Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 15

Чаро гирифтани донишро давом додан муҳим аст?

Чаро гирифтани донишро давом додан муҳим аст?

1. Барои чӣ давом додани омӯзиши Китоби Муқаддас бар фоидаи шумо хоҳад буд?

Ҳоло мо таълимотҳои Китоби Муқаддасро ба таври кӯтоҳ дида баромадем. Ин бешубҳа, дар дили шумо нисбати Яҳува муҳаббат пайдо кард. Акнун бошад, ин муҳаббатро инкишоф додан лозим аст (1 Петрус 2:2). Умеди шумо ба ҳаёти ҷовидона аз он вобаста аст, ки оё шумо Каломи Худоро омӯхта ба Ӯ наздик мешавед ё не. (Юҳанно 17:3 ва 1 Тимотиюс 2: 3, 4-ро хонед).

Вақте ки дониши шумо торафт зиёд мешавад, имони шумо ҳам қавитар мегардад. Имон ба шумо ёрӣ медиҳад, ки ба Худо маъқул шавед (Ибриён 11:1, 6). Он шуморо бармеангезад, ки аз гуноҳҳоятон тавба кунед ва дар ҳаётатон дигаргуниҳои лозима дароред. (Аъмол 3:19-ро хонед).

2. Донише, ки шумо дар бораи Худо доред, чӣ тавр ба дигарон фоида оварда метавонад?

Шумо метавонед бо Худо муносибати хеле наздик пайдо кунед

Шумо албатта хоҳиш пайдо мекунед, ки дар бораи чизҳои фаҳмидаатон ба дигарон нақл кунед, чунки дар бораи хабарҳои нағз ба дигарон гап задан ба ҳамаи мо маъқул аст. Агар шумо омӯзиши Китоби Муқаддасро давом диҳед, ба дигарон аз рӯи Каломи Худо имони худро фаҳмонда метавонед. (Румиён 10:13–15-ро хонед).

Аксари одамон дар аввал хабарҳои нағзи фаҳмидаашонро ба дӯстон ва хешовандонашон нақл мекунанд. Боодобона сухан гӯед. Ба ҷои гуфтани он ки дини онҳо хато аст, ба онҳо дар бораи ваъдаҳои Худо нақл кунед. Ҳамчунин, дар ёд доред, ки ба одамон бештар на суханони шумо, балки рафтори хубатон таъсир мекунад. (2 Тимотиюс 2:24, 25-ро хонед).

3. Шумо бо Худо чӣ гуна муносибат дошта метавонед?

Омӯзиши Каломи Худо ба шумо ёрӣ медиҳад, ки муносибататон бо Яҳува торафт наздик шавад. Дар натиҷа, шумо метавонед бо Худо муносибати хеле пурарзиш пайдо кунед. Шумо ҳатто чун аъзои оилааш ба Ӯ наздик буда метавонед. (2 Қӯринтиён 6:18-ро хонед).

4. Шумо чӣ тавр пеш рафтанро давом дода метавонед?

Бо давом додани омӯзиши Каломи Худо, шумо чӣ тавр ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро ёд мегиред (Ибриён 5:13, 14). Яке аз Шоҳидони Яҳуваро хоҳиш кунед, ки бо ёрии китоби «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» бо шумо омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронад. Чӣ қадаре, ки Каломи Худоро зиёдтар фаҳмед, дар роҳи ҳаёт ҳамон қадар бештар муваффақ хоҳед шуд. (Забур 1:1–3; 72:27, 28-ро хонед).

Китоби Муқаддас «хушхабари пурҷалоли Худои хушбахт»-ро дар бар мегирад (1 Тимотиюс 1:11, ТДН). Шумо метавонед ба Ӯ наздик шавед, агар ба халқаш наздик шавед (Ибриён 10:24, 25). Агар шумо барои ба Худо писанд омадан саъю кӯшишатонро давом диҳед, шумо ҳаёти ҳақиқӣ — ҳаёти ҷовидонаро соҳиб мешавед. Ба Яҳува наздик шудан — дар ҳақиқат кори беҳтаринест, ки шумо онро карда метавонед. (1 Тимотиюс 6:19-ро хонед).