Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

РОҲ БА СӮЙИ ХУШБАХТӢ

Умед

Умед

«Фикрҳоеро, ки Ман дар бораи шумо дорам... ба осоиштагӣ оид аст, на ба бадӣ, то ки ба шумо ояндаи нек ва умедворӣ бибахшам» (Ирмиё 29:11)

ИНСОН БО УМЕД ЗИНДА АСТ. Дар китобе бо номи «Умед дар замони пуризтироб» гуфта мешавад, ки умедворӣ «давои беҳтарини ноилоҷӣ, танҳоӣ ва тарсу ҳарос аст» («Hope in the Age of Anxiety»).

Китоби Муқаддас низ тасдиқ мекунад, ки зиндагӣ бо умеду орзу ширин аст, вале он моро ҳамчунин огоҳ мекунад, ки ба чизҳои беҳуда умед набандем. «Ба мирон таваккал накунед, ба фарзанди одам, ки дар вай наҷоте нест»,— гуфта мешавад дар Забур 145:3. Ин суханон нишон медиҳанд, ки аз одамон, чи қадаре кӯшиш накунанд, бӯйи умед нест — онҳо моро наҷот дода наметавонанд. Баръакси ин, агар мо ба Офаридгори қодиру тавоно, ки ҳамеша ба ваъдаҳояш вафо мекунад, такя кунем, ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавем. Биёед як ба як дида бароем, ки Худо ба мо чӣ ваъда додааст.

ПОЁНИ БАДИЮ ШАРОРАТ, ҲАЁТИ ОРОМУ ОСОИШТА. «Боз андак сабр кун, ва шарир боқӣ нахоҳад монд... Аммо ҳалимон вориси замин хоҳанд буд, ва аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд» (Забур 36:10, 11). Ҳамчунин дар ояти 29-уми ин тарона гуфта шудааст, ки «одилон... дар он [замин] то абад сукунат хоҳанд кард».

ДИГАР ҶАНГ НАМЕШАВАД. «Худованд... ба ҷангҳо то ақсои замин хотима дода, камонро шикастааст ва найзаро пора кардааст, аробаҳоро ба оташ сӯзондааст» (Забур 45:9, 10).

КАСАЛӢ, ҒАМУ АЗОБ ВА МУРДАН АЗ БАЙН МЕРАВАД. «Худо... ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард ва марг дигар нахоҳад буд, гиря, фиғон ва дард дигар нахоҳад буд» (Ваҳй 21:3, 4).

СЕРИЮ ПУРӢ. «Ғалла дар замин то ба қуллаи кӯҳҳо фаровон хоҳад шуд» (Забур 71:16).

ТАНҲО ПОДШОҲИИ ХУДО ҲУКМ ХОҲАД РОНД. «Салтанат ва ҷалол ва малакут ба ӯ [Исои Масеҳ] дода шуд, то ки ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо ӯро ибодат намоянд; салтанати ӯ салтанати ҷовидонист, ки завол нахоҳад ёфт, ва малакути ӯ нест нахоҳад шуд» (Дониёл 7:14).

Оё мо дилпур буда метавонем, ки ин ваъдаҳо иҷро мешаванд? Бале, ҳазрати Исо исбот кард, ки ин ваъдаҳо гапи хушку холӣ нестанд. Ӯ бо корҳояш ба мардум нишон дод, ки Подшоҳи неку ғамхор мешавад. Ӯ беморонро шифо медод, камбағалонро сер мекард ва ҳатто мурдагонро зинда кард. Лекин таълими вай аз ин ҳам муҳимтар буд, чунки он ҳозир ҳам ба одамон кӯмак мекунад, ки дар оянда аҳлу тифоқ шуда ҷовидона зиндагонӣ кунанд. Ғайр аз ин, Исо воқеаҳоеро пешгӯйӣ кард, ки нишонаи ба охир расидани ин ҷаҳони бад мебошанд.

ПЕШ АЗ ТИНҶӢ НОТИНҶӢ

Пайғамбар Исо гуфта буд, ки дар охирзамон на сулҳу амният, балки ҷангҳои калон, қаҳтию гушнагӣ, вабоҳо ва заминҷунбиҳои азим мешаванд (Матто 24:3, 7; Луқо 21:10, 11; Ваҳй 6:3–8). Ӯ инчунин гуфт: «Аз сабаби зиёд шудани бадкорӣ муҳаббати бисёриҳо сард мегардад» (Матто 24:12).

Дар дигар ҷойи Китоби Муқаддас бемеҳру муҳаббат шудани одамон пурратар шарҳ дода шудааст. Дар 2 Тимотиюс 3:1–5 навишта шудааст, ки «дар рӯзҳои охир» аксари одамон худбин, пулпараст, ишратдӯст мешаванд. Онҳо ҳавобаланд ва бераҳму шафқат мегарданд. Аҳли оила меҳру муҳаббатро ба якдигар гум мекунанд, фарзандон ба падару модар беэҳтиром мешаванд. Бисёр одамон танҳо дар гап худотарс хоҳанд буд.

То анҷоми ин ҷаҳони пур аз бадӣ рӯзҳои башумор мондааст. Аломати охирзамон нишон медиҳад, ки ана-мана нагуфта таҳти Подшоҳии Худо рӯзҳои хуш фаро мерасанд. Исо пешгӯйӣ карда буд: «Хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо имконияти шунидани онро дошта бошанд ва пас аз ин анҷом фаро хоҳад расид» (Матто 24:14).

Ин хабар бадкоронро огоҳ мекунад, ба росткорон бошад, умед мебахшад, ки онҳо ба қарибӣ баракатҳои ояндаро бо чашми худ дида, ба умеду орзуяшон мерасанд. Агар шумо дар ин бора бештар фаҳмидан хоҳед, ба саҳифаи охирини ин маҷалла нигаред.