4 Подшоҳон 4:1-44

  • Элишоъ равғани бевазанро зиёд мекунад (1–7)

  • Меҳмоннавозии зани шунемӣ (8–16)

  • Зан писардор мешавад; марги писари ӯ (17–31)

  • Элишоъ писаракро зинда мекунад (32–37)

  • Элишоъ шӯрборо безарар мекунад (38–41)

  • Элишоъ нонро зиёд мегардонад (42–44)

4  Яке аз занони писарони пайғамбарон+ бо доду фиғон ба Элишоъ гуфт: «Бандаат, шавҳари ман, мурд ва ту нағз медонӣ, ки ӯ ҳама вақт аз Яҳува метарсид.+ Ҳоло қарзхоҳе омадааст, то ҳар ду фарзандамро гирифта, ғулом кунад».  Он гоҳ Элишоъ ба ӯ гуфт: «Барои ту чӣ кор кунам? Ба ман бигӯ, ки дар хонаат чӣ дорӣ?» Зан гуфт: «Канизат дар хона ғайр аз кӯзаи равған чизи дигаре надорад».+  Элишоъ гуфт: «Рафта, аз ҳамаи ҳамсояҳоят зарф бипурс, зарфҳои холӣ бипурс, ва ҳар қадаре тавонӣ, бисёртар ҷамъ кун.  Баъд ба хона даромада, дарро аз паси худату писаронат бипӯш ва ҳамаи он зарфҳоро пур карда, як сӯ бимон».  Пас аз ин зан аз пеши ӯ рафт. Ӯ дарро аз паси худашу писаронаш пӯшид ва онҳо зарфҳои холиро ба модарашон медоданду вай онҳоро пур мекард.+  Вақте ки зарфҳо пур шуданд, зан ба яке аз писаронаш гуфт: «Боз зарф деҳ».+ Вале ӯ гуфт: «Дигар зарф нест». Он гоҳ рехтани равған бас шуд.+  Зан ба назди марди Худо омада, инро нақл кард. Пас аз ин ӯ ба зан гуфт: «Рафта, равғанро фурӯш ва қарзҳоятро деҳ, боқимондааш бошад, барои ризқу рӯзии туву писаронат хоҳад буд».  Рӯзе Элишоъ ба Шунем+ омад, ки дар он ҷо зани обрӯманде мезист, ва он зан аз вай бисёр хоҳиш кард, ки меҳмонаш шуда хӯроке бихӯрад.+ Ҳар боре ки роҳи Элишоъ аз он маҳал мегузашт, ӯ дар он ҷо истода, хӯрок мехӯрд.  Боре он зан ба шавҳараш гуфт: «Ман медонам, ки марде, ки аз ин ҷо доимо гузар мекунад, марди Худост. 10  Илтимос, биё барои вай дар болои бом хонаи хурде сохта,+ дар он кат, миз, курсӣ ва чароғпоя гузорем ва, ҳар вақте ӯ назди мо ояд, дар он ҷо меистад».+ 11  Рӯзе Элишоъ ба он ҷо омад ва ба болохона даромада, дароз кашид. 12  Ӯ ба Ҷеҳазии+ дастёраш гуфт: «Он зани шунемиро+ даъват бикун». Ӯ занро даъват кард ва зан дар пешаш истод. 13  Ӯ ба Ҷеҳазӣ гуфт: «Илтимос, ба вай бигӯ: “Ту барои мо ин қадар заҳмат кашидӣ.+ Пас, барои ту чӣ кор кунам?+ Оё ба подшоҳ+ ё сарлашкар дар ҳаққи ту сухане бигӯям?”» Аммо зан ҷавоб дод: «Ман дар миёни мардуми худ беғам зиндагӣ мекунам». 14  Он гоҳ вай гуфт: «Пас, барои ӯ чӣ кунам?» Ҷеҳазӣ гуфт: «Ин зан писар надорад+ ва шавҳараш пир аст». 15  Ӯ даррав гуфт: «Вайро ҷеғ зан». Ӯ занро ҷеғ зад ва зан дар дами дар истод. 16  Элишоъ гуфт: «Соли оянда, дар ҳамин вақт, ту дар бағал писаре хоҳӣ дошт».+ Вале зан гуфт: «Не, эй хоҷаам, эй марди Худо, канизатро беҳуда баумед накун». 17  Пас аз чанде он зан ҳомила шуд ва, пас аз як сол, айнан дар ҳамон вақте, ки Элишоъ гуфта буд, писаре зоид. 18  Он бача калон шуд ва рӯзе ба назди падараш, ки ҳамроҳи даравгарон буд, бирафт. 19  Ӯ нолиш карда ба падараш гуфт: «Эй вой, сараме, вой, сарам!» Ниҳоят падари ӯ ба хизматгораш гуфт: «Ӯро ба назди модараш бар», 20  ва ӯ бачаро ба назди модараш бурд. Писарак дар сари зонуи модараш то пешин нишаст ва оқибат мурд.+ 21  Он зан боло баромада, ӯро ба кати марди Худо+ гузошт ва дарро аз пасаш пӯшида, рафт. 22  Вай шавҳарашро фарёд карда гуфт: «Илтимос, ба ман як хизматгор ва як хар бифирист ва иҷозат деҳ, ки зуд ба назди марди Худо рафта, оям». 23  Вале шавҳараш гуфт: «Барои чӣ ту имрӯз ба дидани вай рафтаниӣ? Охир, ҳоло навмоҳ+ ё шанбе нест». Зан бошад, гуфт: «Хавотир нашав, ҳамааш хуб аст». 