Оё Шоҳидони Яҳува барои наҷот ёфтан хона ба хона мегарданд?
Не. Ҳарчанд мо доимо хона ба хона мавъиза кунем ҳам, лекин фикр намекунем, ки бо ин роҳ наҷот меёбем (Эфсӯсиён 2:8). Чаро?
Як мисол меорем. Тасаввур кунед: як шахси саховатманд ваъда медиҳад, ки ба шахсе ки дар вақти муайян ба ҷои таъиншуда меояд, тӯҳфаи қиматбаҳо дода мешавад. Агар ба ваъдаи ин шахс бовар мекардед, оё ба он ҷо мерафтед? Албатта! Эҳтимол шумо дар ин бора ба хешутабор ва ёру дӯстонатон хабар медодед, то ки онҳо низ аз саховатмандии ин шахс баҳра бурда тавонанд. Ҳатто агар шумо мувофиқи гуфтаи шахси тӯҳфадиҳанда амал кунед ҳам, сазовори он тӯҳфа шуда наметавонед. Зеро тӯҳфа музди меҳнат нест, он ҳадя аст.
Ба ин монанд, Шоҳидони Яҳува ба ваъдаи Худо, ки ба шахсони итоаткор ҳаёти ҷовидона тӯҳфа карданӣ аст, боварӣ доранд (Румиён 6:23). Мо кӯшиш мекунем, ки дар бораи умеди худ ба дигарон гап занем, то ки онҳо низ иҷрошавии ваъдаҳои Худоро бубинанд. Лекин мо фикр намекунем, ки агар дар бораи Худо гап занем ҳаёти ҷовидониро сазовор шуда метавонем (Румиён 1:17; 3:28). Дар асл ягон кас бо ягон кораш ба ин тӯҳфаи беҳамтои Худо сазовор шуда наметавонад. «Ӯ [Худо] моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод» (Титус 3:5).