ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!
Ба кӣ бовар кунем? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Дили мардум аз онҳое, ки пеш боварашон мекарданд, хунук шуда истодааст. Одамон аз ин гуна шахсон дилмонда шудаанд:
Аз сиёсатмадороне, ки пеш аз ҳама дар бораи худ фикр мекунанд.
Аз воситаҳои ахбори омма, ки хабарҳоро ростқавлона ва дуруст намерасонанд.
Аз олимоне, ки бар фоидаи халқ кор намекунанд.
Аз диндороне, ки Худоро як тараф монда, пурра ба сиёсат ғӯтидаанд.
Вақте шумо эҳтиёткореду зуд ба ягон кас бовар намекунед, кори дуруст мекунед. Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад:
«Ба мирон такя накунед, ба фарзанди одам таваккал накунед, зеро аз ӯ умеди наҷот нест» (Забур 146:3).
Шахсе, ки сазовори боварист
Китоби Муқаддас дар бораи шахсе гап мезанад, ки сазовори боварии мост. Ин шахс Исои Масеҳ аст. Ӯ танҳо пайғамбар ё як одами хуб набуд, ки асрҳо пеш зиндагӣ кардааст. Худо Ҳазрати Исоро Подшоҳ таъйин карда, ваъда додааст, ки «Подшоҳияш ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад» (Луқо 1:32, 33). Исо Шоҳи Подшоҳии Худост ва ҳоло дар осмон ҳукмронӣ мекунад (Матто 6:10).
Мақолаҳои зеринро хонда, фаҳмед, ки чаро ба Исои Масеҳ бовар кардан мумкин аст: «Шоҳи Подшоҳии Худо кӣ аст?», «Подшоҳии Худо барои одамизод чӣ кор хоҳад кард?».