Оё шумо медонед?
Оё ба иди Пантикости соли 33-и эраи мо дар ҳақиқат яҳудиён аз ҳар мамлакати «зери осмон» ҷамъ шуда буданд?
Дар бораи ҷамъ шудани одамон ҳангоми Пантикости соли 33-и эраи мо дар Ерусалим на танҳо китоби Аъмол 2:5–11, балки таърихнигори яҳудӣ бо номи Фило, ки дар он замон зиндагӣ мекард, нақл мекунад.
Дар бораи касоне ки ба Ерусалим сафар карданд, Фило навишта буд: «Шумораи хеле зиёди одамон аз шаҳрҳои бисёр, аз шарқу ғарб ва шимолу ҷануб меомаданд». Фило ҳамчунин суханони шоҳ Ағриппуси I (набераи Ҳиродуси Бузург)-ро аз мактуби ӯ ба императори Рум Калигула иқтибос овард. Дар он Ағриппус дар бораи Ерусалим чунин мегӯяд: «Байтулмуқаддас на танҳо пойтахти Яҳудия, балки пойтахти аксари колонияҳо мебошад, чунки аз ин шаҳр борҳои зиёд гурӯҳҳои калони яҳудиён ба мамлакатҳои ҳамсоя рафта пароканда шуданд».
Ағриппус ҷойҳои зиёди яҳудинишинро номбар кард, ки дар байни онҳо чунин мамлакатҳо ба монанди Байнаннаҳрайн, Африқои Шимолӣ, Осиёи Хурд, Юнон ва баъзе ҷазираҳои Баҳри Миёназамин буданд. Муҳаққиқе бо номи Иеремиас мегӯяд: «Дар ин ҷо гуфта намешавад, ки он яҳудиён ба Ерусалим сафар мекарданд. Лекин чунин хулоса баровардан мумкин аст, чунки барои ҳар як яҳудии ба синни балоғат расида зиёрати Ерусалим ҳатмӣ буд» (Такр. Ш. 16:16).
Ҳазорон одамоне ки ҳангоми идҳо ба Ерусалим меомаданд, дар куҷо хоб мерафтанд?
Идҳое ки ҳар сол дар Ерусалим ҷашн гирифта мешуданд, Фисҳ, Пантикост ва иди хаймаҳо буд. Дар асри як ҳангоми ин идҳо садҳо ҳазор одам аз тамоми Исроил ва ҷойҳои дигари яҳудинишин ҷамъ меомаданд (Луқ. 2:41, 42; Аъм. 2:1, 5–11). Ба ҳамаи онҳо ҷойи хоб ва сарпаноҳ лозим буд.
Баъзеҳо дар хонаи дӯстонашон шабро мегузаронданд, дигарон бошанд, дар хонаҳои иҷора ва ё меҳмонхонаҳо. Бисёриҳо дар даруни шаҳр ва ё гирди он хайма мезаданд. Ҳангоми бори охирон ба Ерусалим омаданаш, Исо дар шаҳри ҳамсоя истод, ки Байт-Ҳинӣ ном дошт (Мат. 21:17).
Дар наздикии маъбад биноҳое ёфт шуданд, ки дар худ ҳаммомҳо доштанд. Тахмин меравад, ки дар ин биноҳо касоне ки аз дигар ҷойҳо омада буданд, меистоданд. Пеш аз ба маъбад даромадан, онҳо метавонистанд дар ҳаммомҳо худро шустушӯй намуда тоза кунанд. Навиштаҷоте ки дар яке аз он биноҳо ёфт шуд, дар бораи коҳин ва пешвои куништ чунин мегӯяд: «Феодос, ин куништро барои хондани Таврот сохт... Ӯ ҳамчунин барои мусофирон меҳмонхонаву ҳуҷраҳо сохта онҳоро бо об таъмин кард».