КУМАК БА МОТАМЗАДАГОН
Дарди ҷудоӣ
«Ману ҳамсарам София a беш аз 39 сол якҷоя зиндагӣ кардем, то даме ки бемории тӯлонӣ ӯро аз ҳаёт бурд. Дӯстонам маро хеле дастгирӣ мекарданд ва худам низ ҳаракат менамудам, ки бо ягон кор андармон бошам. Лекин ба ин нигоҳ накарда ман як соли дароз аз дарди ҷонкоҳ азоб кашидам ва ҳиссиётамро идора карда наметавонистам. Ҳозир аз марги занам қариб се сол гузашта бошад ҳам, баъзан худ аз худ ғаму алам диламро фаро мегирад» (Костас).
Шояд, шумо низ шахси наздикатонро аз даст додаед ва ҳиссиёти Костас ба шумо шинос аст. Гум кардани ҳамсар, хешу табор ё дӯсти наздикамон чунон дарди сахт аст ки, ҳеҷ дарди дигар ба он баробар шуда наметавонад. Олимоне, ки ҳолати мотамзадагонро меомӯзанд, бо ин фикр розиянд. Масалан, дар як маҷаллаи равоншиносӣ гуфта шудааст, ки «марги шахси наздик дарди сахттарину давомноктарин аст» («The American Journal of Psychiatry»). Дар сари одами мотамзада чунин саволҳо пайдо шуда метавонанд: «Дарди ман кай сабуктар мешуда бошад? Оё ман аз нав хушбахт мешавам? Аз куҷо тасаллӣ ёбам?»
Аз ин маҷалла шумо ба ин саволҳо ҷавоб ёфта метавонед. Масалан, аз мақолаи навбатӣ мо дар бораи ҳиссиёти шахси мотамзада фаҳмида метавонем. Дар мақолаҳои дигар бошад, гуфта мешавад, ки барои сабуктар кардани дарди ҷудоӣ чӣ кумак мерасонад.
Мо умед дорем, ки маълумоти ин маҷалла ба касоне, ки наздикони худро аз даст доданд, тасаллӣ мебахшад.
a Баъзе номҳо дар ин силсилаи мақолаҳо иваз шудаанд.