исроилиён, аз асирон ва чорпоён, аз 50 як ҳиссаашро гирифта, ба левизодагон+ дод, ки онҳо хизмати хаймаи муқаддаси Яҳуваро ба ҷо меоварданд.+ 48  Мардоне, ки бар лашкар таъйин шуда буданд,+ яъне мириҳазорҳо ва мирисадҳо, назди Мӯсо омада, 49  гуфтанд: «Бандагонат ҷанговаронеро, ки зердасти мо мебошанд, ҳисоб кардем ва дидем, ки як нафар ҳам аз онҳо кам нашудааст.+ 50  Пас, бигзор ҳар яки мо он чӣ ёфтаем, барои Яҳува ҳадия биёрем: чизҳои тиллоӣ, занҷиракҳои пой, дастпонаҳо, ангуштаринҳои муҳрдор, гӯшворҳо ва дигар зару зевар. Мо мехоҳем бо ин ҳадияҳо барои худ дар пеши Яҳува товон бидиҳем». 51  Мӯсо ва Элъозори коҳин тиллоро, тамоми зару зеварро, аз онҳо гирифтанд. 52  Тамоми тиллое, ки мириҳазорҳо ва мирисадҳо барои Яҳува ҳадия оварда буданд, 16 750 сиқл* вазн дошт. 53  Ҳар як ҷанговар барои худ аз ҷанг ғанимат гирифта буд. 54  Мӯсо ва Элъозори коҳин тиллоро аз дасти мириҳазорҳо ва мирисадҳо гирифта, онро ба хаймаи ҷомеъ оварданд, то барои мардум ёдгорие ба ҳузури Яҳува бошад.

Поварақҳо

Ё «бошишгоҳҳои девордори».
Яъне 0,2%-и чизҳои номбурдаро.
Яъне 2%-и чизҳои номбурдаро.
Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.