Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

КУМАК БА МОТАМЗАДАГОН

Чӣ тавр ба дарди ҷудоӣ тоб орем? Маслиҳатҳо

Чӣ тавр ба дарди ҷудоӣ тоб орем? Маслиҳатҳо

Агар дар бораи чӣ тавр ба дарди ҷудоӣ тоб овардан маслиҳат ҷӯед, як дунё маслиҳат меёбед. Баъзеи онҳо назар ба дигарашон фоиданоктаранд, чунки, чи хеле аллакай гуфтем, ҳар кас ба таври худ месӯзад. Чизе, ки ба як шахс ёрдам мекунад, шояд, ба каси дигар ёрдам накунад.

Ба ҳар ҳол баъзе маслиҳатҳое ҳастанд, ки ба бисёриҳо кумак карда метавонанд. Ин маслиҳатҳоро равоншиносон тез-тез истифода мебаранд ва онҳо бо хиради Китоби Муқаддас ҳамоҳанганд.

1 ЁРДАМИ ОИЛА ВА ДӮСТОНРО ҚАБУЛ КУНЕД

  • Ба ақидаи баъзе равоншиносон ин яке аз қадамҳои муҳимтарин барои тоб овардан ба дарди ҷудоӣ аст. Лекин баъзан шумо, шояд, танҳо мондан хоҳед. Ва, табиист ки, баъзан аз шахсоне, ки шуморо дастгирӣ кардан мехоҳанд, ба хашм оед.

  • Фикр накунед, ки шумо бояд ҳама вақт дар иҳотаи дигарон бошед ва ҳамзамон худро доимо аз дигарон дур нагиред. Шояд, дар оянда шумо ба кумаки онҳо муҳтоҷ шавед. Бо мулоимӣ ба онҳо фаҳмонед, ки айни замон ба чӣ ниёз дореду ба чӣ не.

  • Ниёзатонро ба назар гирифта муайян кунед, ки чӣ қадар вақтро бо дигарон мегузаронеду чӣ қадар вақтро дар танҳоӣ.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Ду нафар беҳ аз як нафар, зеро... агар яке афтад, дигарӣ ба вай ёрдам медиҳад, ки ба по хезад» (Пандгӯ 4:9, 10).

2 ХӮРОКИ СОЛИМ ХӮРЕД ВА БО ВАРЗИШ МАШҒУЛ ШАВЕД

  • Хӯроки солим барои кам шудани ғаму ташвиш кумак карда метавонад. Кӯшиш кунед, ки мева, сабзавот ва хӯроки сафедадор хӯред.

  • Ба таври кофӣ об ва дигар нӯшокиҳои шифобахш нӯшед.

  • Агар иштиҳо надошта бошед, кам-каму тез-тез хӯред. Дар бораи хӯрдани ин ё он витамин метавонед аз духтур маслиҳат пурсед a.

  • Тез роҳ гаштан ва дигар машқҳои ҷисмонӣ кумак мекунанд, ки бо фикрҳои манфӣ мубориза баред. Варзиш имконияти хубест, ки шахс дар бораи вазъияташ фикр кунад, ё, баръакс, муддате дар ин бора фикр накунад.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Ҳаргиз касе тани худро бад намебинад, балки онро мехӯронад ва азиз медорад» (Эфсӯсиён 5:29).

3 АЗ ХОБ СЕР ШАВЕД

  • Аз хоб сер шудан махсусан ба мотамзадагон муҳим аст, чунки онҳо назар ба пештара бештар монда мешаванд.

  • Аз нӯшокиҳои спиртӣ ва кофеиндор суиистеъмол накунед, зеро онҳо реҷаи хобро вайрон мекунанд.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Як мушт роҳат беҳ аз ду мушти пур аз заҳмату аз паси шамол давидан» (Пандгӯ 4:6).

4 ФАҲМЕД, КИ ЧӢ БАРОИ ШУМО БЕҲТАР АСТ

  • Дар хотир доред, ки ҳар кас ба таври худ месӯзад. Бояд аниқ кунед, ки ба шумо маҳз чӣ кумак карда метавонад.

  • Бисёриҳо вақте бо дигарон дар бораи ғаму ташвишашон гап мезананд, сабукӣ ҳис мекунанд. Баъзеҳо бошанд, намехоҳанд, ки ба дигарон дарди дил кунанд. Равоншиносон дар бораи он ки ба дигарон дарди дил кардани мотамзадагон зарур аст, ақидаҳои гуногун доранд. Шояд, шумо ҳис кунед, ки бояд ба касе дилатонро холӣ кунед, аммо аз ин шарм мекунед. Агар ба дӯсти наздикатон кам-кам дар бораи ғаму ташвишатон гап занед, ба дигарон дарди дил кардан ба шумо осонтар мешавад.

  • Ба баъзеҳо гиря кардан сабукӣ мебахшад, дигарон бисёр гиря накунанд ҳам, ба дарди ҷудоӣ тоб меоранд.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Дил аз ғуссаи худ огоҳ аст» (Панднома 14:10).

5 АЗ ОДАТҲОИ БАД ДАСТ КАШЕД

  • Баъзеҳо барои фаромӯш кардани дарду сӯзи худ нӯшокиҳои спиртӣ, нашъа ё ҳар гуна доруҳоро истеъмол мекунанд, лекин ин кор хатарнок мебошад. Ёрдами чунин «ёрдамчиён» муваққатӣ аст ва оқибати талх дошта метавонад. Барои кам кардани ғаму ташвиш тарзҳои бехатарро ҷӯед.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Биёед худро аз ҳар чизе, ки ҷисм ва рӯҳро нопок месозад, тоза [кунем]» (2 Қӯринтиён 7:1).

