КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД
Ман мурдан намехостам!
СОЛИ ТАВАЛЛУД: 1964
ЗОДГОҲ: АНГЛИЯ
ДАР ГУЗАШТА: ДУХТАРИ НОПИСАНД, МОДАРИ НОБОЛИҒ
ҲАЁТИ ПЕШТАРААМ
Ман дар минтақаи сераҳолии Лондон, шаҳри Паддингтон, ба дунё омадам. Ҳамроҳи модарам ва се апаам зиндагӣ мекардам. Падарам ки арақхӯр буд, дар ҳаётамон як пайдо мешуду боз бедарак мегашт.
Дар хурдсолиям модарам ба ман ёд дода буд, ки ҳар шаб дуо гӯям. Ман Китоби Муқаддаси майдача доштам, ки танҳо китоби Забур дошт. Ман аз худ оҳанг бофта таронаҳои Забурро замзама мекардам. Боре дар як китоби дигарам суханони зеринро хондам, ки дар хотирам нақш бастанд: «Рӯзе мерасад, ки субҳ намедамад». Баъди хондани ин суханон хобам парид. Охир, ман мурдан намехостам! Он шаб дар бораи оянда фикр карда аз дил гузарондам: «Зиндагӣ бояд маъно дошта бошад — барои чӣ ман ба ин дунё омадам?»
Ман ба сеҳру ҷоду ҳавасманд шудам. Аз ин рӯ якчанд бор кӯшиш кардам, ки бо мурдаҳо гап занам, инчунин ҳамроҳи дӯстони мактабиям ба қабристон мерафтам ва бо онҳо филмҳои даҳшатоварро тамошо мекардам. Ин бароямон ҳам ҷолибу ҳам ваҳмовар буд.
Ман ҳанӯз 10-сола будам ки, ба роҳи хато рафтам. Ба сигоркашӣ даст задам ва зуд ба он одат кардам. Баъдтар ба нашъакашӣ гузаштам. Дар 11-солагиям арақнӯширо сар кардам. Мазаи арақ бароям нофорам бошад ҳам, ба хотири таъсиру кайфияташ менӯшидам. Ман инчунин ба мусиқӣ ва рақсу бозӣ ҳавас доштам. Барои ҳамин як поям дар шабнишиниву клубҳо буд. Шабона пинҳонӣ аз хона гурехта, танҳо қариби саҳар бармегаштам. Он рӯзҳо одатан аз мактаб мемондам, чунки шалпару беҳол мешудам. Рӯзҳои ба мактаб рафтанам ҳам, қариб ҳама вақт дар танаффусҳо арақ менӯшидам.
Ман мактабро бо баҳои пасти паст тамом кардам. Модарам, ки аз оворагардиҳои ман қариб ки чизе намедонист, ба қаҳр омад. Мо ҷанг кардем ва ман аз хона рафтам. Пас аз ин якчанд вақт бо дӯстдоштаам Тони зиндагӣ кардам. Ӯ бо ҷинояти сабук машғул буд, нашъафурӯшӣ мекард ва ҳама медонистанд, ки ӯ дар бераҳмиву зӯроварӣ беустухон аст. Оқибат ман ҳомила шудам ва дар 16-солагӣ писарчадор гаштам.
КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТАМРО ДИГАРГУН КАРД
Бори аввал ман Шоҳидони Яҳуваро дар парасторхонае, ки барои модарони ноболиғ буд, вохӯрдам. Ҳукумати маҳаллӣ барои ману писарчаам ҳуҷраеро ҷудо карда буд. Ду зане, ки Шоҳиди Яҳува буданд, доим назди баъзе модарони ҷавон меомаданд. Рӯзе ман ҳам ба суҳбати онҳо ҳамроҳ шудам ва хостам исбот кунам, ки фикрашон хатост. Лекин онҳо ба ҳар як саволам оромона аз Китоби Муқаддас ҷавоби аниқ медоданд. Меҳрубонии онҳо ба ман бетаъсир намонд ва ман ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шудам.
Дере нагузашта аз Китоби Муқаддас фикреро фаҳмидам, ки ҳаёти маро тағйир дод. Ман, ки аз хурдсолӣ аз мурдан метарсидам, аз таълимоти Исо фаҳмидам, ки зиндашавӣ дар пеш аст! (Юҳанно 5:28, 29) Боз фаҳмидам, ки Худо шахсан ба ман ғамхор аст (1 Петрус 5:7). Ба дилам махсусан суханони зерини Ирмиё 29:11 таъсир расонд: «Ман медонам, ки дар ҳаққи шумо чӣ нияте дорам,— мегӯяд Яҳува,— ният дорам ба шумо осоиштагӣ биёрам, на бадбахтӣ, ва ба шумо ояндаву умед бахшам». Ман умед пайдо кардам, ки дар биҳишти рӯйи замин абадан зиндагӣ мекунам (Забур 37:29).
