Оё шумо медонед?
Чӣ тавр бостоншиносон исбот намуданд, ки Балшасар ҳақиқатан подшоҳи Бобул буд?
МУНАҚҚИДОН (олимоне, ки Китоби Муқаддасро танқид мекунанд), солҳои зиёд даъво мекарданд, ки шоҳ Балшасар, ки оидаш дар китоби Дониёл гуфта шудааст, ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт (Дон. 5:1). Онҳо аз он сабаб чунин ақида доштанд, ки бостоншиносон оиди Балшасар ягон далел наёфта буданд. Лекин соли 1854 чизе ёфт шуд. Он чӣ буд?
Дар он сол сафири бритонӣ Ҷорҷ Тейлор дар шаҳри қадимаи Ур, ки ҳоло қисми ҷанубии Ироқ аст, баъзе вайронаҳоро дарёфт кард. Дар он ҷо аз даруни манораи калоне якчанд силиндрҳои гилин ёфт шуданд. Дарозии ҳар яки он силиндр тахминан 10 см буд ва девораи онҳо навиштаҷот дошт. Дар девораи яке аз он силиндрҳо дуое навишта шуда буд, ки дар он барои шоҳи Бобул Набонид ва писари калонии вай Балшасар умри дароз талабида мешуд. Ин навиштаҷот ҳатто мунаққидонро боварӣ бахшид, ки Балшасар ном шахс дар ҳақиқат зиндагӣ кардааст.
Лекин, дар Китоби Муқаддас на танҳо дар бораи вуҷуд доштани Балшасар гуфта шудаст, балки дар он қайд шудааст, ки ӯ подшоҳ буд. Ба ин чиз мунаққидон бовар намекарданд. Масалан, олими асри 19 Уилям Талбот навишт, ки баъзеҳо мегӯянд, ки «Балшасар дар ҳамон замоне, ки падараш Набонид ҳукмронӣ мекард, подшоҳ буд. Вале ба ин ягон далели асоснок нест».
Ин гуногунфикрӣ бартараф шуд, вақте навиштаҷоти як силиндри дигар маълум сохт, ки падари Балшасар, шоҳ Набонид, муддати чанд сол дар пойтахти давлаташ набуд. Ҳангоми набудани ӯ чӣ шуд? Дар Энсиклопедияи бритонӣ гуфта мешавад, ки «вақте Набонид дар сарзамини дигар буд, ӯ тахти подшоҳии худ ва аксарияти лашкарашро ба дасти Балшасар супорид». Ва Балшасар он вақт дар Бобул чун шоҳ хизмат кард. Аз ин рӯ олими бостоншинос ва забоншинос Алан Милард қайд кард, ки дар Китоби Муқаддас подшоҳ номида шудани Балшасар дуруст аст.
Албатта, хизматгорони Худо китоби Дониёлро барои он боваринок ва аз тарафи Худо илҳомбахшидашуда меҳисобанд, ки онҳо далели асоснокро аз худи Китоби Муқаддас ёфтаанд (2 Тим. 3:16).