Хислатҳои беҳамтои Худо
Чи қадаре ки хислатҳои хуби одамро пай барӣ, ҳамон қадар меҳрат ба ӯ зиёд мешавад ва дар натиҷа дӯстиатон мустаҳкам мегардад. Ба ин монанд дар бораи хислатҳои Яҳува дониш гирифта мо бо ӯ нағзтар шинос мешавем ва ҳамин тавр дӯстиамон мустаҳкам мегардад. Худо бисёр хислатҳои хуб дорад, вале чортояш, ки қудрат, хирад, адолат ва муҳаббат мебошанд, беҳамтоянд.
ҚУДРАТИ ХУДО
«Ё Яҳува, Парвардигоро! Ту осмону заминро бо қувваи бузург ва бозуи тавонои худ сохтаӣ. Ҳеҷ коре нест, ки барои ту душвор бошад» (ИРМИЁ 32:17).
Қудрати Худоро дар офариниш дидан мумкин аст. Мисол, вақте дар рӯзи офтобӣ берун мебароед, гармиро ҳис мекунед. Бояд гуфт, ки ин гармӣ дар асл нишонаи қудрати Яҳува мебошад. Масалан, бузургии офтобро мегирем. Ҳарорат дар маркази офтоб ба 15 000 000 дараҷа мерасад. Энергияе, ки офтоб ҳар як сония ҳосил мекунад, ба таркиши садҳо миллион бомбаи атомӣ баробар аст.
Бо вуҷуди ин офтоб дар муқоиса бо триллионҳо ситораҳои осмон хеле хурд мебошад. Ба ақидаи олимон яке аз ситораи калонтарин «UY Сипар» ном дорад. Ин ситора 1700 маротиба аз офтоб калонтар аст. Агар «UY Сипар»-ро дар ҷойи офтоб гузоред, андозааш замин ва ҳатто мадори сайёраи Юпитерро фаро мегирад. Ин маълумот суханони пайғамбар Ирмиёро тасдиқ мекунад. Ӯ гуфта буд, ки Яҳува Худо замину осмон, яъне коинотро бо қудрати бузургаш офаридааст.
Қудрати Худо ба мо манфиат меорад. Ҳаёти мо ба офаридаҳои Худо вобаста аст, аз ҷумла ба офтоб ва дигар захираҳои табиии замин. Илова бар ин, Худо қувваташро истифода бурда, бевосита ба одамон кумак мекунад. Мисол, дар асри як Худо ба Исо қувват дод, ки мӯъҷиза ба амал орад. Дар Каломи Худо дар ин бора гуфта мешавад: «Кӯрон мебинанд, лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванд, карон мешунаванд, мурдагон зинда мешаванд» (Матто 11:5). Дар бораи рӯзҳои мо чӣ гуфтан мумкин? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Ӯ ба хаста қувват медиҳад». Инчунин дар он зикр шудааст: «Онҳое, ки ба Яҳува умед мебанданд, қуввати нав меёбанд» (Ишаъё 40:29, 31). Худо имрӯз ба мо «қувваи барзиёде» медиҳад, то дар озмоишҳо истодагарӣ карда тавонем (2 Қӯринтиён 4:7). Магар шумо бо Худое, ки қувваи бузургашро бар манфиати мо истифода мебарад, дӯстӣ кардан намехоҳед?
ХИРАДИ ХУДО
«Чӣ бисёр аст корҳоят, эй Яҳува! Ҳамаи онҳоро аз рӯйи хирад ба амал овардаӣ» (ЗАБУР 104:24).
Чи қадаре ки дар бораи офаридаҳои Худо бештар дониш гирем, ҳамон қадар аз хиради ӯ ба ваҷд меоем. Дар дунёи илм соҳае бо номи биомиметика вуҷуд дорад. Олимони ин соҳа офаридаҳои Яҳуваро мушоҳида мекунанд ва ба олами табиат тақлид карда, ихтирооти худро беҳтар мегардонанд. Қобили зикр аст, ки аз чизҳои одитарин, масалан, аз маводи часпак сар карда, то сохти ҳавопаймо аз табиат гирифта шудааст.
