Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 2

Чӣ тавр дар бораи Худо бештар фаҳмидан мумкин аст?

«Бигзор ин китоби Таврот вирди забони ту бошад ва рӯзу шаб дар бораи он андеша кун, то ҳар чиро, ки дар он навишта шудааст, пурра риоя кунӣ. Он гоҳ корҳоят барор мегиранд ва ту бохирадона амал мекунӣ»

(Юшаъ 1:8).

«Онҳо китобро, Тавроти Худоро, қироат менамуданд, мефаҳмонданд ва маънидод мекарданд. Ҳамин тавр онҳо ба мардум кумак мекарданд, ки чизҳои хондаашонро бифаҳманд»

(Наҳемё 8:8).

«Чӣ хушбахт аст касе, ки ба гапи бадкорон намеравад... балки аз шариати Яҳува лаззат мебарад ва онро рӯзу шаб зери лаб мехонад... Ҳар кори ӯ барор меёбад»

(Забур 1:1–3).

«Вақте ки Филиппус ба ароба наздик шуду баробараш давидан гирифт, шунид, ки ӯ китоби пайғамбар Ишаъёро мехонад, ва ба вай гуфт: “Мефаҳмӣ, ки чӣ хонда истодаӣ?” Ӯ гуфт: “Ягон кас нафаҳмонад, чӣ хел фаҳмам?”»

(Корнома 8:30, 31).

«Хислатҳои нонамоёни ӯ, яъне қудрати абадӣ ва илоҳияташ, аз вақти офариниши ҷаҳон баръало аён аст, зеро одамон метавонанд ба воситаи офаридаҳо ин хислатҳоро дарк кунанд, аз ин рӯ чунин касон худро ҳаргиз сафед карда наметавонанд»

(Румиён 1:20).

«Дар бораи ин чизҳо андеша рон ва андармони онҳо бош, то пешравии ту ба ҳама маълум шавад»

(1 Тимотиюс 4:15).

«Биёед дар фикри ҳам бошем, то якдигарро сӯйи муҳаббату некукорӣ раҳнамоӣ кунем... аз ҷамъомадҳоямон намонем»

(Ибриён 10:24, 25).

«Агар касе дар байни шумо аз хирад камӣ дошта бошад, бигзор пайваста аз Худо хирад пурсад ва ба вай дода мешавад, зеро Худо ба ҳама бо дасти кушод ва бе таъна медиҳад»

(Яъқуб 1:5).