6 ВАҚТАТОНРО ДУРУСТ ИСТИФОДА БАРЕД

  • Бисёриҳо барои фаромӯш кардани дардашон худро бо ягон кор пурра банд месозанд.

  • Дӯстони нав пайдо кунед, бо дӯстони пештараатон бештар муошират намоед, ягон чизи навро ёд гиред ё дам гиред. Ин корҳо каме бошад ҳам, дардатонро сабук мекунанд.

  • Бо гузашти вақт шумо мувозинатро нигоҳ дошта дуруст истифода бурдани вақтро ёд мегиред. Шояд, шумо пай баред, ки ғаму дардатон камтар шудааст ва ин раванди табиии барқароршавӣ аст.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Ҳар чиз вақту соати худро дорад... Вақте барои гиристан ва вақте барои хандидан, вақте барои нолидан ва вақте барои рақсидан» (Пандгӯ 3:1, 4).

7 АЗ РӮЙИ РЕҶА АМАЛ КУНЕД

  • Ба қадри имкон ҳар чи тезтар ба ҳаёти муқаррариятон баргардед.

  • Вақте аз рӯйи реҷа амал мекунед (хоб, кор ва машғулиятҳои дигар), шумо тезтар ба ҳаёти муқаррарӣ бармегардед.

  • Бо корҳои фоидабахш машғул шудан ба шумо кумак мекунад, ки дарду ғаматонро фаромӯш кунед.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Он шахс гузашти умрро пай нахоҳад бурд, зеро Худо дилашро саргарми шодӣ месозад» (Пандгӯ 5:20).

8 ҚАРОРҲОИ МУҲИМРО САРОСЕМАВОР НАБАРОРЕД

  • Бисёриҳо аз қарорҳои муҳиме, ки дарҳол баъди мурдани шахси наздикашон бароварда буданд, баъдтар пушаймон шуданд.

  • Ба қадри имкон ба ҷойи дигар накӯчед, ҷойи коратонро иваз накунед ва ҳама чизҳои шахси мурдаро ба дигарон надиҳед.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Корҳои меҳнаткаш барор меёбанд, вале шитобкорро камбағалӣ дар пеш аст» (Панднома 21:5).

9 ХОТИРАҲОРО ЗИНДА НИГОҲ ДОРЕД

  • Ба бисёриҳо кардани корҳое, ки хотираҳояшонро дар бораи шахси азизашон зинда нигоҳ медоранд, ёрдам мекунад.

  • Шумо метавонед суратҳо ё чизҳои он шахсро ҷамъ оред ё дар дафтаре хотираҳоеро нависед, ки фаромӯш кардан намехоҳед.

  • Чизҳоеро, ки хотираҳои ширинатонро зинда мегардонанд, нигоҳ доред ва баъдтар, вақте хоҳиш пайдо шавад, онҳоро аз назар гузаронед.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Рӯзҳои қадимро ба хотир овар» (5 Мӯсо 32:7).

10 БА ЯГОН ҶО РАВЕД

  • Дар бораи рухсатӣ фикр кунед.

  • Агар дурудароз рухсатӣ гирифта натавонед, ақаллан як-ду рӯз ба ягон ҷо равед, масалан ба кӯҳ ё осорхона ё пиёда сайругашт кунед.

  • Ҳатто вақте ба ҳаёти муқаррариятон каме дигаргунӣ медароред, ин ғаму ташвишатонро кам мекунад.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Биёед ба ягон ҷойи беодам равем, то шумо каме дам гиред» (Марқус 6:31).

11 БА ДИГАРОН КУМАК КУНЕД

  • Дар хотир доред, ки ба дигарон ёрдам дода шумо ба худатон кумак мекунед.

  • Дар аввал шумо метавонед касонеро, ки аз марги шахси наздикатон ғам мехӯранд, масалан дӯстону хешовандонатонро, дастгирӣ кунед.

  • Вақте дигаронро дастгирию дилбардорӣ мекунед, аз нав хурсанд мешаведу ҳаётатон пурмазмун мегардад.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Корнома 20:35).

12 АЗ НАВ ДИДА БАРОЕД, КИ ЧӢ ДАР ҲАЁТАТОН МУҲИМ АСТ

  • Ғаму дард кумак мекунад, то фаҳмем, ки чӣ дар зиндагӣ муҳимтар аст.

  • Дар вазъияти нав фикр кунед, ки ҳаётатонро ба чӣ сарф кардан мехоҳед.

  • Агар лозим ояд, ба ҳаётатон дигаргунӣ дароред.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Рафтан ба азохона беҳ аз рафтан ба тарабхона, зеро оқибати ҳар як инсон марг аст ва зиндаҳо бояд инро дар ёд дошта бошанд» (Пандгӯ 7:2).

Дар асл, дарди шуморо ҳеҷ чиз пурра бартараф карда наметавонад. Лекин бисёриҳо аз таҷрибаи худ фаҳмиданд, ки ба кор бурдани маслиҳатҳои ин мақола дарди ҷудоиро сабук карда метавонад. Албатта, боз дигар маслиҳатҳое ҳастанд, ки ба шумо кумак карда метавонанд. Вале, агар шумо ақаллан баъзе аз ин маслиҳатҳоро ба кор баред, тасаллӣ меёбед.

a «Бедор шавед!» ин ё он тарзи табобатро дастгирӣ намекунад.