Чаро Китоби Муқаддасро бояд тадқиқ кунем?
Шумо бо Китоби Муқаддас шинос ҳастед? Маълум аст, ки ин китоби беҳамто дар таърихи инсоният аз ҳама китоби паҳншудатарин мебошад. Одамони гуногунмаданият аз хондани Китоби Муқаддас тасаллӣ меёбанд, аз он умед пайдо мекунанд ва барои ҳаёти ҳаррӯзаашон маслиҳатҳои фоиданок мегиранд. Лекин имрӯз одамони зиёде дар бораи Китоби Муқаддас маълумоти хеле кам доранд. Новобаста аз он ки шумо ба Худо боварӣ доред ё не, шояд бароятон донистани он ки дар ин китоб дар бораи чӣ гуфта мешавад, шавқовар бошад. Ин брошура махсусан барои он омода шудааст, ки шумо дар бораи Китоби Муқаддас тасаввуроти умумӣ пайдо кунед.
ПЕШ аз он ки Китоби Муқаддасро ба даст гирифта онро хонед, шумо бояд бо баъзе маълумотҳои муфассал шинос шавед. Ҳамчунин Китоби Муқаддас чун Библия маълум буда, он аз 66 китоб ё қисмҳо иборат аст, ки китоби аввалинаш — Ҳастӣ ва охиринаш — Ваҳй ё Апокалипсис мебошад.
Аммо муаллифи Китоби Муқаддас кист? Ин саволи хеле ҷолиб аст. Китоби Муқаддасро тахминан 40 нафар одамон дар давоми зиёда аз 1 600 сол навиштаанд. Шоёни диққат аст, ки ин одамон худро муаллифони Китоби Муқаддас намеҳисобиданд. Яке аз онҳо чунин гуфт: «Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист» (2 Тимотиюс 3:16). Дигаре бошад чунин навишт: «Рӯҳи Худо дар ман сухан ронд ва каломи Ӯ бар забони ман аст» (2 Подшоҳон 23:2). Ҳамин тавр нависандагони Китоби Муқаддас эътироф мекарданд, ки Муаллифи он — Яҳува Худо, Ҳокими Даҳр мебошад. Онҳо нишон доданд, ки Худо ба одамон наздик будан мехоҳад.
Дар бораи Китоби Муқаддас боз чиро донистан лозим аст? Китоби Муқаддас аз аввал то охир як мавзӯи асосиро дар бар мегирад — тавассути Салтанати осмонии Худо исбот шудани ҳуқуқи ҳукмронии Ӯ бар инсоният. Дар саҳифаҳои навбатии ин брошура шумо метавонед бубинед, ки чӣ гуна ин мавзӯъ аз китоби Ҳастӣ то Ваҳй фаҳмонда мешавад.
Инак, биёед бо мавзӯи асосии китоби аз ҳама машҳуртарини ҷаҳон — Китоби Муқаддас шинос шавем.