Беҳтарин намунае, ки аз хиради Худо дарак медиҳад ин бадани инсон аст. Масалан, инкишоф ёфтани тифли батнро мегирем. Ин раванд аз як ҳуҷайраи бордоршуда оғоз меёбад, ки дар таркибаш маълумоти пурраи генетикӣ мавҷуд аст. Ин ҳуҷайра ба бисёр ҳуҷайраҳое тақсим мешавад, ки ба ҳам монанд мебошанд. Вале дар як лаҳзаи муайян ин ҳуҷайраҳо шакли дигар гирифта, ба садҳо намуди ҳуҷайра табдил меёбанд, аз ҷумла ҳуҷайраҳои хун, асаб ва устухон. Бо гузашти вақт узвҳои бадан инкишоф ёфта ба кор медароянд. Ҳамин тавр танҳо баъд аз нӯҳ моҳ тифлаке тавлид мешавад, ки он аз миллиардҳо ҳуҷайра иборат аст. Хирадеро, ки дар ин муъҷизаи офариниш дида мешавад, мушоҳида карда бисёриҳо бо забурнавис розӣ мешаванд, ки гуфтааст: «Туро ситоиш мекунам, зеро ба таври аҷоибу ҳайратангез офарида шудаам» (Забур 139:14).
Чӣ тавр мо аз хиради Худо манфиат гирифта метавонем? Офаридгор медонад, ки барои хушбахт будан ба мо чӣ лозим аст. Худо соҳиби донишу фаҳмиши беохир мебошад. Бинобар ин ӯ ба воситаи Каломаш ба мо маслиҳатҳои хирадмандона медиҳад. Масалан, дар Китоби Муқаддас чунин маслиҳат дода шудааст: «Якдигарро аз таҳти дил бахшед» (Қӯлассиён 3:13). Мутахассисони соҳаи тиб муайян кардаанд, ки одами бахшанда нағз хоб меравад ва аз баланд шудани фишори хун азоб намекашад. Одамони бахшанда инчунин ба депрессия гирифтор намешаванд ва аз бисёр бемориҳо эминанд. Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки Худо чун дӯсти ғамхор ҳама вақт ба мо маслиҳати муфид медиҳад (2 Тимотиюс 3:16, 17). Оё шумо мехостед чунин дӯст дошта бошед?
АДОЛАТИ ХУДО
«Яҳува инсофро дӯст медорад» (ЗАБУР 37:28).
Худо ҳама вақт дуруст амал мекунад. Бояд гуфт, ки «ҳеҷ гоҳ аз Худо бадӣ сар намезанад ва ҳаргиз аз Худои Тавоно ноинсофӣ барнамеояд!» (Айюб 34:10). Довариҳои ӯ ҳаққанд. Забурнавис дар ин бора қайд кардааст: «Ту халқҳоро аз рӯйи адл доварӣ хоҳӣ намуд» (Забур 67:4). «Яҳува... дилро мебинад», барои ҳамин ӯ дурӯягии одамонро пай мебарад, ҳақиқат аз чашмаш пӯшида намемонад ва довариҳояш ҳамеша аз рӯйи адлу инсофанд (1 Подшоҳон 16:7). Илова бар ин, Худо ҳар як ноинсофию порахӯриро мебинад ва ваъда медиҳад, ки ба наздикӣ «бадкорон аз замин несту нобуд мегарданд» (Панднома 2:22).
Гуфтан ҷоиз аст, ки Худо довари бераҳм нест ва орзуи ҷазо додани одамонро надорад. Дар мавридҳои мувофиқ ӯ раҳму шафқат зоҳир мекунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Яҳува ҳатто нисбати бадкороне, ки самимона аз гуноҳашон тавба мекунанд, «меҳрубону дилсӯз аст». Магар ин намунаи адолати ҳақиқӣ нест? (Забур 103:8; 2 Петрус 3:9).
Адолати Худо ба мо чӣ манфиат меорад? Петруси расул гуфтааст: «Худо ҳамаро бо як чашм мебинад, ва ҳар кӣ аз ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба ӯ маъқул аст» (Корнома 10:34, 35). Адолати Худо бар манфиати мо аст, зеро ӯ рӯйбинӣ надорад ва касеро аз дигаре боло намегузорад. Мо новобаста ба нажод, миллат, маълумот ё мақому мартабаамон розигии Худоро ба даст оварда, хизматгори ӯ шуда метавонем.
