САВОЛИ 16
Чаро набояд ба ғаму ташвиш дода шавем?
«Бори дилатро ба Яҳува парто ва ӯ туро дастгирӣ мекунад. Ӯ ҳаргиз намегузорад, ки росткор биафтад»
(Забур 55:22).
«Корҳои меҳнаткаш барор меёбанд, вале шитобкорро камбағалӣ дар пеш аст»
«Натарс, зеро ман бо ту ҳастам, хавотир нашав, зеро ман Худои туям. Ман туро қувват мебахшам ва ба ту ёрӣ медиҳам ва туро бо дасти рости адолат ёварӣ мекунам»
(Ишаъё 41:10).
«Кадоме аз шумо ташвиш кашида умри худро ақаллан каме дароз карда метавонад?»
(Матто 6:27).
«Ҳеҷ гоҳ ғами фардоро нахӯред, зеро фардо ғаму ташвишҳои худро дорад. Ташвиши имрӯза барои ҳамин рӯз басанда аст»
(Матто 6:34).
«Бифаҳмед, ки кадом чизҳо муҳимтаранд»
«Ғами чизеро нахӯред, балки ҳама вақт бо дуову илтиҷо ва шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо баён кунед, он гоҳ осоиштагии Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили шуморо ба воситаи Исои Масеҳ нигаҳбонӣ мекунад»