Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

АЗ ХАЗИНАИ МО

«Ҳеҷ касу ҳеҷ чиз набояд шуморо... боздорад!»

«Ҳеҷ касу ҳеҷ чиз набояд шуморо... боздорад!»

БАҲОРИ соли 1931. Даромадгоҳи толори консертии машҳури Плейели шаҳри Париж пур аз меҳмон буд. Онҳо аз 23 мамлакати дунё омада буданд. Таксиҳои калон дам ба дам мусофиронро ба назди толор меоварданд ва дере нагузашта толор аз 3000 одам пур шуд. Мардум барои гӯш кардани консерт ҷамъ наомада буданд. Онҳо ҷамъ шуда буданд, то нутқи Ҷозеф Рутерфордро, ки он замон кори мавъизаро роҳбарӣ мекард, шунаванд. Овози ғафсу ҷарангосии Рутерфорд дар толор садо медод. Нутқҳои таъсирбахши ӯ ба забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ ва полшагӣ тарҷума мешуданд.

Ин анҷуман ба кори мавъиза таъсири сахт расонд. Бародар Рутерфорд ҳамаи ҳозирон, хусусан ҷавононро даъват кард, ки чун пешрав дар Фаронса хизмат кунанд. Ҷон Куки наврас, ки аз Англия буд, мегӯяд, ки ин суханони таъсирбахши Рутерфорд ҳеҷ аз ёдаш намераванд: «Ҷавонони азиз, ҳеҷ касу ҳеҷ чиз набояд шуморо аз пешрав шудан боздорад!» *

Ба ғайр аз Ҷон Кук дигарон низ ин даъватро қабул намуда хизмати худро васеъ карданд (Аъм. 16:9, 10). Танҳо дар муддати як сол шумораи пешравон дар Фаронса се маротиба зиёд шуд! Соли 1930 дар он ҷо танҳо 27 пешрав буд, як сол пас бошад, шумораи пешравон ба 104 нафар расид. Аммо он пешравони навро душвориҳои зиёде интизор буд. Аксари онҳо забони фаронсавиро намедонистанд ва бояд бо пули кам қаноат карда, ба танҳоӣ тоб меоварданд.

ОНҲО ЗАБОНРО НАМЕДОНИСТАНД

Ба пешравони хориҷӣ барои ба одамон мавъиза кардан варақаи шаҳодатдиҳӣ ёрдам мекард. Бародари олмонӣ, ки дар шаҳри Париж бо ҷидду ҷаҳд хизмат мекард, чунин мегӯяд: «Мо медонистем, ки Худои мо Худои пурқудрат аст. Ҳарчанд ҳангоми хизмат диламон аз тарс мезад, ин тарс аз одамон набуд. Мо аз он метарсидем, ки мабодо пешниҳоди кӯтоҳамонро фаромӯш кунем: “Voulez-vous lire cette carte, s’il vous plaît?” [Лутфан, ин варақаро бихонед]. Мо боварӣ доштем, ки кори мо хеле муҳим аст».

Пешравони аввал мотосикл ва велосипедро истифода мебурданд, то хушхабарро дар Фаронса паҳн кунанд

Вақте пешравон дар хонаҳои истиқоматӣ шаҳодат медоданд, баъзан дарбонҳо онҳоро пеш мекарданд. Як рӯз ду хоҳари англис, ки забони фаронсавиро нағз намедонистанд, дар хонаҳои истиқоматӣ хизмат мекарданд. Дарбон онҳоро дида хеле дарғазаб шуд ва аз онҳо пурсид, ки ба онҳо кӣ даркор аст. Чашми яке аз хоҳарон ба лавҳачаи пеши дар афтод. Дар он ҷо ба забони фаронсавӣ навишта шуда буд: «Tournez le bouton», ки маънояш «Тугмачаро пахш кунед» буд. Хоҳарамон фикр кард, ки ин номи соҳибхона мебошад, барои ҳамин барои ором кардани дарбон ӯ гуфт: «Мо назди хонум “Tournez le bouton” омадаем». Ҳамин тавр табъи шӯху ҳозирҷавобӣ ба пешравон хеле кӯмак мекард.