Худо мехоҳад мо адолати ӯро дарк карда манфиат гирем, бинобар ин ӯ ба ҳар яки мо виҷдон додааст. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки виҷдон мисли шариатест, ки дар дилҳои мо навишта шудааст ва моро аз неку бад огоҳ мекунад (Румиён 2:15). Виҷдонамон ба мо чӣ манфиат оварда метавонад? Агар виҷдони худро дуруст таълим диҳем, он моро аз корҳои зараровар ва беинсофӣ эмин медорад. Инчунин, вақте хато мекунем, виҷдон водор мекунад, ки аз гуноҳамон тавба намуда ислоҳ шавем. Ҳақиқатан ҳам, дар бораи адолати Худо фаҳмида меҳрамон ба ӯ зиёдтар мешавад!
МУҲАББАТИ ХУДО
«Худо муҳаббат аст» (1 ЮҲАННО 4:8).
Ҳарчанд Худо қудрат, хирад ва адолат дорад, вале дар Китоби Муқаддас гуфта намешавад, ки Худо қудрат, хирад ё адолат аст. Худо воқеан ҳам ба кардани ҳамаи корҳо қодир аст. Дар ҳар амали ӯ хирад ва адлу инсоф дида мешавад. Вале дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Худо муҳаббат аст ва маҳз муҳаббаташ ӯро водор месозад, ки амал кунад. Ҳамаи корҳои ӯ саршори муҳаббатанд.
Ҳарчанд Худо ба чизе муҳтоҷ набуд, вале аз муҳаббат ӯ фариштагон ва одамонро офарад, то онҳо аз муҳаббату ғамхории ӯ баҳра бурда тавонанд. Ӯ аз муҳаббат барои одамон ҳамаи шароитро дар рӯйи замин муҳайё кард. Худо то ҳол одамонро дӯст медорад, бинобар ин «офтобро ҳам ба бадону ҳам ба некон метобонад ва боронро ҳам ба росткорону ҳам ба бадкорон меборонад» (Матто 5:45).
Илова бар ин, «Яҳува хеле дилсӯзу меҳрубон аст» (Яъқуб 5:11). Ӯ ба шахсони самимӣ, ки мехоҳанд дар борааш дониш гирифта ба ӯ наздик шаванд, меҳрубон аст. Худо ба чунин одамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар Каломаш гуфта мешавад, ки «ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:7).
Муҳаббати Худо ба мо чӣ манфиат меорад? Мо зебогии ғуруби офтоб, хандаи беғаши кӯдакон ва муҳаббати наздиконамонро хеле қадр мекунем. Ҳарчанд ин чизҳо аз ҳама муҳим нестанд, вале ҳаёти моро рангоранг мегардонанд.
Имконияти дуо гуфтан низ нишонаи муҳаббати Худо аст, ки мо аз он манфиат мегирем. Китоби Муқаддас таълим медиҳад: «Ғами чизеро нахӯред, балки ҳама вақт бо дуову илтиҷо ва шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо баён кунед». Чун Падари меҳрубон ӯ мехоҳад, ки мо сирри диламонро кушода аз ӯ мадад пурсем. Ӯ бошад, ваъда медиҳад, ки ба мо «осоиштагии» худро ато мекунад (Филиппиён 4:6, 7).
Ҳоло ки шумо дар бораи хислатҳои Худо — қудрат, хирад, адолат ва муҳаббат фаҳмидед, умедворем, ки дар бораи ӯ тасаввуротатон бойтар гашт. Шумо инчунин фаҳмида метавонед, ки ӯ бароятон кадом корҳоро анҷом додааст ва дар оянда нисбати шумо чӣ ниятҳо дорад.
ХИСЛАТҲОИ БЕҲАМТОИ ХУДО. Ҳеҷ кас мисли Яҳува қудрат, хирад ва адлу инсоф надорад. Лекин моро бештар муҳаббати ӯ ҷалб мекунад.