5 Мӯсо 25:1-19

  • Дастур дар бораи шаллоқ (1–3)

  • Даҳони буққаеро, ки хирман мекӯбад, набанд (4)

  • Издивоҷ бо додаршӯ (5–10)

  • Амали нораво ҳангоми дастбагиребон шудани ду нафар (11, 12)

  • Санги тарозу ва зарфи ченкунии дурусту ҳаққонӣ (13–16)

  • Амолеқиён бояд нест карда шаванд (17–19)

25  Агар байни ду кас баҳсу мунозира пайдо шаваду онҳо пеши доварон оянд,+ доварон бояд онҳоро доварӣ карда, росткорро бегуноҳ ва бадкорро гунаҳкор эълон кунанд.+  Агар бадкор сазовори шаллоқ бошад,+ довар бояд ӯро ба замин хобонад ва ӯро бояд дар ҳузури довар бизананд. Ӯ бояд мувофиқи вазнинии гуноҳаш шаллоқ хӯрад.  Ӯро то 40 бор задан мумкин асту аз ин зиёд не.+ Агар ӯро аз ин зиёд задан гиранд, бародарат дар пеши назарат шарманда мешавад.  Даҳони буққаро ҳангоми хирман кӯфтанаш набанд.+  Агар бародарон якҷоя зиндагӣ кунанду яке аз онҳо бимирад, вале фарзанде надошта бошад, зани он мурда набояд берун аз он хонавода шавҳар кунад. Бародари шавҳараш бояд назди ӯ дарояд, ӯро ба занӣ гирад ва вазифаи додаршӯиро нисбати ӯ ба ҷо орад.+  Писари аввале, ки вай таваллуд кунад, бояд номбардори бародари мурда шавад,+ то номи ӯ аз миёни Исроил нест нашавад.+  Агар он мард зани бародарашро ба занӣ гирифтан нахоҳад, он бевазан метавонад пеши пирон, назди дарвозаи шаҳр, биравад ва гӯяд: “Бародари шавҳарам намехоҳад, ки номи бародарашро дар Исроил нигоҳ дорад. Ӯ намехоҳад маро ба занӣ гирифта, вазифаи додаршӯиро нисбати ман ба ҷо орад”.  Пирони шаҳраш ӯро даъват карда, бо ӯ гап мезананд. Агар ӯ нею нестон карда гӯяд: “Ман ӯро ба занӣ гирифтан намехоҳам”,  он гоҳ зани бародараш бояд дар ҳузури пирон назди ӯ рафта, кафшашро аз пояш кашад,+ ба рӯяш туф кунад ва бигӯяд: “Бо касе, ки хонаводаи бародарашро бино кардан намехоҳад, чунин карда мешавад”. 10  Баъди ин дар Исроил номи хонаводаи ӯро “хонаи кафшкашида” мегӯянд. 11  Агар ду мард бо якдигар дастбагиребон шаванд ва зани яке аз онҳо барои халос кардани шавҳараш даст дароз карда, аз узви ҷинсии марди дигар қапад, 12  дасти он занро бурида парто. Дилат ба ӯ насӯзад*. 13  Дар халтаи ту бигзор сангҳои духела, калону майда, набошад.+ 14  Дар хонаи ту набояд ду хел зарфи ченкунӣ, калону майда, бошад.+ 15  Бигзор санги тарозу ва зарфи ченкунии ту дурусту ҳаққонӣ бошад, то дар замине, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, умри дароз бинӣ.+ 16  Охир, Худоят Яҳува ҳар шахси беинсофро, ки ба чунин кор даст мезанад, чашми дидан надорад.+ 17  Он чиро, ки Амолеқ дар роҳ, ҳангоми аз Миср берун баромаданат, карда буд, фаромӯш накун.+ 18  Ӯ дар роҳ ба пешвозат баромад ва, дар ҳоле ки ту хаставу бемадор будӣ, ба касоне, ки аз ақибат худро кашола карда меомаданд, ҳамла намуд. Ӯ аз Худо натарсид. 19  Вақте Худоят Яҳува дар замине, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, туро аз ҳамаи душманони гирду атрофат амонӣ диҳад,+ ту ному нишони Амолеқро аз зери осмон нест кун.+ Инро фаромӯш накун.

Поварақҳо

Дар матни асл «Чашмат ба ӯ раҳм накунад».