Шоҳидони Яҳува ба ман меҳру муҳаббат нишон доданд. Вақте якум бор ба вохӯрии онҳо рафтам, муҳити гарму самимиро дидам, ҳама хушмуомила буданд, маро бо чеҳраи кушода пазироӣ мекарданд (Юҳанно 13:34, 35). Ин аз муносибати аҳли калисои маҳаллӣ аз замин то осмон фарқ мекард. Ҳарчанд зисту зиндагонии ман аз доираи одоб берун буд, Шоҳидон маро хуш қабул карданд. Онҳо барои ман вақт ҷудо мекарданд, ғамхору меҳрубон буданд ва кумакашонро дареғ намедоштанд. Ман худро дар оилаи калону пурмуҳаббат ҳис кардам.
Китоби Муқаддасро омӯхта ман дарк кардам, ки барои мувофиқи талабҳои Худо зиндагӣ кардан бояд ҳаётамро дигар кунам. Партофтани сигор осон набуд. Ғайр аз ин, ман пай бурдам, ки мусиқиҳое, ки гӯш мекунам, хумори нашъакаширо бедор месозанд, барои ҳамин дигар онҳоро гӯш намекардам. Барои аз васвасаи арақхӯрӣ гурехтан бошад, шабнишинию клубгардиро бас кардам. Ба ҷойи ин дӯстоне ёфтам, ки ба ман таъсири хуб мерасонданд ва маро дастгирӣ мекарданд, ки ба роҳи рост равам (Панднома 13:20).
Дар ин миён Тони низ бо Шоҳидони Яҳува омӯзишро сар кард. Вақте онҳо ба саволҳояш аз Китоби Муқаддас ҷавоб медоданд, ӯ низ дилпур мешуд, ки чизҳои фаҳмидааш ҳақиқат аст. Ӯ ҳаёташро пурра тағйир дод: бо рафиқонаш ҷӯрагиро бас кард, ҷинояткорӣ ва нашъаро партофт. Ману Тони мехостем розигии Яҳуваро ба даст орем ва писарамонро дар оилаи мустаҳкаму тифоқ калон кунем, барои ҳамин соли 1982 ақди никоҳамонро расмӣ гардондем.
«Ҳоло ман аз тарси ояндаи норавшану мурдан бедорхобӣ намекашам»
Дар ёд дорам, ки ба ман дигар шудан осон набуд. Аз ин рӯ аз маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» a саргузашти касонеро ёфта мехондам, ки душвориҳояшон ба душвориҳои ман монанд буду онҳо оқибат ҳаёташонро дигар карда тавонистанд. Намунаи онҳо маро рӯҳбаланд мекард ва қувват медод, ки ноумед нашуда муборизаро давом диҳам. Ман доим Яҳуваро зора мекардам, ки умедашро аз ман наканад. Ин кӯшишҳо барбод нарафтанд ва ману Тони моҳи июли соли 1982 таъмид гирифта Шоҳиди Яҳува шудем.
БАРАКАТҲОЕ, КИ СОҲИБ ШУДАМ
Дӯстӣ бо Яҳува Худо маро аз роҳи баду марговар наҷот дод. Ҳамчунин ману Тони дидем, ки чӣ тавр Яҳува моро дар лаҳзаҳои душвори ҳаётамон дастгирӣ кард. Дар тангиҳои зиндагӣ мо ба ӯ такя карданро ёд гирифтем ва медонем, ки ӯ ҳамеша ғамхору пуштибони оилаи мо буд (Забур 55:22).
Хеле шодам, ки ману Тони писар ва духтарамонро дар роҳи Яҳува тарбия карда тавонистем. Хушбахтона, наберагонам низ имрӯз дар оғӯши Яҳува калон шуда истодаанд.
Ҳоло ман аз тарси ояндаи норавшану мурдан бедорхобӣ намекашам. Тони ва ман хурсандем, ки ҳар ҳафта ба ҷамоатҳои гуногун сафар карда, ҳамимононамонро рӯҳбаланд мекунем. Ҳамроҳи онҳо мо ба дигарон кумак мекунем, ки ба Исои Масеҳ имон оранду мисли мо умеди ҷовидона зистанро пайдо кунанд.
a Аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр мегарданд.