ОНҲО БА ТАНҲОӢ ВА КАМБУДИҲО ТОБ МЕОВАРДАНД

Солҳои 1930-юм аксари одамон дар Фаронса камбағалона зиндагӣ мекарданд. Вазъияти пешравони хориҷӣ аз дигарон беҳтар набуд. Хоҳари англисзабон бо номи Мона Бжоска дар бораи шароити худ ва ҳамроҳаш чунин мегӯяд: «Мо чизу чораи хеле кам доштем. Душвории дигар ин буд, ки дар зимистон мо хунук мехӯрдем, чунки ҳеҷ чиз надоштем, ки хонаро гарм кунем. Ҳар саҳар дар ҳуҷраи хунук аз хоб хеста, мо яхи болои оби сатилро мешикастем, то дасту рӯямонро шӯем». Оё пешравон аз чунин душвориҳо рӯҳафтода мешуданд? Не. Яке аз онҳо дар бораи ҳаёташон чунин гуфт: «Ҳарчанд мо бе чизу чора будем, бечора набудем» (Мат. 6:33).

Пешравони англис, ки соли 1931 ба анҷумани Париж рафтанд

Ин пешравони далер бо танҳоӣ мубориза мебурданд ва ғайрати худро аз даст намедоданд. Дар аввали солҳои 1930-юм шумораи воизони Салтанат дар Фаронса ба 700 намерасид ва бисёри онҳо дар саросари мамлакат пароканда буданд. Ба ин пешравони танҳо чӣ кӯмак мекард, ки хурсандиашонро нигоҳ доранд? Мона, ки ҳамроҳи хоҳари дигар бо чунин душворӣ рӯ ба рӯ шуда буд, мегӯяд: «Мо доимо якҷоя адабиёти ташкилотамонро меомӯхтем ва ҳамин тавр бо танҳоӣ мубориза мебурдем. Дар он вақтҳо мо бо одамон омӯзиш намегузарондем ва онҳоро боздид намекардем. Барои ҳамин бегоҳҳо мо ба оилаҳоямон ва пешравони дигар нома менавиштем. Мо он воқеаҳоеро ки бо мо рӯй дода буд, нақл мекардем ва якдигарро рӯҳбаланд менамудем» (1 Тас. 5:11).

Ба ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда ин пешравони зиндадил хурсандиро аз даст намедоданд. Ин аз номаҳое ки онҳо ба филиали Фаронса навишта буданд, маълум аст. Баъзеи он номаҳоро онҳо даҳҳо сол пас аз хизмати пешравиашон навишта буданд. Хоҳари тадҳиншуда бо номи Энни Крегин, ки бо шавҳараш солҳои 1931–1935 дар саросари Фаронса хизмат кардааст, чунин мегӯяд: «Ҳаёти мо рангорангу хушбахт буд! Мо, пешравон, бо якдигар аҳлу тифоқ будем ва хуб ҳамкорӣ мекардем. Чи хеле ки Павлуси ҳавворӣ гуфтааст: “Ман кишт кардам, Апӯллӯс об дод, лекин Худо сабзонид”. Мо хеле хурсандем, ки чандин сол пеш ба одамони зиёде кӯмаки рӯҳонӣ расонда тавонистем» (1 Қӯр. 3:6).

Ин пешравони аввал ба пешравони оянда намунаи хеле хубе гузоштанд. Имрӯз дар Фаронса 14 000 нафар чун пешрави доимӣ хизмат мекунанд. Бисёри онҳо дар минтақаи хориҷизабон хизмат мекунад *. Ин пешравони замони мо ба намунаи пешравони аввал пайравӣ карда ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз намегузоранд, ки онҳоро аз хизмат ба Яҳува боздорад! (Аз хазинаи мо дар Фаронса.)

^ сарх. 4 Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи мавъизаи муҳоҷирони полшагӣ дар Фаронса ба мақолаи «Яҳува шуморо ба Фаронса барои он овардааст, ки ҳақиқатро шунавед» дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 августи соли 2015 нигаред.

^ сарх. 13 Аз соли 2014 дар зери роҳбарии филиали Фаронса 900 ҷамъомади хориҷизабон амал мекунад. Ин ҷамъомадҳо ба 70 забони гуногун гузаронда мешаванд.