Кӯмак ба мардуми таҳҷоии Канада
Мардуми таҳҷоии Канада ба беш аз 60 забон гап мезананд ва баъзе аз 213 ҳазор мардуми таҳҷоӣ яке аз ин забонҳоро забони модарии худ меҳисобанд.
Барои он ки Каломи Худо ба дили мардуми таҳҷоии Канада таъсир расонад, Шоҳидони Яҳува ба омӯхтани яке аз забони модарии онҳо сар карданд. Зиёда аз 250 нафар то охири соли 2015 курсҳои махсуси забони мардуми таҳҷоиро, ки Шоҳидони Яҳува ташкил намуданд, тамом карданд.
Ба ғайр аз ин Шоҳидони Яҳува ба 8 забони мардуми таҳҷоии Канада, яъне базабони алгонкинӣ, блэкфут, кри (ҳамворӣ), кри (ботлоқи ғарбӣ), инуктитут, могавк, оттава ва одҷибваи шимолӣ адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта, ҳамчунин видеороликҳои кӯтоҳро тарҷума карданд. *
Бисёре аз онҳое ки забонҳои мардуми таҳҷоиро меомӯзанд, иқрор мешаванд, ки ин кори осон нест. Карма мегӯяд: «Вақте ман бо гурӯҳи тарҷумонии забони блэкфут ҳамкориро сар кардам ба назарам чунин тофт, ки гӯё ман бо чашмони пӯшида кор карда истодаам. Ман ин забонро намедонистам, ягон калимаро намефаҳмидам, хондан ҳам наметавонистам».
Теренс, ки бо гурӯҳи тарҷумонии забони кри (ботлоқи ғарбӣ) ҳамкорӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Бисёр калимаҳо дароз буда, талаффуз кардани онҳо душвор аст». Дониёл, ки дар ҷазираи Манитулин чун ходими пурравақт хизмат мекунад (вилояти Онтарио), мегӯяд: «Луғат ва китобҳои омӯзишӣ ба забони оттава каманд. Барои ҳамин шумо метавонед ягон бобо ё бибиро ёфта хоҳиш кунед, ки забони оттаваро ба шумо ёд диҳад. Ин тарзи беҳтарин аст».
Оё ҳамаи ин меҳнатҳо арзандаанд? Зане ки забони модариаш одҷибва аст, қайд мекунад, ки Шоҳидони Яҳува бо чунин заҳматашон аз динҳои дигар фарқ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, вақте Шоҳидони Яҳува ба хонаи одамон омада ба забони одҷибва Навиштаҳоро мехонанд, мардум бо онҳо озодона дар асоси Китоби Муқаддас сӯҳбат мекунанд.
Тарҷумоне бо номи Бёрт, дар шаҳрчаи Блад, ки дар Алберт ҷойгир аст, калон шудааст. Ӯ мегӯяд: «Ман бо чашмони худам дидам, ки чӣ хел мардуме ки забони модариашон блэкфут аст, адабиёти моро ба оғӯш гирифта мегуфтанд: “Ин ба забони модарии ман аст! Ин барои ман аст!” Ман бисёр вақт медидам, ки вақте онҳо ба забони модариашон видеонаворҳоро тамошо мекарданд, чашмонашон пури ашк мешуд».
Ба зане ки бо забони кри гап мезанад, видеонавори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?» хеле маъқул шуд. Ин зан гуфт, ки гӯё модараш бо вай гап зада истодааст.
Заҳмат бенатиҷа намонд
Барои хушхабари тасаллибахши Китоби Муқаддасро ба мардуми таҳҷоӣ расонидан бисёре аз Шоҳидони Яҳува хеле заҳмат кашиданд. Теренс ва занаш Орлин яке аз сафарҳои худро ба хотир оварда мегӯянд: «Барои хушхабарро ба сокинони Литт-Гранд-Рапидс расонидан, мо ба роҳи 12-соата бо як қатор мошинҳо ба сафар баромадем. Натиҷа олиҷаноб буд!»
Баъзе Шоҳидони Яҳува хонаҳои бароҳати худро монда ба маҳаллҳои мардуми таҳҷоӣ наздиктар кӯчиданд. Дониёл ҳамроҳи занаш баъд аз се моҳи хизмати хурсандибахш дар ҷазираи Манитулин ба хулосае омаданд, ки ба ин ҷо кӯчида меоянд. Дониёл мефаҳмонад: «Барои боварии мардуми маҳаллиро ба даст овардану шавқи онҳоро бедор кардан мо вақти бисёр сарф мекунем ва ин вақтро қадр мекунем».
«Чунки ман онҳоро аз таҳти дил дӯст медорам»
Чаро Шоҳидони Яҳува барои расондани хушхабар ба мардуми таҳҷоии Канада ин қадар заҳмат мекашанд? Роза, ҳамсари Бёрт чунин мефаҳмонад: «Ман худам сокини таҳҷоӣ мебошам ва дар зиндагиам принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда фоидаашро дидам. Аз ин рӯ мехоҳам ба дигарон низ кӯмак расонам».
Орлин чунин мегӯяд: «Ман мехоҳам, ки роҳнамои мардуми кри низ Офаридгор бошад. Бароям шарафи бузург аст, то ба ин одамон кӯмак расонам, ки ба Яҳува наздик шаванд ва душвориҳояшонро паси сар кунанд».
Марк дар гурӯҳи тарҷумонии забони блэкфут хизмат мекунад. Барои чӣ вай мехоҳад, ки ба мардуми таҳҷоии маҳаллаш кӯмак кунад? Ӯ ҷавоб медиҳад: «Чунки ман онҳоро аз таҳти дил дӯст медорам».
^ сарх. 4 Ба баъзе аз ин забонҳо мардуми таҳҷоии Иёлоти Муттаҳида низ гап мезананд.