24  Бо ҳамин зан харро зин зада, ба хизматгораш гуфт: «Тезтар ҳай кун ва, то нагӯям, ронданатро суст накун». 25  Он зан ба назди марди Худо, ба кӯҳи Кармил, рафт. Ҳамин ки марди Худо вайро аз дур дид, ба Ҷеҳазии дастёраш гуфт: «Нигоҳ кун, ин ҳамон зани шунемӣ аст. 26  Илтимос, ба пешвози вай давида рав ва аз ӯ бипурс: “Сиҳату саломат ҳастӣ? Шавҳар ва писарат хубанд?”» Зан гуфт: «Ҳама хубанд». 27  Вақте зан ба назди марди Худо, ба кӯҳ, омад, аз пойҳои вай дошт.+ Ҷеҳазӣ наздик омад, то вайро дур созад, лекин марди Худо гуфт: «Ӯро ба ҳолаш мон, чунки аламаш зӯр аст*, ва Яҳува инро аз ман пинҳон дошта, чизе нагуфт». 28  Зан гуфт: «Магар ман аз хоҷаам писар талбида будам? Магар ман нагуфта будам, ки маро беҳуда баумед накун?!»+ 29  Марди Худо дарҳол ба Ҷеҳазӣ гуфт: «Либосатро ба камарат бибанд+ ва асои маро ба дастат гирифта, ба роҳ баро. Агар бо касе рӯ ба рӯ шавӣ, салом надеҳ, ва, агар касе ба ту салом диҳад, алейк нагир. Бираву асои маро ба рӯйи бача бимон». 30  Модари писарак бошад, гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, ва ба ҳаёти худи ту қасам ки, ман аз пешат намеравам».+ Пас аз ин ӯ хеста, бо он зан равона шуд. 31  Ҷеҳазӣ аз онҳо пештар рафта, асоро ба рӯйи бача гузошт, вале садое ё ҷавобе набуд.+ Он гоҳ ӯ бо роҳе, ки Элишоъ меомад, баргашт ва ба вай гуфт: «Писарак бедор нашуд». 32  Элишоъ ба хона омад ва кӯдаки мурда дар рӯйи кати ӯ мехобид.+ 33  Элишоъ ба ҳуҷра даромада, дарро пӯшид. Фақат ӯву кӯдаки мурда дар он ҷо буданд ва ӯ ба Яҳува дуо гуфт.+ 34  Сипас ӯ ба кат баромада, бар кӯдак хобид. Ӯ даҳонашро бар даҳони ӯ, чашмонашро бар чашмони ӯ ва кафҳояшро бар кафи дастони ӯ гузошта дароз кашид ва бадани кӯдак гарм шудан гирифт.+ 35  Ӯ дар хона пасу пеш рафт ва боз ба кат баромада, бар кӯдак дароз кашид. Он гоҳ бача ҳафт бор атса заду чашмонашро кушод.+ 36  Элишоъ Ҷеҳазиро фарёд карда гуфт: «Зани шунемиро ҷеғ зан». Ӯ ҷеғ зад ва зан ба наздаш омад. Элишоъ гуфт: «Писаратро бигир».+ 37  Зан даромада, пеши пойи ӯ афтид ва то ба замин таъзим кард. Баъд ӯ писарашро гирифта, баромад. 38  Элишоъ боз ба Ҷилҷол омад. Он вақт дар сарзамин гушнагӣ буд.+ Рӯзе, вақте ки писарони пайғамбарон+ дар наздаш менишастанд, ӯ ба дастёраш+ гуфт: «Деги калонро монда, барои писарони пайғамбарон шӯрбо бипаз». 39  Яке аз писарони пайғамбарон ба саҳро рафт, то ки тугмачагул бичинад. Ӯ растаниеро, ки ба тарбузи ёбоӣ монанд буд, ёфта, доманашро аз меваи он пур кард. Ӯ баргашт ва меваҳоро реза карда, ба деги шӯрбо андохт, ҳарчанд намедонист, ки он чӣ растаниест. 40  Баъдтар ба мардум хӯрок кашиданд, лекин онҳо, ҳамин ки онро чашиданд, фарёд заданд: «Эй марди Худо, хӯроки дег марговар аст!» Барои ҳамин онҳо хӯрокро хӯрда натавонистанд. 41  Он гоҳ ӯ гуфт: «Каме орд биёред». Баъди он ки ба дег орд андохт, гуфт: «Хӯрокро ба мардум кашида деҳ», ва хӯроки дег ба касе зарар нарасонд.+ 42  Марде аз Баал-Шолишо+ омада, ба марди Худо 20-то нони ҷавие,+ ки аз навбари ҳосил пухта шуда буд, ва ҳамчунин як халта ғаллаи нав овард.+ Элишоъ гуфт: «Инро ба мардум бидеҳ, то ки бихӯранд». 43  Вале дастёраш гуфт: «Чӣ тавр инро ба 100 кас тақсим кунам?»+ Ӯ гуфт: «Инро ба мардум деҳ, то бихӯранд, зеро Яҳува чунин мегӯяд: “Онҳо мехӯранд ва боз зиёдатӣ мекунад”».+ 44  Вай он озуқаро пеши мардум гузошт ва, чуноне ки Яҳува гуфта буд, онҳо хӯрданду боз зиёдӣ кард.+

Поварақҳо

Ё «ҷонаш талх аст».